“Даҳони баста – сад тилло” ё мардум аз эътироз безоранд?

Тайи ду даҳсолаи ахир ягон ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон ба дарёфти иҷозаи расмӣ барои тазоҳуроту ҳамоиш муваффақ нашудааст.
“Шукри тинҷиву оромӣ, муҳим, ки ҷанг нашавад!” – коршиносон бо ишора ба ин ақидаи миёни мардум маъмул аз эътирозу гирдиҳамоиҳо даст бардоштани мардумро бо тарси онҳо аз такрори ҳаводиси хунини ҷанги шаҳрвандӣ марбут мекунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси маркази таҳлилии “Перспектива плюс” мегӯяд, расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла, шабакаҳои телевизионӣ пайваста таъкид мекунанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон – паёмади гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум аст ва ба навъе ҳушдор медиҳанд, ки эътирозҳои нави хиёбонӣ боиси такрори хунрезиҳо дар кишвар хоҳанд шуд. Ӯ меафзояд, ин гуна ташреҳи эътирозҳои дастаҷамъӣ “дили мардумро барои ширкат дар гирдиҳамоиҳо сард кардааст”, ҳарчанд дар ҳамоишу гирдиҳамоиҳо дифоъ кардани шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ - аз нуктаҳои аслии Қонуни асосии Тоҷикистон аст,

Сиёсатшинос Амният Абдуназаров ҳам мутмаин аст, “ҳукумат талош дорад то тарсу ҳарос аз паёмадҳои ногувори эътирозҳои дастаҷамъӣ аз дили мардум берун нашавад. Ба гуфтаи ӯ, тарс дар дили мардум он қадар амиқ реша давондааст, ки ягон корманди муассисаи ҳукуматӣ ҳадди ба нишони эътироз ё барои дифоъ аз худ садо баланд карданро надорад. Амният Абдуназаров меафзояд, “ҳатто агар муаллим алайҳи ҳукумат ё ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳояш ҳарфе бигӯяд, аз кор озод карда хоҳад шуд, ҳарчанд кишвар ба муаллимон сахт ниёз дорад.”

Ин гуна вазъ, ба гуфтаи Амният Абдуназаров, боиси он шудааст, ки ҳазорон нафар аз кишвари худ дилсард шуда, шаҳрвандии Русияву Қазоқистону Қирғизистон ва дигар кишварҳоро пазируфтанд, теъдоди бузурги дигар мардикориро ихтиёр намудаанд.

Саймиддин Дӯстов

Вале Саймуддин Дӯстов, маркази таҳлили “Индем”, бо ақидае, ки мардум аз тарс ё ба далелҳои дигар аз ҳаққи худ дифоъ намекунанд, розӣ нест. Ӯ ба ду тазоҳуроти густурда дар соли гузашта ишора мекунад, ки яке дар Хоруғ ва дигарӣ баъд аз сӯхтор дар бозори “Корвон” сурат гирифтанд. Таҳлилгар меафзояд, ин ду тазоҳурот бо ширкати ҳазори ҳазорон нафар баёнгари он аст, ки “вақте мардум мехоҳанд аз манфиатҳои худ ҳифз кунанд, вақте мардум ба шӯр меоянд, ҳеҷ чиз садди роҳи онҳо шуда наметавонад”.

Бархе аз коршиносон, худдории мардум ва аҳзоб аз баргузории эътирозҳои дастаҷамъиро бо он омил ҳам марбут мекунанд, ки тобистони соли 2011 парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳоеро ба Кодекси ҷиноӣ пазируфт, ки барои созмондиҳандагон ва фаъолони намоишҳои эътирозии бидуни иҷоза аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Зимнан, ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, ягон ҳизби сиёсии Тоҷикистон алайҳи ин тағйиру иловаҳо ба қонун эътироз накардааст. Ойниҳол Бобоназарова низ мегӯяд, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ хело заъифанд ва тавони аз роҳи эътирозҳои дастаҷамъона дифоъ кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандонро надоранд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, сабаби баргузор нашудани эътирозҳои дастаҷамъӣ ин аст, ки айни ҳол дар кишвар ниёзе ба онҳо намондааст. Ба гуфтаи ӯ, мардум аз ҳукумат розиянд, зеро “солҳои ахир дар Тоҷикистон иқтисод рушд кардааст, саноату кишоварзӣ рушд мекунанд ва нақбҳову роҳҳо бунёд мешаванд.”

