Комрон Шехов - қурбонии 4-уми таркиш дар Зайнабобод (ВИДЕО)

Tajikistan,Rudaki district, explosion in gas and petrol station,8November2014

Шоми 9 ноябр Комрон Шехов дар бемористони Қарияи Боло вафот кард. Ин ҷавони 23-сола қурбонии инак чоруми таркиши рӯзи 8 ноябр дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакист.

Тибқи иттилои масъулони шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, яке дигар аз зарардидагони таркиши рӯзи 8 ноябр дар бемористон даргузаштааст.

Сайёҳат Додоҷонова, раиси шаҳраки Мирзо турсунзодаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 10 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “соатҳои 17 –и шоми 9 ноябр Комрон Шехов, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Машъал 80 дар беморхонаи Қарияи Боло вафот кард.”

Ба гуфтаи хонум Додоҷонова, ба ин тартиб аз рӯзи таркиш то кунун теъдоди қурбониёни таркиш дар нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ин минтақаи ноҳияи Рӯдакӣ ба 4 нафар расид.

Хонум Додоҷонова мегӯяд, ҳоло дар беморхонаҳои Қарияи Боло ва ноҳияи Рудакӣ чор нафар - Шарипов Абдулло, Пирумшоев Диловар, Мирзоҷафоев Заруршо ва Шарофат Зоҳирова таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.

Таркиш дар дӯкони фурӯши маводи сӯхт дар ҳудуди ҷамоати Зайнабобод соатҳои тақрибан 11-и рӯзи шанбе, 8 ноябр рух дод. Вазорати умури дохила гуфт, таркиш ба сабаби беэҳтиётӣ рух додааст.

Шоҳидон дар ҷои ҳодиса рӯзи шанбе ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки таркиш ба эҳтимоли ғолиб аз гази моеъ сар задааст. Бино ба мушоҳидаҳо, бар асари инфиҷор, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар ҷамоати Зайнабободи Рӯдакӣ комилан валангор шуда, 4 мошин, ки он соат барои гирифтани сӯзишворӣ дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд, комилан корношоям шудаанд. Ҳатто аз ду мошини тамғаи Лексус ва Жигули 011 танҳо оҳанпорае боқӣ монда буду халос.

Видеои хабарнигори Озодӣ аз ҷои ҳодисаро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар канори Душанбе

Дар рӯзи таркиш, ба гуфтаи мақомот, 3 нафар ҳалок ва 10 тани дигар захмӣ шуда буд.

Заҳматшоҳ Саидови 48-сола, соҳибкор буда, дар кӯчаи Тургеневи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт зиндагӣ мекард ва он рӯз бо мошини тамғаи “Лексус”-аш барои хариди маводи сӯхт ба ин дӯкон омада буд. Бар асари таркиш мошини ӯ пора-пора шудааст.

Ҳамин тавр, Гулнамо Давлатҷони 21-сола, ки дар ошхонае ба ҳайси пешхизмат кор мекард, дар роҳ ба ҷойи кораш ҳангоми гузаштан аз назди нуқтаи сӯзишворӣ ва Ҳасан Хидиров, ки корманди ин ин нуқтаи бензинфурӯшӣ буд, ҳангоми иҷрои кор фавтидаанд.