Таҷлили соли нави милодӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар муқоиса ба соли гузашта пуршукӯҳтар баргузор мешавад. Тибқи барномаи ҳукумати вилояти Хатлон, рӯз ва шаби 31 декабр дар майдони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, барномаи консертӣ бо ширкати овозхонон ва ҳунармандон ва сайру гашти идона баргузор мешавад. Ба ин муносибат арчаи солинавӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят ва майдони асосии тантанаҳои ҷашнӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз даҳ рӯзи қабл гузошта шудааст.
Мардум низ дар бозору дӯконҳо саргарми харидории тӯҳфаҳои идона ва анвои мухталифи меваю сабзавот барои оростани суфраи солинавӣ ҳастанд. Садриддин Холмирзоев, сокини 55-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 29 декабр бисёр серташвиш ба назар мерасид. Ӯ бояд ба 9 набераи худ тӯҳфаи солинавӣ харидорӣ кунад ва бисёр мехоҳад, ки маблағаш кифоят кунад. Даромади якмоҳаи ин мард ҳудуди 1000 сомонӣ аст.
Холмирзоев ба чанд фурӯшгоҳ сар зад ва ниҳоят дар фурӯшгоҳе дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф” таваққуф намуда, тӯҳфаи солинавӣ гирифт: ”Нисбат ба солҳои пеш нархҳо гаронтар шудааст. Барои набераҳоямон тӯҳфа интихоб кардам. Тӯҳфаҳои интихобкардаам ҳар кадоме 27 сомонӣ аст, ки имсол барои набераҳоям ба маблағи 250 сомонӣ сарф кардам. Мо одамони солҳои пеш ҳарсол Соли нави милодиро ҷашн мегирем.”
Ба фарқ аз Садриддин Холмирзоев, қишри муҳофизакори ҷомеаи Хатлон чандон аз Соли нави мелодӣ истиқбол намекунад ва сурфаи идонаро мухолиф ба фармудаҳои дини мубини ислом медонанд. Худи Садриддин Холмирзоев шоҳид низ будааст, ки баъзе шиносҳояш Cоли нави милодиро “ҳаром” гуфтаанд.
Вай мегӯяд, “дар ман одат шудааст, ки Соли нави милодиро ҷашн гирем. Мо ягон зарар надидаем. Аз замони Шӯравӣ ҷашн мегирифтам. Хурсандӣ аст ва мусалмонҳо бояд ягон вақт мухолифи ягон мазҳаб набошем. Солҳои пеш ҳамсояҳо русҳо, тоторҳо, кореягиҳо буданд. Ҳоло одамоне ҳастанд, ки ба ҳар роҳу восита одамонро ба ҳар тараф мебаранд, ки ин кори нохуб аст.”
Дар ду бозори шаҳри Қӯрғонтеппа -- “Фаровон”ва “Ҳоҷӣ Шариф” фурӯшгоҳҳою минимаркетҳои тӯҳфаҳои солинавӣ, ороишот барои хонаю арча хело зиёд ба назар мерасад. Гулизор, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ҳамроҳи бародарзодааш кулоҳи кӯдакона харидорӣ мекард, гуфт, ки Соли нав барои мусалмонҳо нест: “Мо омодагӣ намегирем ва ҷашн ҳам намегирем, ин ҷашни мо нест. Алҳамдуллилоҳ мусалмон ҳастем ва Наврӯзро ҷашн мегирем, ки иди мо аст",- гуфт ин сокини Қӯрғонтеппа.
Муҳаммад Маҳмудов, фурӯшандае дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар давоми рӯз даҳҳо харидор ба мағозаи ӯ сар мезананд ва бархе тӯҳфа мегиранду бархе ороишоти арча. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки аз паҳлӯи рафҳои пур аз бозичаҳои ҷилодор ва арӯсакҳои солинавӣ бо танаффур рад мешаванд.
“Гапҳое ҳаст, ки бояд Соли нав ҷашн гирифта нашавад, вале ман мебинам, ки занону кӯдакон омада харид мекунад ва ташвишашон бештар шудаст. Аз мушоҳидаҳоям омодагии мардум барои ҷашни Соли нав зиёд аст. Ҳарчанд харид дар бозор нисбат ба пештар камтар аст. Ин тарафаш мушкилоти иқтисодии мардум аст”- гуфт ин фурӯшандаи бозори Қӯрғонтеппа.
Дар Тоҷикистон тақрибан дар арафаи ҳар иди Соли нав баҳси ин масъалаи "ҷоиз ё ноҷоиз" будани таҷлили ин ид аз сӯи мусалмонон бармехезад. Фарҳангшиносон дар ин замина мегӯянд, Соли нави мелодӣ ҷашни миллии тоҷикон аст. Аммо ба эътиқоди иддае аз ҷомеашиносони тоҷик, "соли нави мелодӣ бозмегардад ба решаҳо ва бунмояҳое, ки дар оин ва фарҳанги пеш аз зардуштии мо ривоҷ доштанд. Ҳамон оини меҳрпарастӣ, ки ба гуфтаи фарҳангшиносон, таваллуди меҳр, ки маънои дӯстиву паймон ва рушноиву шукуҳ дорад, рӯзи 30-юми декабр будааст."
Мардум дар Тоҷикистон Соли навро, ки дар замони Шӯравӣ маҳбубтарин ид ба шумор мерафт, таҷлил мекунанд, аммо солҳои ахир ин ид шукӯҳу шаҳомати худро аз даст додааст. Мазҳабишавии ҷомеа ва мушкилоти иқтисодӣ, сабабҳои аслии камранг шудани таҷлили Соли нав гуфта мешавад.