Намоишгоҳи меваи Тоҷикистон барои Ҷинпин ва аксҳои дигари ҳафта

Дар маросиме бо номи "Шоми дӯстӣ" рӯзи 5-уми июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Душанбе қарор дошт, дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат зиёфате орост ва  намоиши маҳсулоти  кишоварзии Тоҷикистонро баргузор кард. Чунин намоишгоҳҳо, ки барои меҳмонҳои баландпояи президент Раҳмон барпо мешаванд, дар гузашта аз назари сарфу харҷи зиёдаш интиқод шудааст 

Барои ташкили чунин намоишгоҳ садҳо килограмм меваи хушку тари навъи олӣ сарф мешавад.

Рӯзи 6 июл сафари давлатии раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар  солҳои 2007-2023 ба андозаи  4 миллиард  доллар ситоиш кард ва Пекинро шарики муҳими тиҷоратию стратегии Душанбе номид. Мунаққидон вобастагии бештари сиёсию иқтисодии Тоҷикистон аз Чинро як мояи ҷиддии нигаронӣ ва таҳдид ба истиқлолияти кишвар меноманд  

Зане дар миёни собиқадорони ҷанги Афғонистон, ки аз Қирғизистон мебошанд, аксгирӣ мекунад. Маросими ёдбуди сарбозони шӯравии дар ҷанги солҳои 1979-1989 кушташуда 3 июл дар шаҳри Маскав баргузор шуд
 

Маросими ҷанозаи нависандаи маъруфи албанӣ Исмоил Кодора дар шаҳри Тиранаи Албания, ки дар 88-солагӣ даргузашт. Дар маросими рӯзи 3 июл дар Театри миллии операву балети шаҳри Тирана садҳо ҳавохоҳи Кодора иштирок карданд.

Кабӯтарҳо дар муҷассамаи даромадгоҳи як истгоҳи метрои шаҳри Маскав. 2 июл

Марде дар соҳили Бургаси Булғористон моҳигирӣ мекунад. 1 июл 

Бумҳои хурдсоле, ки дар паи тӯфону афтодани дарахт қариб буд мурда буданд, наҷот дода шуданд. 2 июл, Подгоритса, Монтенегро 

1 июл, кӯдаке дар як фаввораи шаҳрии Маскав

1 июл, соҳили дарёи Днепр дар Киев  

Ду украинӣ зери чатре аз офтоби сӯзон панаҳ ёфтаанд. Майдони истиқлолияти Киев, 1 июл  

Ҳаводорон рақобати тими миллии Гурҷистонро дар Ҷоми Аврупо 2024 тамошо мекунанд. 30 июл дар бозӣ бо Испания Гурҷистон бо ҳисоби 4-1 мағлуб шуд. Тифлис, 30 июн  

Зани эронӣ аз назди деворе бо акси номзади интихоботи президентӣ Масъуд Пизишкиён мегузарад, ки дар интихоботи 5-уми июл баранда эълон шуд 

Владимир Норкини 67-сола гумбази калисои Николаи муқаддасро таъмир мекунад. Деҳаи Тошкивка дар минтақаи Луҳански зери назорати Русия  

Кӯдакони афғон дар як кӯлчаи ноҳияи Файзободи вилояти Бадахшон оббозӣ мекунанд. 3 июл