Ширкати мусофирбари "Нижнекамское ПАТП" мегӯяд, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор қабул мекунад.
Масъулини ширкати нақлиётии Нижнекамское ПАТП тасмим гирифтанд, ки барои ҳалли мушкили камбуди ронандаҳои ҳирфаии автобусҳо аз хизмати шаҳрвандони хориҷӣ истифода кунанд. Сайти хабарии ntrtv.ru гузориши видеоиеро дар ин замина пахш карда мегӯяд, ки ҳоло барои кор дар автобусҳои шаҳри Нижнекамск ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Барои ин афрод дар шароити автобаза ҷои зист таҳия шуда, қабл аз шурӯъ ба кор ҳар як ронанда дар давоми 30 рӯз давраи омӯзишӣ мегузарад. Раҳбарияти ин ширкат мегӯяд, ки бо ин роҳ мушкили камбуди ронандаҳо ва ҳам норасоии автобусҳои мусофирбарро ҳал хоҳад кард.
Ин гузориши видеоӣ аз ҷониби ntrtv.ru наворбардорӣ шудааст.
http://www.youtube.com/embed/U238zWQbykg