Сиёсати ИМА дар ОМ аз нигоҳи Ниша Бисвал

Дар нишасти матбуотие Муовини вазири хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубиву Миёна аз Вашингтон ба саволҳои журналистони Осиёи Марказӣ посух дод.

Дар як нишасти матбуотие, ки барои журналистони Осиёи Марказӣ доир шуд, ёвари вазири хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубиву Миёна Ниша Десай Бисвал ба саволҳои хабарнигорон аз ин манотиқ тавассути телефон посух дод. Дар ин нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба намояндагӣ аз расонаҳои маҳалливу байналмилалии минтақавӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Алматӣ, Остона ва Бишкеку Прага ҳамроҳ шуданд. Мухтасари саволу ҷавоби дипломати амрикоӣ бо журналистон ин ҷо нашр мешавад.

Савол: Чӣ тадбирҳоеро Русия бояд биандешад, то ки таҳримҳо бардошта шаванд, чун таъсири ин ҳама таҳримҳо дар вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам эҳсос мешавад?

Ниша Десай Бисвал: Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки талошҳои давомдори мо дар ин замина ба вазъияти Украина иртибот мегирад, мо татбиқи тавофуқоти созишномаи Минскро тақозо мекунем. Танҳо намоиши ӯҳдадорӣ дар заминаи оташбасу марзҳо кофӣ нест, ин ӯҳдадориҳо бояд ҳатман иҷро шаванд. Мо ҳама ҷонибҳои дахилро даъват ва ташвиқ мекунем, ки ба ӯҳдадориҳои худ дар чаҳчорчӯби созишномаи Минск пойбанд бошанд. Дигар чизе, ки мехостам бигӯям, ин аст, ки бо ин ки таҳримҳо ва ҳам таъсири онҳо ба шахсиятҳо таассуфовар аст, таҳримҳои ҷорикарда хеле ҳадафманд мебошанд ва мо талош кардем, ки таъсири онҳо ба ҳаёти мардуми оддии Русия ва ҳам кишварҳои минтақа хеле кам бошад. Иловатан ин як марҳилае буд, ки минтақа вазъи душвори иқтисодиро паси сар мекард. Дар ин давра таъсири ҷараёнҳои глобалӣ, аз ҷумла поинравии қимати маводи сӯхт ба вазъи куллии минтақа таъсир гузошт. Вале мо бовар дорем, ки вазъ дар бахши иқтисоди ҷаҳонӣ беҳбуд меёбад.

Савол: Бишкек ба таври якҷониба созишномаи ҳамкориҳо бо ИМА-ро аз соли 1993 қатъ кард. Вокуниши Департаменти давлатӣ ба ин иқдоми Бишкек чист?

Ниша Десай Бисвал: ИМА ба равобити худ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва мардуми қирғиз арҷ мегузорад. Мо ҳамкориҳои хеле қавӣ ва пурмаҳсуле доштем ва ҳоло ҳам истиқолияту тамомияти арзӣ ва ӯҳдадориҳои демократии ҳукумати Қирғизистонро ҷонибдорӣ мекунем ва дар оянда ҳам хоҳем кард. Таассуфовар аст, ки ҳукумат қарор кард, ки аз созишномаи дуҷонибаи миёни Қирғизистону ИМА-ро хориҷ шавад. Аксари кулли кӯмакҳои ИМА ба ҳукумат ва мардуми Қирғизистон дар давоми 20 соли охир бар пояи ҳамин созишнома ироа шудааст. Мо таъсири фаннии ин тасмимро мавриди омӯзиш қарор додаем, ки метавонад ҷониби баҳрабардор аз ин кӯмакҳо - мардуми Қирғизистонро таъсири манфӣ расонад. Вале мо ӯҳдадор шудаем, ки ин ҳамкориҳоро идома диҳем ва умедворем, ки дар оянда ҳамроҳ пеш хоҳем рафт.

Савол: Чӣ тағйироти наве дар стратегияи ИМА дар Осиёи Марказӣ ворид шудааст?

