Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11 август бо судури як фармон Неъматулло Эмомзодаро сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин кардааст, ки то расидан ба ин мақом мушовири сафири Тоҷикистон дар Украина ва аз ин пеш, дар соли 2006 корманди консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шарифи Афғонистон буд. Аз он пеш муовинати раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Бар замми вазифаи мушовири сафири Тоҷикистон дар Украина, Неъматулло Эмомзода ҳамчунин сарконсули Тоҷикистон дар Севастополи Қрим буд. Қрим дар моҳи марти соли равон аз тарафи Русия ба қаламрави ин кишвар ҳамроҳ карда шуд.
Бо фармони дигари президент Мирзошариф Ҷалолов, ки аз Тоҷикистон дар котиботи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой намояндагӣ мекард, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин шуд. Вай хатмкардаи Донишгоҳи забон ва фарҳанги Чин дар Пекин буда, пас аз як муддати кор дар сафорати Тоҷикистон дар Чин, сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Аз ин мақом Саидбег Саидов барканор шуд ва дар хабари расмӣ омадааст, ки ӯ ба вазифаи дигар мегузарад. Саидов қаблан дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.