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аз ҳаққи худ барои ширкат дар ҳамоишу гирдиҳамоиҳо фақат сокинони ду кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мебаранд, мақомоти се кишвари боқимонда – Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон аз ин эътирозҳо ҷилавгирӣ мекунанд.

Мусоҳиби мо меафзояд, дар Тоҷикистон эътирозҳо бештар маҳдуди масоили иҷтимоие, чун баҳси замин ё манзиланд ва маъмулан бо боздошти кӯтоҳу ҷарима ё сӯҳбатҳои “фаҳмондадиҳӣ” бо чунин норозиён хатм мешавад. Хонум Бобоназарова ба он нукта ҳам ишора мекунад, ки дар бораи дигар навъи эътироз – гуруснанишинӣ фақат гоҳ-гоҳ аз маҳбасҳои Тоҷикистон хабар мерасад. Зимнан, Ойниҳол Бобоназарова нахустин сиёсатмадори тоҷик аст, ки соли 1989 алайҳи аъмоли КГБ-и шӯравӣ дар канори бинои ин идора гуруснанишинӣ карда буд. Баъдан чанд тан аз раҳбарон ва фаъолони ҳизби демократи Тоҷикистон, аз ҷумла, Шодмон Юсуф ва Бозор Собир ҳам ба нишони эътироз алайҳи ҳизби коммунист даст ба гуруснанишинӣ зада буданд.

Сайфуллоҳ Сафаров

Дар ҳамин ҳол Cайфулло Сафаров аз сӯи гурӯҳҳои мухолифи давлат талоши баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ ва ба ин васила ноором кардани авзоъро баъйид намедонад. Ба гуфтаи ӯ, ба Тоҷикистон аз дохил ва хориҷӣ хатарҳое чун ифротгароии мазҳабиву ифротгароии сиёсӣ таҳдид мекунанд. Гурӯҳҳои парешони мухолифини ҳукумат дар Амрико, Узбакистон, Эрон, Маскав ва Дубай ҳастанд, ки бештар дар шабакаҳои иҷтимоии интернет фаъоланд, ва аммо онҳо, аз нигоҳи сиёсатшиноси тоҷик, кафки рӯи қаҳваанд, ки мехоҳанд дар пиёла тӯфон ташкил кунанд.

Саймуддин Дӯстов ҳам мегӯяд, дар соли баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ “бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ “бо назардошти вазъи минтақа, заифии Тоҷикистон дар масоили амниятӣ ва низомӣ метавонанд бо ҷалби сесад-чаҳорсад зархарид ва бо ташкили эътирозҳову ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, вазъро ноором кунанд”.

Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди низомӣ аз сӯи Узбакистон дар соли 2014-2015 низ истисно буда наметавонад. Хатари дигар, мегӯяд сиёсатшинос, нерӯҳои Маҳмуд Худойбердиев боқӣ мемонад. “Нооромӣ дар Хоруғ ва ҳал нашудани масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Бадахшон низ метавонад боиси эътирозҳо ва дубора ноором шудани вазъ дар ин минтақа гардад”, мегӯяд Саймуддин Дӯстов.

Тартиби баргузории ҳамоишу гирдиҳамоиҳоро дар Тоҷикистон қонуни вижа танзим мекунад, ки дарёфти иҷозаи пешакии мақомоти маҳаллӣ ва муқаррар кардани теъдоди ширкаткунандагонро ҳатмӣ кардааст. Вале дарёфти ин иҷоза, ба гуфтаи

Амният Абдуназаров

Амният Абдуназаров, ғайримумкин аст, зеро мақомоти маҳаллӣ бо сад баҳона аз додани иҷоза сарпечӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон солҳои пеш чанд бор барои баргузории гирдиҳамоӣ ариза дод ва аммо посухи рад гирифт.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, дар тақрибан 20 соли ахир ягон ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон иҷозаи расмии мақомот барои тазоҳуроту ҳамоишро ба даст наовардааст. Ҳашт сол пеш Раҷаби Мирзо ва ду узви дигари ҳизби демократ барои ширкат дар як пикети эътирозӣ дар рӯбарӯи Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шуданд.

Аввалин гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон дар авохири солҳои 80-ум барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ доир шуда буданд. Сипас дар ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 ва баъдан дар баҳору тирамоҳи соли 1991, гирдиҳамоиҳои густурда пойтахти Тоҷикистон ва бақияи манотиқи кишварро фаро гирифт. Шаҳрдории Душанбе соли 1994 бо қарори вижае баргузории ҳама гуна эътирозҳо дар пойтахтро манъ карда буд...