Оғози додгоҳи пурсарусадои маҳбусони "ҳақиқатталаб" дар Хуҷанд

Вакилон ва волидони Тошев ва Ризоев

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд айбдоркунандаи давлатиро аз идомаи ширкат дар мурофиаи Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошев барканор кард.
Абӯбакр Қулматов, вакили мудофеъи Суннатуло Ризоев, рӯзи 25 июл ба Озодӣ гуфт, азбаски вазифаи аслии айбдоркунандаи давлатӣ Мақсадулло Рухсатуллоев додситони назоратии зиндонҳост, ӯ наметавонад ба парвандаи зерҳиямояаш баҳои холисона диҳад.

««Айбдоркунандаи давлатӣ, Мақсадулло Рухсатуллоев ба ҳайси додситони нозири зиндонҳо медонист, ки замони тафтиши аввалияи парванда ва интиқоли Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев аз маҳбаси Душанбе ба зиндони Хуҷанд кормандони маҳбас онҳоро азобу шиканҷа ва лату кӯб кардаанд, аммо аз ҷониби Рухсатуллоев ягон чора дида нашудааст. Ҳамчунин вай Тошевро бо суханҳои қабеҳ дашном додааст. Аз ин рӯ бо дархости зерҳимояҳоямон ману Файзинисо Воҳидова ба далели ин ки Рухсатуллоев дар парванда манфиатдор аст, алайҳаш раддия эълон кардем ва додгоҳ қабул кард-» - зикр кард Абӯбакр Қулматов.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гардиши ғайричашмдошт дар додгоҳи Тошев ва Ризоев дар Хуҷанд



Қарор аст, додгоҳи шаҳри Хуҷанд нафари дигарро ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи рузи ҷумъа муаррифӣ кунад.


Боздоштгоҳи дувуми Хуҷанд

Рӯзи 25 июл мурофиаи парвандаи маҳбусони зиндони рақами 3 - и Хуҷанд, Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё ба истилоҳ СИЗО - и рақами 2 – и Хуҷанд оғоз ёфт. Ҳарчанд мурофиа озод эълон шудааст, вале ба ҷуз вакилони дифоъ касе, аз ҷумла пайвандони айбдоршавандаҳо ба толор раҳ дода нашуданд. Ба назари вакилони мудофеъ, ин амр ба хотири аз мардум пинҳон доштани маълумотҳо дар бораи ҷой доштани қонуншиканиҳо ва азобу шиканҷаи маҳбусон рӯи даст гирифта шудааст.

Тошев Бадридин, падари Садриддин Тошев дар суӯбат бо Озодӣ гуфт: «Ман шунидам, ки писарам 20 шабонарӯз гуруснанишинӣ кардааст. Аммо вайро надидаам ва аз аҳволи саломатиаш хабаре надорам. Барои аз Душанбе ба Хуҷанд омадан маблағ ҳам надорам. Ба толори мурофиа ҳам роҳам надоданд. Ин барои фарзанди ман ва оилаам як машаққат ва шиканҷаи бузург аст.»

Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоеви 27-сола мегӯяд, ҳамроҳи ҳамсараш ба Хуҷанд омада, аммо ҳанӯз ба дидори фарзандашон, ки бинобар хабарҳо, бемор аст, нарасидаанд. Ба ақидаи ӯ, мақомот ба ҷои таҳқиқи мавридҳои шиканҷа машғули таҳқиқи онҳое шудаанд, ки аз ин мавридҳои бадрафторӣ дар зиндонҳо ба матбуот хабар додааст.

Дар моҳи феврал алайҳи ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев бо иттиҳоми "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" парванда боз шуда буд. Ин парванда вақте боз шуд, ки як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2012 ба расонаҳо дастрас шуда, сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷашуда моҳи декабри соли 2012 дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе моҳи октябр даҳҳо маҳбусон аз Душанбе ба маҳбаси шаҳр Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар ҳоле, ки наздикони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид, мақомот мегӯянд, ки ин зиндонӣ даст ба худкушӣ задааст.


Садриддин Тошев

Наздикони Ризоев ва Тошев мегӯянд, ки шоҳидони маргши Икромзодаро махсус ба зиндони Хуҷанд таҳвил доданд, то ҳақиқати қатли ӯ рӯи об набарояд. Онҳо мегӯянд, ки маҳбусони таҳвилшуда дар Хуҷанд таҳти шиканҷа қарор доранд. Суннатулло Ризоев, бино ба хабарҳо, дар сари синааш бо корд исми як масъули зиндони Хуҷандро "ҳаккокӣ" кардааст, ки дар сурати марги мармузи ӯ ин масъулро ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Падари Ризоев - Маҳмурод Одинаев - ҳатто қасд дошт, ки бо талаби хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон аз ноҳияи Ҳисор то Душанбе як раҳпаймоӣ низ ташкил кунад.

Вакилони дифоъ ва наздикони Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев исрор доранд, ки мурофиаи онҳо на пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳ, балики ба таври кушода дар толори додгоҳ доир шавад. Аммо додгоҳи Хуҷанд то кунун ба ин дархост посух надодааст.