Меҳрнигори Рустам – овозхони 20-солаи тоҷик, гиторнавозу операхон, донандаи забонҳои хориҷӣ соли 2014 бо попуррии наваш дар ёдҳо мемонад. “Таронаборон”-и ӯ, ки маҷмӯаи сурудҳои арабиву туркӣ аст, ҳама рекордҳои пешинаашро зада, аз моҳи май то декабр беш аз 400 ҳазор тамошобинро дар шабакаи YouTube ҷалб кардааст.
Худи Меҳрнигор мегӯяд, ба мазмун ва тарзи тақдими оҳангҳояш хеле таваҷҷӯҳ дорад ва шояд аз ҳамин хотир ҳам ӯро яке аз “хушсалиқатарин” овозхонҳои попи тоҷик меноманд. Дар соли 2014 ӯ таҳсилашро дар Консерваторияи миллии ба номи Талабшоҳ Сатторов идома дод ва дар охири соли 2014 суруди навашро бо номи “Ҷаннати ишқ” дар шакли аудиоӣ тақдими ҳаводорон кард. Ин оҳанг ҳарчанд навори видеоӣ ё клип нашудааст, вале дар як моҳи нашраш беш аз 9 ҳазор шунавандаро ба худ ҷалб кард.
Табрики солинавии Меҳрнигори Рустам:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зайнура Пӯлодова дар соли 2014 яке аз матраҳтарин овозхонҳои саҳнаи попи тоҷик буд. Таронаи наваш «Даф бизанем», ки бо оҳанги Манижаи Давлат эҷод шудааст, аз моҳи август то декабр беш аз 60 ҳазор бинандаро дар шабакаи YouTube ҷалб кард. Худи Зайнура дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ соли 2014-ро аз муваффақтарин марҳилаҳои кории худ номид. Дар ин сол ӯ диски нави таронаҳояшро бо маҷмӯаи 17 суруд ба бозор арза карда, бо ширкати “Топ-Медиа” қарордод баст. Соли 2015 ӯ орзу дорад, ки ниҳоят консерти ҳунарии худро дар Душанбе барпо кунад.
Табрикоти солинавии Зайнула Пӯлодова:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зулайҳо Маҳмадшоева, овозхоне, ки бештар таронаи мардумиро бо жанри поп иҷро мекунад ва ӯро гоҳе “Манижаи дуюм” ҳам меноманд, дар феҳрасти пуршунавандаҳои сол ҷой гирифт. Таронаи “Сартарошон” дар иҷрои Зулайҳо Маҳмадшоеваро беш аз 268 ҳазор тамошобин дидааст. Худи ӯ мегӯяд, соли 2014 бо оҳангсоз Манижаи Давлат аз наздик ҳамкорӣ дошт ва ин ҳамкорӣ ба маҳбубияти бештари ӯ мусоидат кард.
Табрики солинавии Зулайҳо Маҳмадшоева:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад