Ҳарчанд то таҷлили расмии Соли нави 2014 камтар аз як моҳи дигар мондааст, вале аз ҳоло маълум аст, ки имсол Бобои Барфӣ ва Барфак ба барномаҳои идонаи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон даъват намешаванд.

Ҳамзамон дар барномаҳои идонаи шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон арча, яке аз рукнҳои аслии ҷашнгирии соли нав роҳ нахоҳад ёфт.
Ин ҳам дар ҳоле, ки омодагиҳо барои таҳия ва сабти барномаҳои идонаи Соли навӣ дар бархе аз телевизионҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар шабакаи фароғатии телевизиони "Сафина" ин шабу рӯз декоратсия ё ороишоти саҳнаи консерти идона таҳия мешавад. Ҳатто исми барномаи идона ҳам маълум аст - «Аспи сафед».
Як масъули барномаҳои телевизиони “Сафина” мегӯяд, барномаи имсолаи идонаи онҳо аз солҳои қаблӣ то ҷое фарқ дорад ва вижагии аслиаш ин аст, ки дар консерти идона овозхонони ҳирфаӣ танҳо бо таронаҳои тоза ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Тафовути дигар ва муҳим ин аст, ки имсол дар ин телевизион ширкати Бобои Барфӣ ва Барфак дар назар гирифта нашудааст ва арча ҳам намоиш дода намешавад.
Ба гуфтаи ӯ, то 7 декабр саҳнаи идона омода шуда сабти консерт шурӯъ мешавад. "Дар барномаи консертӣ ҷавонону донишҷӯён ҷалб мешаванд. Онҳо
бо либосҳои идона ширкат хоҳанд кард. Ва озмуну бозиҳо мешавад, саҳнаҳои ҳаҷвӣ барпо мешавад», - гуфт ӯ.
Тавре ба радиои Озодӣ маълум шуд, шабакаҳои телевизионӣ муваззаф шудаанд, ки барномаҳои идонаи худро бе тасвири рамзҳои суннатии соли нави мелодӣ, яъне Бобои Барфӣ, Барфак ва арча сабт кунанд.
Дилафрӯз Амирқулова, муовини раҳбари Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, тайи 2-3 соли ахир дар арафаи Соли нави мелодӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон ғолибан барномаҳои ҷамъбастӣ ва идона намоиш дода мешаванд, аммо мисли шабакаҳои хориҷӣ ба рамзҳои ин ҷашн арчаву Бобои Барфӣ таваҷҷӯҳи хос дода намешавад, то ки ин ҷашн “зиёд тантанаомез таҷлил нагардад”.
Ба таъкиди хонум Амирқулова, барномаҳои бошукӯҳу танатанавӣ дар арафаи ҷашнӣ Наврӯз, ки соли нави тоҷикон аст, дар назар гирифта мешавад: «Мо ҳар сол дар арафаи ин ид барномаҳои ҷамъбасти сол таҳия мекунем. Тамоми соҳаҳо фаъолияти худро ҷаъмбаст мекунанд, ки дар муддати сол чӣ кор мекунанд, вале ин тавр ки гӯем, арча мемонему бо Бобои Барфӣ тантана мекунем, ин хел не. Тантанаи мо аслан дар Наврӯз аст. Мо албатта эҳтиром дорем ба ҷашну идҳои халқҳои дигар, аммо иди аслии мо Наврӯз аст, худатон хуб медонед инро», гуфт ӯ.
Бобои барфӣ, Барфак ва анъанаи оро додани арча дар шаби соли нав аслан аз даврони Шӯравӣ мерос мондааст ва дар Тоҷикистон ҳамоно бештари мардум дар корхона, муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои худ аз ин анъанаи идона пайравӣ мекунанд.
Ғолибан дар барномаҳои идонаи телевизионҳои кишвар ҳам дар солҳои пеш
президент Раҳмон дар назди арча ба мардум фаро расидани Соли навро табрик мегуфт ва наттоқону овозхонон ҳам дар паҳлӯи арчаи орододашуда ба бинандаҳои худ орзуҳои солинавӣ мекарданду овозхонону раққосон дар атрофии он рақсу бозӣ менамуданд.
