Дар Театри ҷавонони шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши спектакли “Қобил” ба саҳна гузошта шуд, ки ба қавли муаллифонаш, назар ба гузаштаҳо, имрӯз аҳамияти муҳим пайдо карда аз мушкили доғи ҷомеа - ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ қисса мекунад.
Достони ду фарзанди як модар - Қобилу Ҳобил - ихтилофҳои иҷтимоии бародарони хуниро ба риштаи таҳлил кашидааст, ки яке рисолати неку хуб дорад ва дигар дар ниҳоят террорист мешавад.
Сужаи асар бар асоси достони нависандаи маъруфи англиси қарни 17-18 Ҷорҷ Байрон ("Хайр" - "Сain”) эҷод шуда, ихтилофҳои миёни бародарони хунӣ Қобилу Ҳобилро қисса мекунад.
Нахустнамоиши спектакл дар доираи барномаи "Театр алайҳи терроризм" баргузор шуд. Муаллифи сенарий ва коргардони намоишнома Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ, коркардони туркмантабори муқими Бритониё аст, ки бо пуштибонии созмони ҳамкории Швейтсария ба Тоҷикистон омада, бо ҳунарварони тоҷик ин намоишномаро рӯи саҳна гузоштааст. Ин коргардон дар гузашта намоишномаи "Суди девонагон" (бар асоси асарҳои «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир»-и Шекспир)-ро ба саҳна гузоштааст.
Яке аз иҷрокунандагони нақши асосии ин намоишнома – овозхони поп Дилноза Каримова мегӯяд, барои ӯ иҷрои нақш дар спектакл таҷрибаи нахустин ва хеле ҳаяҷонӣ буд. Мегӯяд, якбора ду нақшро дар ин спектакл бозӣ карда аз ин таҷриба барои худ чизҳои наве омӯхтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад