Низомиёни Русия посгоҳҳои марзии Арманистон ва Эронро "тарк мекунанд"

Владимир Путин ва Никол Пашинян

Сухангӯйи сарвазири Арманистон гуфт, дар ҷараёни дидори Никол Пашинян ва Владимир Путин дар Маскав тавофуқ шудааст, ки нерӯҳои Русия посгоҳҳо ё нуқтаҳои назорати марзии Эрон ва Арманистонро тарк кунанд.

Назели Багдасарян рӯзи 8-уми октябр гуфт, аз оғози соли 2025 нерӯҳои русӣ назорати посгоҳҳои марзиро бо Эрон ба сарҳадбонҳои арман хоҳанд супурд.

Нерӯҳои низомии Русия аз соли 1992 дар посгоҳҳои марзии Арманистон бо Эрон ҷобаҷо шудаанд. Онҳо дар моҳи августи имсол низ тибқи созиш як пойгоҳи ҳавоиро дар наздикии Ереван ба нерӯҳои арманӣ вогузор карда буданд.

Арманистон баъд аз ҷанги 44-рӯзаи Қарабоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон дар соли 2020, ҳампаймони асосияш Русияро ба ҳимояти нокофӣ аз Ереван муттаҳам кард.

Тайи ду соли гузашта Арманистон робитаҳои худро бо Ғарб беҳбуд бахшид ва садҳо нерӯи амрикоӣ ва аврупоӣ дар ин кишвар ҷобаҷо шуданд. Мавзӯе, ки вокуниши тунди Русияро дар пай дошт.

Бо вуҷуди сардии робитаҳои сиёсӣ, ду кишвар робитаҳои тиҷоратии густурдае доранд ва Владимир Путин дар мулоқоти рӯзи 8-уми октябр бо Никол Пашинян дар Маскав гуфт, порсол додугирифти тиҷоратии ду кишвар 7,4 миллиард доллар буд ва ин рақам танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дувуним баробар шуд ва аз 8,3 миллиард доллар гузашт.

Ӯ изҳори умед кард, ки тиҷорати дуҷонибаи Русия ва Арманистон то поёни имсол ба 14-16 миллиард доллар бирасад.

Дар ин миён, Ваагн Хачатурян, раисҷумҳури Арманистон, рӯзи 8-уми октябр дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" изҳори умедворӣ кард, ки то оғози Конфронсии иқлимии СММ дар Боку, Озарбойҷон ва Арманистон тавофуқномаи сулҳ имзо кунанд. Ин конфронс 11-уми ноябр дар Боку баргузор хоҳад шуд.

Ваагн Хачатурян ҳамчунин амалкарди Туркияро ба унвони бузургтарин ҳампаймони Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавзӯи сулҳи Боку ва Ереван "созанда" хонд ва гуфт, бо Анкара низ созише барои убури шаҳрвандони кишварҳои севум аз марзҳои ду кишвар анҷом шудааст.