Наздикони ҳамлагари Ню-Йорк дар Узбакистон бозпурсӣ шуданд. 2 ВИДЕО

Мақомоти амниятии Узбакистон наздикони фарди муттаҳам дар ҳамлаи рӯзи 31-уми октябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрикоро, бозпурсӣ карданд. Дар ин ҳамла 8 нафар кушта ва беш аз 10 тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин ҳамларо Сайфулло Саипов, шаҳрванди Узбакистон анҷом додааст.

Як манбаъ дар мақомоти амниятии Узбакистон рӯзи 1-уми ноябр ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки модар, падар ва хоҳари гумонбар дар ҳамлаи Ню-Йорк мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон дар робита ба ҳодисаи хунини Ню-Йорк ба унвони ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп нома фиристодааст. Дар ин нома оқои Мирзиёев зимни тасаллият гуфтааст, ки кишвараш "омодаи истифода аз ҳама нерӯҳо ва абзорҳо барои кӯмак ба таҳқиқ дар мавриди ин амали террористӣ аст."

Як мошини борбар рӯзи сешанбеи 31-уми октябр бо ворид шудан ба хати вижаи дучархасаворон ва ҳаракат дар масири муқобил, ба раҳгузарон ва дучархасарон дар Манҳатани Ню-Йорк бархӯрд кардааст. Билл де Бласио, шаҳрдори Ню-Йорк як соат баъд аз ин ҳодиса дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки дар ин ҳодиса ҳадди ақал ҳашт нафар кушта шуданд. Бинобар гузориши расонаҳо, муфаттишон дар мошин навиштае ёфтанд, ки Сайфулло Саипов дар он муддаӣ шудааст, ки аз номи гурӯҳи "Давлати исломӣ" даст ба ин ҳамла задааст.

Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, ронандаи мошин Саипов Сайфулло Ҳабибуллоевич, шаҳрванди Узбакистон аст ва дар соли 2010 вориди Амрико шудааст.

Ҷемс О'Нейлл,(James O'Neill) комиссари баландпояи пулиси Ню-Йорк гуфтааст, ин ҳодиса соати 3:05 дақиқа рӯй дод ва ин мард, ки мошини иҷораро ронандагӣ мекард, ба раҳгузарон ва дар масири хати махсус ба дучархасаворон зад. Комиссари пулиси Ню-Йорк мегӯяд, ки ронанда пас аз бархӯрд бо як автобус дар ҳоле, ки зоҳиран ду аслиҳа дар даст дошт, аз мошин пиёда шуд.

Вай дар идома гуфт, "ин ҳодисаи террористӣ аст. Ронанда шахси 29-сола аст, ки ҳангоми пиёда шудан аз мошин шиор сар додааст, ки нишон медиҳад ин ҳодиса террористӣ аст". Ба гуфтаи Ҷемс О'Нейлл, ронанда захмӣ аст ва ҳамакнун дар яке аз бемористонҳои Ню-Йорк бистарӣ мебошад. Тибқи ин гузориш, ёздаҳ нафар дар ин ҳодиса ба шиддат захмӣ шудаанд.

Сайфулло Соипов.

Президент Трамп: Тафтиши муҳоҷирон бояд шадидтар шавад

Президенти ИМА Доналд Трамп амр дод, ки аз ин ба баъд ҷараёни тафтиши муҳоҷирон қабл аз қабули онҳо ба кишвар шадидтар шавад. Ҳамлаи Ню-Йорк хунинтарин ҳодисаи баъди ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ва ҳамчунин нахустин ҳамла бо мошин ба раҳгузорон аст, ки дар ИМА анҷом мешавад. Дар гузашта бо айни чунин шева террористон дар шаҳрҳои аврупоӣ ҳамлаҳо анҷом додаанд.

“Ман ба вазорати амнияти дохилӣ амр додам, ки Барномаи тафтиши муҳоҷиронро, ки феълан амал мекунад, шадидтар кунанд. Албатта, наазокати сиёсӣ доштан хуб аст, вале на дар чунин ҳолат. Ин ҳамларо як шахси бемор ва девона анҷом додааст”, навишт Доналд Трамп дар саҳифаи худ дар Твиттер.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ дар паёме бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла ибрози ҳамдардӣ кардааст. Оқои Трамп дар ин паём таъкид кардааст, ки "мо ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористии имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк ҳастем ва барои онҳо дуо мекунем."

