Бозори роҳи оҳани Тоҷикистон "сард" шудааст

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ахиран аз кам шудани мусофирон дар хатсайри Душанбе – Маскав изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки ин масъала бо ниҳодҳои марбутаи кишварҳои ҳамсоя бояд ҳал карда шавад.
Дафтари матбуоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазири нақлиёт Хайрулло Асозода рӯзи 16-уми апрел дар бораи кам шудани шумори мусофирон дар хатти Душанбе -Маскав дар ҷаласае дар ин ширкат изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон яке аз сабабҳои коҳиши шумори мусофиронро аз гаронии чиптаҳои қатора арзёбӣ кардаанд. Вазири нақлиёт пешниҳод кардааст, ки барои коҳиш додани нархи чиптаи қатораҳо бо Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русия музокирот доир кунанд.

Аз суханони масъулон ва ҳам аз коҳиши таваҷҷӯҳи мусофирон ба сафар бо роҳи оҳан дар чанд вақти охир ба назар мерасад, ки бозори роҳи оҳани Тоҷикистон каме сард шудаасст.

Дар ҳамин ҳол ин шабу рӯзҳо дар вокзали роҳи оҳани Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки баъзе вагонҳои қаторҳо аз самти Маскав ба Душанбе қариб, ки холӣ меоянд. Роҳбаладони қатораҳо сабаби кам будани мусофирони қатораро дар «мавсими рафтани муҳоҷирон» медонанд. Ҳоло ки авҷи сафари шаҳрвандон ба муҳоҷирарт аст, бо вуҷуди гарон будани чиптаи ҳавопаймо фурудгоҳ шабу рӯз пур аз муҳоҷирон аст. Аммо дар толорҳои роҳи оҳан он таҷаммӯъи қаблии одамон барои ба Маскав рафтан дигар мушоҳида намешавад.

Аз сӯҳбат бо чанде аз мусофирон бар меояд, ки бо вуҷуди тақрибан ду баробар кам будани нархи чиптаи қатора аз ҳавопаймо аксар муҳоҷирон кӯшиш мекунанд, каме маблағи бештар сарф карда худро аз "ранҷҳои роҳ" халос кунанд.

Қаторҳои Тоҷикистон, ки аз кишварҳои Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон убур карда, ба хоки Русия ворид мешаванд, дар тӯли 4 рӯз дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, хусусан дар кишвари Узбакистон кофтукоби мусофирон зиёд мешавад. Ва мусофирон ҳам мегӯянд, яке аз сабабҳои кам шудани таваҷҷуҳи мардум ба қатора дар ҳамин аст. Ба назар мерасад, ки бозори Роҳи оҳани Тоҷикистон каме сард шудааст.

Роҳи оҳани Тоҷикистон то Маскав беш аз 4 ҳазор километр тӯл дорад, ки аз ин танҳо ҳудуди 79 километри он, яъне аз Душанбе то мавзеъи Сариосиёи марзи Узбакистон дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад.

Идораи роҳи оҳан мегӯяд, ки «Тоҷикистон метавонад барои роҳе, ки дар ихтиёр дорад, қимати билетҳоро кам кунад, вале кишварҳои ҳамсоя чунин иқдом намекунанд ва аз ин рӯ танҳо дар музокира бо ин кишварҳо метавон роҳҳои кам кардани нархи билетҳоро пайдо кард.»

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи феврали соли равон ширкати роҳи оҳан 20 дарсад нархи чиптаҳоро гарон карда буд. Масъулони ширкат мегӯянд, тибқи нархномаи ҷадид, қимати чиптаи сафар дар масири Душанбе – Маскав дар вагони платскарт 1358 сомонӣ, муодили тақрибан 270 доллар муқаррар шудааст. Қаблан чунин чипта 1130 сомонӣ қимат дошт.

Нархи чипта дар вагони купедор низ 200 сомонӣ боло рафта, ба 1700 сомонӣ, муодили 340 доллар расидааст. Қаблан чунин чипта 1500 сомонӣ нарх доштааст.