Ба Тоҷикистон дастгоҳҳои нави ташхискунандаи мутобиқати генетикии наварӯсон ворид шудааст, ки бояд шонси таваллуди фарзанди солимро бисанҷад. Ин дастгоҳҳои аз Олмону Русияву Чин воридшуда дар маркази нави миллии ташхиси генетикӣ гузошта мешаванд, ки қарор аст батозагӣ бунёд шавад. Дастгоҳҳо, ба гуфтаи масъулин, на танҳо мутобиқати генетикии ҷуфтҳо, балки ҳамчунон мавҷудияти иллату айб дар тифли ҳанӯз дар батни модар бударо муайян хоҳад кард. Ин дастгоҳҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аллакай истифода мешаванд.
Дар ин замина ахиран тағйироту иловаҳо ба қонунҳо дар бораи «Саломатии репродуктивӣ» ва «Дар бораи оила» ва ҳамчунин ба Кодекси оила ворид шудааст. Ҳоло бояд муқаррароти марбут ба ин қонунҳо таҳия шаванд, ки механизми кори ин санҷишҳоро танзим хоҳанд кард.
Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров кори ин дастгоҳҳоро дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ шарҳ дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ташхиси қабл аз издивоҷи 43 ҷуфти ҷавон дар Кӯлоб
Бори аввал Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Кӯлоб аз никоҳи расмии ҷуфте, ки бо ҳам пайванди хешу таборӣ доштаанд, худдорӣ кард.
Бо дастури Идораи сабти ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб қабл аз издивоҷ 43 ҷуфти ҷавон аз ташхиси тиббӣ гузаштааст, ки дар натиҷа як ҷуфт пайвандии хешу таборӣ доштааст. Масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё худ ЗАГС дар Кӯлоб мегӯянд, ба ин ҷуфт фаҳмонида шуд, ки оқибати никоҳи хешутаборӣ хуб нест ва бинобар ин аз тасмими худ даст кашанд.
Ҳамчунин, ин идора 42 ҷуфт навхонадоронро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ қабл аз издивоҷ раҳнамоӣ кардааст. Ин кор дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки соли 2015 дар паёми раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “Соли оилаи солим» эълон шуда, аз никоҳҳои хешутаборӣ нигаронӣ сурат гирифта буд.
Ҳарчанд, дар мавриди аз ташхис гузаштан ё нагузаштани издивоҷкунандагон қонуне амал намекунад, вале кормандони сабти ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-и шаҳри Кӯлоб мутобиқи моддаи 15-и кодекси оила амал карда, сар аз 2 март издивоҷкунандагонро ба ташхиси тиббӣ дастур дода, дар ҳолати солим будан, онҳоро никоҳ мебанданд.
Ҷамила Рӯзиева, як масъули САҲШ-и шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 8 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати як моҳи ахир ташхиси тиббии 43 ҷуфти ҷавон, ки қасди издивоҷро доштанд, сурат гирифт ва дар натиҷа ба як ҷуфт иҷозаи издивоҷ дода нашуд. Ба гуфтаи хонум Розиқова, ин ҷуфти ҷавон пайвандии хешу таборӣ доштанд ва хунашон ба ҳам мувофиқ будааст ва ба ин далел ба онҳо иҷозаи издивоҷ дода нашуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳси манъи никоҳи хешу таборӣ ва ҳатто таҳияи тарҳи қонун дар ин замина ду сол қабл аз ҷониби Саодат Амиршоева, вакили вақти парлумони Тоҷикистон ба миён омада буд. Ин кор дар Кӯлоб замоне роҳандозӣ шуд, ки бар пояи пажӯҳиши чанд соли пеш дар вилояти Суғд, то 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд. Бештари мавориди никоҳи хешутаборӣ, бино бар ин таҳқиқот, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.