Раиси ҷумҳури Амрико дар идома гуфтааст, "мо аз имдодгарон ва нерӯҳое, ки шахси гумонбарро боздошт карданд ва кӯмакҳои фаврӣ ба қурбониёни ин ҳамлаи буздилона ироа карданд, сипосгузорем. Ин занон ва мардони шуҷоъ нишонгари руҳияи воқеии шуҷоат ва истиқомати амрикоӣ ҳастанд. Ман ҳамчунон аз наздик таҳаввулотро пайгирӣ хоҳам кард".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамлаи террористӣ дар Ню Йорк. Зодаи Узбекистон дастгир шуд

Саипов "як гурги танҳо буд"

Гузоришҳои мухталиф ҳамлагарро марди 29-солаи шаҳрванди Узбакистон ном мебаранд, ки соли 2010 ба ИМА рафтааст. Як манбаъ дар мақомоти амниятии Узбакистон рӯзи 1-уми ноябр ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки модар, падар ва хоҳари гумонбар дар ҳамлаи Ню-Йорк мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Мақомоти амрикоӣ тахмин мезананд, ки эҳтимолан Саипов як “гурги танҳо” буд ва мустақилона амал мекард. Вале матбуот хабар дод, ки муфаттишон дар дохили мошин як дастнависеро пайдо кардаанд, ки даар он аз номи Саипов иддао мешавад, ки ҳамларо аз номи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додааст.

Як муҳоҷири узбаки муқими ИМА, ки худро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамчун Мирраҳмат Мӯъминов муаррифӣ кард, гуфт, ки Саиповро мешиносад. Ба гуфтаи ӯ, Саипов дар шаҳри Акрони аёлати Оҳайё зиндагӣ мекард ва соли 2013 ба Флорида кӯчиду ба ҳайси ронандаи мошини борбар кор мекард. Муъминов гуфт, ки Саипов зодаи Тошканд буда, ҳамсар ва ду фарзанд дорад. Вай гуфт, ки Саипов “як марди хашин аст”, вале пеш аз кӯчиданаш ба Флорида чандон шахси мазҳабӣ набуд. Мӯъминов гуфт, ки эҳтимолан дар паи дарёфти маълумоти зиёд дар бораи “Давлати исломӣ” дар интернет ӯ бештар тундгаро шудааст. Вале айни замон, ба гуфтаи Мӯъминов, ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки Саипов баро анҷоми як ҳамлаи террористӣ қодир аст.

Ширкати "Uber" ҳамларо маҳкум кард

Ширкати “Uber” бо пахши изҳороте гуфт, ки Саипов дар ин шабака муддате ба ҳайси ронандаи таксӣ кор кардааст. Ширкат гуфт, ки аз “ин ҳамали бемаънии пурхушунат ба даҳшат афтода”, дастрасии Саиповро ба замимаи барномаи “Uber” масдуд кард.

Тибқи гузоришҳо, Саипов соли гузашта дар Миссурӣ барои ҷарима дар роҳ ҳабс шуда буд. ​Полиси Ню-Йорк гуфт, ки ҳамлагари боздоштшуда аз як мошини хурди борбар ё минивен истифода кардааст, ки онро ба иҷора гирифта буд. Ба гузориши телевизиони CNN, пулиси Ню-Йорк ронандаи ин мошини сафедранги иҷораиро захмӣ карда ва ӯ ҳамакнун дар боздошт аст.

Гуфта мешавад, ки ин мошин пас аз бархӯрд бо як автобуси махсуси талабаҳо, мутаваққиф шудааст. Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, ки ду талаба ва ду тан дигар аз мусофирони ин мусофирбар, захмӣ шудаанд. Шоҳидони айнӣ ба CNN гуфтаанд, ки ронандаи ин мошин дар даст силоҳ дошт. Ин шоҳидон ҳамчунин гуфтаанд, ки садои тирпарониро шуниданд.

Фурӯшгоҳи масолеҳи сохтмонии "Home Depot" низ зимни таъйиди ин, ки мошинро ба иҷора додааст, эълом карда, ки дар ҳоли ҳамкорӣ бо пулиси федералӣ дар ин бора аст. Гуфта мешавад, вай аз иёлати Флорида ба Ню-Йорк сафар кардааст. Ба гузориши CNN, шахси ҳамлакунанда ин мошинро рӯзи сешанбе аз як фурӯшгоҳи "Home Depoт" аз Ню-Ҷерсӣ ба иҷора гирифта буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳалокати 8 нафар дар ҳамлаи Ню-Йорк