“Корманди милиса ҳангоми бозпурсии гурӯҳе аз ҷавонон дар 5 дақиқа беш аз 50 бор аз ҳақорат ва “жаргонҳои хоси олами ҷиноӣ” истифода кардааст”.
Ин корманди милиса пас аз паҳн шудани сабти cадояш дар паи боздошти ширкатдорони ҷашнвораи “Ҳолӣ” дар Душанбе моҳи майи соли 2016 расонаӣ шуд, маҳз ба хотири дуруштӣ ва алфози қабеҳаш аз вазифа барканор шуд.
“Дар 5 дақиқа 50 таҳқир”
Аммо як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ
Милиса набояд риш монад, муйи сарашро тарошад, дар тан холкубӣ кунад, ҷавоҳирот андозад, ба истиснои ангуштарини ақди никоҳ, предметҳои либоси низомиро бо либоси шаҳрвандӣ омехта намояд, дастро дар киса нигоҳ дорад.
гуфт, ин ҳодиса боис шуд, дар “Кодекси одоби касбии корманди милитсия” банди манъи истифода аз “жаргони олами ҷиноӣ” дар гуфтор бо сокинон ворид шавад.
“Кодекси одоби касбии корманди милитсия”, ки аввали соли равон таҳия ва аз ҷониби Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, тоза барои истифода миёни кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар саросари кишвар паҳн шуд.
Як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар таҳияи ин кодекс саҳм доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте сабти садои пур аз таҳқири корманди милиса паҳн шуд ва ҳангоми таҳияи Кодекс вазири корҳои дохилӣ бо ишора ба ин ҳодиса таъкид кард, ки бояд забони кормандон ислоҳ шавад”. Ин ходими полис, ки ҳақи сӯҳбат бо матбуотро надорад, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт: “Он вақт ҳисоб кардем, ки аз 16 дақиқаи сабти садо, ки дар ҳудуди 5 дақиқааш садои корманди милиса шунида мешавад, зиёда аз 50 бор калимаҳои хоси олами ҷиноӣ ва ҳақорат истифода шудааст. Вазир аз ин нигарон шуд ва таъкид кард, ки дар Кодекси нав истифодаи ингуна калимаҳо манъ шавад ва корманде, ки онҳоро истифода мекунад, ба ҷазои интизомӣ кашида шавад.”
Милиса набояд сарашро “кал” кунад
Дар банде аз ин Кодекс гуфта мешавад, корманди милисае, ки “дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ лексикони ҷиноятиро меомӯзад, набояд забони махсус ва аломатҳои ҷиноятии ин гурӯҳи одамонро дар муошират бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон истифода намояд”.
Ҳамчунин, дар ин Кодекс гуфта шудааст, ки “корманд набояд риш монад, муйи сарашро тарошад, дар тан холкубӣ кунад, ҷавоҳирот андозад, ба истиснои ангуштарини ақди никоҳ, предметҳои либоси низомиро бо либоси шаҳрвандӣ омехта намояд, дастро дар киса нигоҳ дорад”. Инчунин талаб мешавад, ки бо сокинон хушмуомила бошанд, ба дуруштию мутакаббирӣ, эродгирии беодобона, айбдоркунии ғайриқонунӣ, луқмапартоиҳои таҳқиркунанда дар кори худ роҳ надиҳанд.
Бархе ходимони полис мегӯянд, онҳо ҳам инсон ҳастанд ва дар таҷрибаи корӣ бисёр шудааст, ки касбу кор ва табиати муошират бо ҷинояткорон ба тарзи сӯҳбат ва муомилаи онҳо ҳам таъсири манфӣ мегузорад. Аз ҷумла, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бинобар сабабе, ки кормандони милиса пайваста бо ҷинояткорон сару кор доранд, аз онҳо баёнот мегиранд, калимаҳои мавриди истифодаи ҷинояткорон дар зеҳнашон менишинад.
“Ба кормандон пайваста таъкид мешавад, ки дар вақти сӯҳбат бо ҳамкорон ва шаҳрвандон аз калимаҳое, ки ҳангоми кор дар зеҳнашон нишастааст, кор нагиранд. Ба ҳамин хотир ин Кодекс қабул шуд. Нафаре, ки Кодекси одобро нақз мекунад, нисбаташ чораандешӣ мешавад. Ҷазо вобаста ба он аст, ки корманд он истилоҳро дар куҷо ва дар кадом шакл истифода кардааст”,-гуфт Умарҷони Эмомалӣ.
Бо ин ки мақомоти вазорат риояи меъёрҳои Кодекси одобро талаб мекунанд, он бештар хусусияти тавсиявӣ дорад.
“Гуфтори милиса аз гуфтори маҳбус бояд фарқ кунад”
Хирад Каргасов, як масъули созмони бритониёии «Saferworld», ки дар барномаи «Ислоҳоти милитсияи тоҷик» бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, мегӯяд, дар асл беҳбуди тарзи рафтор ва муомилаи ходимони полис бо мардум яке аз вазифаҳои дигари онҳо мебошад.