Ниша Десай Бисвал: Мо бо кишварҳои минтақа ӯҳдадориҳои давомдор кардаем. Баъди арзёбии стратегияи нави худ дар минтақа мо ба ин ақида пойбандем, ки бояд аз роҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам минтақаӣ ҳаракат кунем. Мо аҳамияти рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, зарурати ҳамкорӣ ба хотири муқобила бо чолишҳои амниятиро дарк мекунем ва инчунин ӯҳдадор ҳастем, ки дар баробари ҳамкорӣ бо ҳукумат, инчунин бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, риштаи маориф, тиҷорату соҳибкорӣ ҳам кор кунем, то ки доманаи ҳамкориву иртибототи мо густурдатар бошад. Ба иҷрои барномаҳое идома медиҳем, ки ҳусни тафоҳумро миёни мову мардумони кишварҳоямон тақвият диҳад. Стратегияи мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бар пояи эҳтиром ва эътирофи истиқлолият ва тамомияти арзии кишварҳои мустақили минтақа бунёд шудааст ва мутмаинем, ки ин кишварҳо на танҳо бо ИМА, балки байни худ ва ҳам ҳамсояҳояшон бояд ҳамкориҳои хуб дошта бошанд.

Савол: Назари шуморо ба қавле, ба сиёсати “стратегияи хомӯш” дар Осиёи Марказӣ дар баробари як қатор таҳаввулоти нигаронкунанда пурсиданием. Тоҷикистон ба самти бастани ҳизби наҳзати исломӣ ҳаракат мекунад, соҳибкор Зайд Саидов дучори мушкилот аст. Дар Ӯзбакистон ва ҳам Туркманистон ҳеҷ пешравие дар эҳтироми ҳуқуқҳои бунёдии инсон ба чашм намерасад. Дар гузашта мо шоҳиди баъзе тадбирҳои сахттари ИМА дар нисбати минтақа будем. Мешавад гуфт, ки “сиёсати хомӯш” дигар натиҷа надод ва ИМА дубора ба стратегияи қаблиаш бармегардад?

Ниша Десай Бисвал: Дастёбӣ ба эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои мазҳабӣ як бахше аз стратегияи дипломатияву ҳамкориҳои ИМА дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аз оғоз ин масъала як бахши муҳими ҳамкориҳои мо дар минтақа буду ҳаст. Мо ба ӯҳдадориҳои худ дар заминаи озодиҳои шаҳрвандӣ пойбанд мемонем. Мо инро дарк мекунем, ки ҳар кишвар аз рӯи самтгириҳои худ ҳаракат мекунад, вале ҳамзамон роҳи ҳар кишвар мушкилоти худро дорад. Мо ҳамкориҳои худро бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ идома медиҳем.

Савол: Дар ин охирҳо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” пуштибонӣ кардааст. То куҷо барномаҳои ҳамкории шумо бо кишвари Ӯзбакистон метавонад тағйир ёбад?

Ниша Десай Бисвал: Мо бо Ӯзбакистон ҳамкориҳои хеле қавӣ дорем, аз ҷумла дар бахши амниятӣ зидди ҳадафҳои муштарак ҳам дар сатҳи минтақаӣ ва ҳам ҷаҳонӣ кор мекунем. Мо пайваста роҷеъ ба таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ сӯҳбатҳо анҷом медиҳем. Ҳамкориҳои мо густариш меёбанд.

Савол: ИМА барои тақвияти марзҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон кӯмак мекунад. Чӣ кӯмаки хосе дар ин замина ба Тоҷикистон карда мешавад?

Ниша Десай Бисвал: Дар масъалаи тақвияти марз дар қисмати Афғонистон мо бо мақомот ва ҳам артиши ин кишвар аз наздик ҳамкорӣ мекунем, то ки тавонмандии онҳо дар таъмини амнияти марзҳояшон афзоиш ёфта, нагузоранд, ки аз марзи онҳо ба хориҷ таҳдиде пеш ояд. Ҳамчунин мо дарк мекунем, ки кишварҳои дар марз ҷойгиршуда бо ҳадафи ҳифзи амнияти қаламравҳояшон дар муқобили таҳдидҳои фаромарзӣ бояд сарҳадҳояшонро тақвият диҳанд, пеши роҳи терроризми марзӣ ва қочоқи маводи мухаддирро бигиранд. Ҳамкории мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар бахши таълиму тамрини низомиён, таъмини амнияти марзҳо идома хоҳад ёфт. Ин ҳамкориҳои мо давомдор хоҳад буд. Вақте мо ба марҳилаи гузарише, ки дар минтақа ҷараён дорад, менигарем, талош мекунем, ки барои кӯмак дар таъмини амнияти марзҳо ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба кишварҳои минтақа кӯмак расонем.