Аммо тайи солҳои ахир дар арафаи ҷашн, дар ҷомеаи Тоҷикистон баъзе рӯҳониён баҳси гӯё бегона будани ҷашни Соли нав барои миллати тоҷикро аз назари дини Ислом доман мезананд. Ба андешаи мухолифони таҷлили ин ид, тоҷикон чун пайравони дини Ислом бояд танҳо ду ид – иди Қурбону Рамазонро таҷлил кунанд. Онҳое, ки бештар ба арзиҳои миллӣ такя мекунанд, на фарорасии Соли нави тақвимӣ, балки Наврӯзро чун соли нави мардуми тоҷик эътироф мекунанд. Аз назари онҳо, таҷлили Соли нав анъанаи сирф шӯравист, ки тавассути русҳо ба фарҳанги тоҷикҳо таҳмил шудааст ва даъват мекунанд, ки аз ин ид даст кашанд. Аммо тарафдорони ҷашнгирии соли нав, ки ин идро як иди хонаводагӣ медонанд, аз таҳвили сол ва нав шудани тақвим истиқбол мекунанд ва Соли навро на чун як иди мазҳабии бегона, балки як ҷашни ғайридинии оилавӣ дӯст медоранд.
Дар мавриди берун кардани Бобои Барфӣ, Барфак ва арча аз шабакаҳои давлатӣ, ки рамзҳои аслии Соли нави милодӣ мебошанд, Ёқуб Саид, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо камранг кардани истиқбол аз ҷашни Соли нави милодӣ дар шабакаҳои давлатӣ ба эҳсосоти мардуме, ки ба ин ҷашн эътиқод доранду аз он таҷлил мекунанд, нохун зада мешавад.
Вай мегӯяд, «Ман фикр намекунам, ин иқдоми хуб саниҷдашуда бошад. Зеро дар Тоҷикистон афроди зиёде аз ин ҷашн таҷлил мекунанд ва ба арзишҳои худ наздик медонанд ин ҷашнро. Аз овони хурдӣ таҷлил мекунанд идро ҳамроҳ бо падару модарони худ. Агар дар Тоҷикистон дигар шабакаҳои алтернативӣ мебуд, ки ин ҷашнро намоиш ва пӯшиш медоданд, хуб, аммо мо фақат шабакаи давлатӣ дорем ва камранг кардани он ва берун кардани рамзҳои ин ҷашн сару садоҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Соли гузашта, тавре маълум, як сару садое шуда буд, ки дар шаҳр арча гузошта намешавад ва ин боиси баҳси зиёде гашта буд.»
Вале дар шаҳри Душанбе, мисли ҳамеша, омодагиҳо ба таҷлили Соли нав ҷараён доранд ва дар ин бора ахиран як қарори шаҳрдори Душанбе ҳам ба тасвиб расид.
Масъулони ҳукумати пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло нақшаи чорабиниҳо таҳияву ба шаҳрдорӣ пешниҳод шудааст, аммо роҷеъ ба вижагиҳои ҷашни имсола ва гузошта шудани арчаи бузург дар маркази шаҳри Душанбе феълан чизе гуфта намешавад. Маъмулан ҳар сол дар арафаи ҷашни Соли нав дар майдони марказии пойтахт дар рӯ ба рӯйи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи бузурге гузоштаву оро дода мешавад ва консерти аслии ҷашнии ситораҳои ҳунари тоҷик дар шаби Соли нав маҳз дар ҳамин ҷо баргузор мешавад. Тибқи анъана, фурӯшгоҳҳои шаҳр аз ҳоло фурӯши моли идона, аз ҷумла арчаҳои сабзу орододашударо шурӯъ кардаанд.
Нозирони умур мазҳабитар шудани ҷомеа ва боло рафтани ҳисси миллии мардумро сабаби камранг шудани таҷлили соли нави милодӣ дар бархе хонаводаҳои Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.
Зимнан, ҷашни соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози соли нав пазируфта шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад