Норозигии мухлисон аз шикасти Тоҷикистон дар "Ҷоми шоҳ"

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии "Ҷоми шоҳи Тайланд 2024" барои ҷойи сеюм аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд ва бе ҷоиза монд. Ин шикаст норзигии мухлисони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Филиппин 14-уми октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгхлаи Тайланд доир гардид. Ҳарсе гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Голҳоро Геррит Ҳолтманн (дақиқаи 47-ум), Ҷефферсон Табинас (58) ва Зико Бейли (62) ба самар расонданд.

Ёдовар мешавем, бозии даври ниманиҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия 11-уми октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгхлаи Тайланд бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Тӯбро Муҳаммад Усмон дар дақиқаи 35-ум зад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи мизбон – Тайланд - тими миллии Филиппинро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда буд.

Ба ин тартиб, дар финал мунтахаби Сурия бо дастаи мизбон - Тайланд - рақобат мекунад. Бозии ҳалкунандаи мусобиқаи "Ҷоми шоҳи Тайланд 2024" 14-уми октябр соати 18:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Футболбозони тоҷик дар ҳоле "Ҷоми шоҳи Тайланд 2024"-ро бидуни медал тарк мекунанд, ки ду сол пеш барандаи ин сабқат шуда буданд. Дар 50-умин мусобиқаи байнулмилалии "Ҷоми шоҳи Тайланд" ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар шомил буд, ки 13 нафарашон легионеранд ва дар бошгоҳҳои футболи Русия, Эрон, Узбекистон, Гурҷистон, Индонезия, Булғористон ва Қазоқистон бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии "Ҷоми шоҳи Тайланд 2024":

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Раҳматшо Раҳматзода («Персиҷап Ҷепара», Индонезия), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Баракатулло Неъматуллозода («Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Хусрав Тоиров, Фатҳулло Олимзода (ҳарду аз «Атирау», Қазоқистон), Муродалӣ Ҳақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Алишер Шукуров, Салоҳиддин Эргашев (ҳарду аз «Вахш»), Ислом Зоиров («Ҳосилот»), Абубакр Сулаймонов, Азизбек Далиев (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).

Мусобиқаи байнулмилалии «King’s Cup 2024»:

Нимфинал

11-уми октябр (ҷумъа)

Сурия – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Муҳаммад Усмон, 35

Тайланд – Филиппин – 3:1

14-уми октябр (душанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Тоҷикистон – Филиппин – 0:3

Голҳо: Геррит Ҳолтманн, 47 (0:1), Ҷефферсон Табинас, 58 (0:2), Зико Бейли, 62 (0:3

Финал

18:00 (бо вақти Душанбе). Сурия – Тайланд

14-уми октябр, Сонгхла (Тайланд). Варзишгоҳи Тинсуланонда