"Салам, Москва" - сериали нав аз ҳаёти муҳоҷирон (ВИДЕО)

Шабакаи аввали телевизиони Русия дар торнамои интернетиаш ба намоиши сериали наве бо номи “Салам, Москва” шурӯъ кардааст. Қаҳрамонҳои ин сериал муҳоҷиронанд, ки чархи тақдир ҳамаи онҳоро ба Маскав андохтааст.

Шабакаи аввали телевизиони Русия аз 30 июн ба намоиши сериали наваш бо номи “Салам, Москва” шурӯъ кард. Ин сериал дар ҳоли ҳозир аз тариқи онлайн-кинотеатр дар торнамои интернетии Шабакаи аввал ва танҳо барои муштариёни обунашудааш дастрас мебошад.

“Салам, Москва”-и коргардон Павел Бардин дар бораи муҳоҷироне, ки Маскав омадаанд, ва ду маъмури шӯъбаи махсуси мубориза бо ҷинояткориҳои қавмии пулиси пойтахти Русия қисса мекунад. Яке аз ин маъмурон - Рустам аз Доғистон ва шарики ӯ Саня аз Маскав аст. Саня нисбат ба мардуми омад, яъне муҳоҷирон назари манфӣ дорад.

“Салам, Москва” дар ниҳоят ба зеҳни тамошобин ақидаеро талқин мекунад, ки дар байни ҳар қавм ҳам одами бад ҳаст ва ҳам одами хуб ва набояд ҳамаро бо як чашми манфӣ дид. Павел Бардин гуфт, “танҳо роҳи мубориза бо бегонбадбинӣ, ки ман дар даст дорам, сохтани филм аст, то асли мушкилро тавассути сарнавиштҳои мушаххас бифаҳмам ва бифаҳмонам.”

Бардин барои ин сериал асосан ҳунарпешаҳои то ҳол номатраҳро ҷалб кардааст. Ба ақидаи ӯ, ҷалби чеҳраҳои ошно воқеъияти сужаи филмро зери суол мебурд.

Ҳайъати эҷодии сериал мегӯянд, мушкилтар аз ҳама пайдо кардани ҳунарпешаҳои касбӣ аз Тоҷикистону Ветнам будааст. Дар ниҳоят нақши ветнамиҳоро ҳунарпешаҳо аз Бурятистону Тува ва ҳатто аз Узбакистон бозӣ кардаанд.

Павел Бардин мегӯяд, “қаҳрамонҳои аз ҳама пуробуранги мо тоҷикҳову чеченҳову доғистониҳо ва ветнамиҳоянд, ки рақсҳои миллии худро дар филм адо мекунанд, бо забонҳои худ ҳарф мезананд, ё русҳо, ки гоҳо ба русӣ дашном медиҳанд.”

“Салам, Москва” қабл аз нахустнамоишаш дар онлайн-кинотеатри Шабакаи аввали телевизиони Русия, дар ҷашнвораи “Дебют” ҷоизаҳо барои беҳтарин филмнома ва барои беҳтарин кори наворбардориро ба даст оварда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Салам, Москва" - сериал аз ҳаёти муҳоҷирон

Дар солҳои охир таваҷҷӯҳи коргардонҳои синамои рус ба масоили муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст.

Лаҳзае аз "Фирор аз Маскавобод"

Аз ҷумла дар соли 2015 филми ҳунарии “Фирор аз Маскавобод” рӯи саҳна омад. Ин филми коргардони ҷавон Даря Полторатская қиссаи Ҳасан ном суханчини ФМС аст, ки ҳамватанҳои бесабтиномашро ба ин идора мефурӯшад, вале дар ниҳоят барои корфармоҳояш ҳамчунон бегона боқӣ монда, дар чашми ҳамватанҳояш баракс хоин менамояд.

Яке дигар аз филмҳои пуртамошобин дар бораи ҳаёти муҳоҷирон сериали “Гулчатай” буд, ки солҳои 2013 ва 2014 дар шабакаи телевизионии “Россия” намоиш дода шуд. Дар ин филм нақши қаҳрамони асосиро ҳунарпешаи тоҷик Сайёра Сафарӣ бозӣ кардааст.

Дар соли 2013 коргардони шинохтаи рус Лариса Садилова филми “Она”-ро ба бозор дароварда буд, ки аз рӯзгори занони муҳоҷир дар Русия ҳикоят мекард. Нақши асосии Майяро дар ин филм ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Нилуфар Файзиева бозӣ карда буд.

Филми мустанади "Меҳмонон"-и коргардони рус Алексей Суховей, ки соли 2015 ба бозор даромад, аз тағйироте, ки муҳоҷират дар Русия дар зеҳну феълу рафтор ва табиати тоҷикон ба бор овардааст, қисса мекунад. Ин достони як гурӯҳи муҳоҷирон аз минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон аст, ки дар як ҷангали Русия дарахтбурӣ мекунанд.

Ду ҳафта пеш дар «Кинотавр» - яке аз мӯътабартарин ҷашнвораҳои синамои Русия дар шаҳри Сочи ҷоиза барои беҳтарин навкорӣ (дебют) ва ҷоизаи Гилдияи синамошиносон ва мунаққидони синамои Русияро коргардон Денис Шабаев барои филми мустанади “Чужая работа” (“Кори бегона”) ба даст овард. “Кори бегона» дар бораи шебу фарози зиндагии Фаррух Ғафуров ном муҳоҷире аз Тоҷикистон аст, ки орзуи ҳунарпеша шуданро дар дил дорад, вале талотуми рӯзгор ӯро ба қӯраи Русия андохтааст.