Ӯ гуфт: «Вақте бо кормандони милиса ҳамсӯҳбат мешавӣ, ки чаро аз чунин забон истифода мекунӣ, мегӯянд, ки агар бо ҷинояткорон бо забони худашон сӯҳбат накунӣ, дигар забонро намефаҳманд. Мо бо раҳбарияти Раёсат дар ин бора сӯҳбат карда будем. Онҳо гуфта буданд, ки ҳар субҳ дар маҷлисҳои саҳарӣ ин нукта таъкид мешавад. Ҳоло бозиҳои санҷишӣ низ дар ҳузури раҳбарият гузаронида мешавад. Масалан, як корманди милиса шаҳрванд мешавад ва дигаре ҳамчун милиса дар ҳузури раҳбарият бо ӯ сӯҳбат мекунад. Ба ҳамин васила мехоҳанд, забони муоширати корманди милисаро ислоҳ кунанд».
«Биниат мушти хулиган...»
Чанд тан аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ низ гуфтанд, ки лаҳни бархе аз кормандони БДА ва кормандони пулис, ки дар хиёбон бо онҳо рӯ ба рӯ мешавӣ, бисёр дурушт аст. Сафармад Камолов, як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз таҷрибаи шахсиаш як намуна овард:
«Як ҳамсифни бисёр баодоб доштам. Корманди милиса шуд. Бисёр бачаи хуб аст, аммо пас аз чор соли кор дар милиса вақте сӯҳбат мекунад, ноогоҳона дар гуфтораш калимаҳои дағал ва жаргон истифода мекунад. «Биният мушти хулиган», яъне бисёр қошу қавоқи овезон; «калушош паридагӣ» - одами чизеашро гум кардагӣ; «чашмош светофор» - одаме, ки ҳамаро назорат мекунад; «размерашро гум кардааст» - одаме, ки беобрӯ шудааст ва чанд жаргони бемаънии дигар истифода кард, ки намешавад онро ин ҷо гуфт. Худаш гуфт, ки вақте бо дузду дуздбачаҳо сару кор мегирӣ, забонат тағйир мекунад».
“Алӣ-балӣ”- жаргони нав
Жаргон як забони ғайриадабӣ аст, ки корбарони он худро марбут ба гурӯҳи хос медонанд ва бо истифода аз калимаву ибора ва ҷумлаҳои рамзӣ фикри худро пардапӯшона, вале дурушт баён мекунанд. Забоншиносони тоҷик ба фарқ аз донишмандони кишварҳои дигар, мисли Русия ё ИМА, забони хоси ҷинояткоронро дар Тоҷикистон наомӯхтаанд. Таҳқиқоти жаргонҳо бештар ба забони ҷавонон ва насли нави кишвар бахшида шудааст.
Зебуниссо Бобоалиева, донишманди ҷавони тоҷик, ки ду соли пеш истифодаи жаргонҳо дар забони ҷавонони Душанберо таҳқиқ кардааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳои охир жаргони ҷавонони тоҷик то андозае нармтар шудааст.
Ӯ гуфт, жаргонҳои дағалро ҷавононе бештар истифода мекарданд, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва дар муҳити баъдиҷангӣ бузург шуда буданд. Ба гуфтаи ӯ, ҷанги шаҳрвандӣ дағалиро низ мерос гузошта буд, ки ба жаргонҳо низ таъсир дошт.
“Ҳоло он насл ҷойи худро ба ҷавононе додааст, ки тоза вориди донишгоҳу ҷамъият шудаанд. Жаргонҳои инҳо як андоза фарқ мекунад. Ду соли пеш вақте мо таҳқиқ кардем, жаргонҳои дағал хеле зиёд буд. “Харшай”, “девонашай” - ба маънои “зебо” ё “хеле зебо” аз жаргонҳои серистеъмол дар ду соли пеш буд. Ҳоло як таҳқиқи дигарро дар миёни ҷавонон оғоз кардем ва маълум шуд, ки жаргонҳо нармтар шудаанд. Дар нутқи гуфтгӯи жаргон хусусияти мустаҳкамӣ надорад. Ҳозир миёни донишҷӯён жаргони “алӣ-балӣ” маъмул шудааст. Ин вобаста ба ҷорӣ шудани низоми тестӣ ҳаст. Яъне, “тестро алӣ-балӣ кардӣ” гуфтан маънои онро дорад, ки саволҳои тестиро тавакалан пур кардӣ аст”, - гуфт Бобоалиева.
Ҳоло Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи барномаи ислоҳоти милитсия, ки аз соли 2014 шурӯъ шудааст ва то соли 2020 давом мекунад, мехоҳад, ахлоқи кормандонашро тағйир диҳад. Ин ҳамон чизест, ки солҳои охир бисёр вақт аз полис ва дигар ходимони ҳифзи ҳуқуқ тақозо мешавад.