Мавсими нави театрӣ бо ҳузури ками тамошобин дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Театрҳои Тоҷикистон баъд аз як муддати танаффус дигарбора дари худро ба рӯйи сокинон кушоданд ва мақомот гуфтанд, ки намоишномаҳои наву диданӣ рӯйи саҳна хоҳад омад.

Дар остонаи давраи нав кормандони соҳа изҳори умедворӣ мекарданд, ки бинандаи бештареро ҷалб хоҳанд намуд, вале мавсим шоми 27-уми август дар театри ба номи Лоҳутии пойтахт бо ҳузури ками тамошобинон оғоз ёфт. Дар аксар курсиҳои толор сарбозон ва афсарони Вазорати дифои Тоҷикистон нишаста буданд. Масъулони театр гуфтанд, ки ҳузури низомиён ин ҷо тибқи як қарордоди дуҷониба сурат мегирад.

Солҳо боз ин суол матраҳ аст, ки чаро сокинон ва бахусус дар шаҳрҳо камтар ба театр мераванд? Ҷавобҳо мухталифанд. Ҳунармандону сокинон барои ба ин ҳолат расонидани театр якдигарро айбдор мекунанд. Яке аз завқи пасти бинанда шикоят дорад, дигаре аз намоишномаҳои куҳна. ​

"Намоишномаҳо ғулғула барпо намекунанд. Овозаи Рустам беҳ аз Рустам аст. Агар мардум фаҳманд, ки дар ҷое намоишномаи хубу диданӣ аст, ҳатман мераванд. Чаро то ҳол "Зани оҳанин"-ро бо завқ тамошо мекунанд? Ё театрҳои мо тавони таблиғи намоишномаҳои хубро надоранд, ё воқеан муҳтавои саҳнаҳо костааст",- гуфт Суҳроб ном сокини Душанбе.

Вале ҳунармандони театр бо ин ақида розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар мавсими гузаштаи театрӣ ҳунармандони театри ба номи Лоҳутӣ 6 намоиш таҳия карда, бо "Фирдавсӣ" соҳиби Шоҳҷоизаи ҷашнвораи "Парасту" гардиданд.

Лутфулло Давлатзода, роҳбари бадеии театри ба номи Лоҳутӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, "театр моли шаҳр аст ва шаҳрнишинон бояд бештар ба театр биёянд. Шарт нест, ки ҳама ба театр биёяд. Дар тамоми ҷаҳон театр макони орифон аст. Ба ин хотир, мо ҳадаф гузоштаем меҳри мардумро ба театр аз кӯдакӣ бедор кунем ва дар мавсими имсола низ барои кӯдакон чанд намоиш омода месозем".

Давлатзода афзуд, дар мавсими нав низ театри ба номи Лоҳутӣ қасд дорад шаш намоишномаи нав таҳия кунад. "Ҳатто дар солҳои шӯравӣ театр дар як сол 3 ё 4 намоишномаро таҳия мекард",-гуфт ӯ.

Бо ин ҳол, коршиносон мегӯянд, аксар театрҳои Тоҷикистон худкифо нестанд ва дар мавқеи давлатӣ ё нимарасмӣ фаъолият мекунанд. Онҳо аз назари молӣ дастнигаранд ва барои ба саҳна гузоштани намоишномае ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд.

Мушкили дигари театрҳои Тоҷикистон вуҷуди сензураи нонавишта ба мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ гуфта мешавад. Солҳои охир мақомот рӯҳониёни расмӣ ва кормандони Вазорати умури дохилӣ ва ниҳодҳои дигари давлатиро барои рафтан ба театр ташвиқ кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мавсими нави театрӣ бо ҳузури ками тамошобин дар Тоҷикистон

Баъзе аз ҳунармандони театр мегӯянд, барои диданӣ шудани намоишномаҳо ва ҷалби бештари мардум ба ин даргоҳ нақшаҳои навро рӯи даст гирифтаанд. Яке аз ин нақшаҳо ҷавон кардан ҳайати кормандони театр аст.

Сабоҳат Қосимова, роҳбари бадеии театри "Аҳорун"" ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои рушди ҳунари театрӣ дар Тоҷикистон зарур аст бештар ба ҳунармандони ҷавон такя кард.

"Намедонам дар театрҳои дигари Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст. Аммо театри мо тасмим гирифтааст, бештар ба ҳунармандон ва коргардонҳои ҷавон такя кунад. Ҳоло коргардони ҷавони мо Фирдавс Қосимов ду намоишномаеро таҳия мекунад ва ҳунармандони ҷавон дар тамрини ин ду намоишнома ҷалб шудаанд",- афзуд ӯ.

Сабоҳат Қосимова гуфт, ки дар гузашта Фаррух Қосимов, бунёдгузори фақиди ин театр барои таҳияи намоишномаи "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон"-ро беш аз як сол таҳия карда буд. Қосимова бар ин аст, ки "барои таҳияи намоишномаи хуб фурсати бештар зарур аст ва набояд дар ин самт шитоб кард".

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ ва даҳҳо театри халқӣ дар ҷамоату шаҳраку ноҳияҳо фаъолият дошта, ба қавли мақомот, таваҷҷӯҳи мардум ба театр нисбат ба солҳои пеш "бештар гардидааст".

Бархе аз мунтақидон мегӯянд, ҳоло дар аксари театрҳо тамошобин кам аст ва ҷойи намоишномаҳои касбиро дар минбарҳои пуртамошобин аксаран рақсу овозхонӣ гирифтааст. Дар бораи фурӯши иҷбории билетҳо ва овардани хонандагони мактабҳои миёна ба театрҳо борҳо дар расонаҳо хабар нашр шудааст.