Баҳси шебу фарозҳои “Роҳи Нави Абрешим" дар Вашингтон

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, бо ҳар қимате ки бошад, тарҳи “Роҳи Нави Абрешим”-ро дар Осиёи Марказӣ амалӣ намояд.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, танҳо пешрафту шукуфоии иқтисодӣ метавонад, Осиёи Марказиро аз харҷу марҷ, бесуботӣ ва ҷангҳо нигоҳ дорад. Аммо барои ин, ба ақидаи онҳо, сармоягузориҳои азиме ба иқтисоди ин минтақа сарозер шавад ва давлатҳои он рушди иқтисодиро аз зӯргӯиву худхоҳӣ болотар гузоранд.

Ин аст, ки вазоратҳои умури хориҷӣ ва тиҷорати Иёлоти Муттаҳида ба тарҳи “Роҳи Нави Абрешим” таъкид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин тарҳ бояд Осиёи Марказиро ба минтақаи барои сармоягузорон ҷолибу гуворо табдил диҳад ва рушди иқтисодию тиҷоратии он ба манфиати ҳамаи тарафҳо бошад.

ОРЗУҲОИ ДАРОЗМУДДАТ?

Даника Старкс, намояндаи аршади Вазорати тиҷорати Амрико дар конфаронсе, ки Кумитаи Ҳелсинкии Иёлоти Муттаҳида , барои баррасии тарҳи “Роҳи Нави Абрешим” ташкил додааст, рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми июл дар Вашингтон гуфт, афсона ё орзу нахоҳад буд, ки рӯзе “кишоварзони қирғиз молу меваи худро на танҳо дар бозорҳоио Қирғизистон, балки дар Афғонистону Покистон фурӯхта тавонад, тоҷирони Узбакистон мустақим ба Душанбе парвоз кунанд, соҳибкоре аз Ню Йорк дар як ҳафта аз Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон дидан кунад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши Роҳи Абрешим




Аммо ҳам ӯ ва ҳам нотиқони дигари ин ҳамоиш иқрор карданд, ки ҳаракат ба ин самт мушкил ва монеаҳои зиёд дорад. Пеш аз ҳама ин ҳолат ба назар мерасад, ки кишварҳои минтақа таваҷҷӯҳе ба тиҷорати озод ва густариши равобити иқтисодӣ нишон намедиҳанд. Онҳо дар ду даҳаи гузашта натавонистаанд, бозори муштараки худро таъсис диҳанд. Таҳлилгар ва журналист Ҷошуа Кучера дар ин нишаст аз сиёсатҳои ҳукумати Узбакистон интиқод кард ва гуфт, ин кишвар робитаҳои тиҷоратияшро бо Тоҷикистон ба поинтарин сатҳ коҳиш дода, талош дорад, ҳамаи роҳҳоро ба самти ин ҳамсояаш бандад. Дар посух кишварҳои минтақа ба он мекӯшанд, роҳҳое созанд, ки аз қаламрави Узбакистон нагузаранд. "Байни кишварҳо нобоварии бузург нуҳуфтааст, ки шояд танҳо насли нави сарварони минтақа тавонад, онро б артараф намояд."

Ба сурати умум вазъи роҳҳое, ки оянда қарор аст, ба истилоҳ, рагу пайи “Роҳи Нави Абрешим”-ро ташкил диҳанд, рӯ ба беҳбуд аст, аммо шумораи онҳо кофӣ нест, ки Осиёи Марказӣ Аврупову Ховари Миёна ва Ҳинду Чинро ба ҳам пайванд диҳад. «Роҳи Нави Абрешим» шабакаи роҳҳои тиҷориву нақлиётиест, ки аз даштҳои Осиёи Марказӣ то ба бандарҳои Ҳинд доман хоҳанд густурд. Мақомоти Амрико ин барномаро бо «плани Маршалл», ки баъди ҷанги дувуми ҷаҳон заминаи эҳё ва пешрафти Аврупои ҷангзадаро фароҳам овард, монанд мекунанд.

ПУЛ БО ПУЛ СОХТА МЕШАВАД

Аксари сухангӯёни нишаст ба он ишора карданд, ки захираҳои энержии минтақа метавонанд ба беҳтарин шева заминаҳои рушди иқтисодии онро фароҳам оранд. Дар ин робита аз чанд тарҳ, ба монанди ТАПИ (лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон) ва CASA-1000 (интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон) ёд шуд.

Намояндаи Бонки Осиёии Рушд, Крейг Стеффенсон ба мушкили сармоягузорӣ ба тарҳҳои муштараки минтақаӣ ишора кард ва пешниҳод намуд, ки кишварҳои Аврупо ва Соҳили Болтик низ ба иҷрои ин тарҳҳо ҷалб шаванд.

Дар ҳоли ҳозир нақши Чин ва Русия дар тарҳҳои минтақа бузург аст, аммо манфиатҳои ин мамолик бо пешниҳодҳои Иёлоти Муттаҳида дар мухолифат қарор доранд. Намояндаи Вазорати тиҷорати Амрико Даника Старкс эълом дошт, ки тирамоҳи имсол Вашингтон мехоҳад дар ду ҳамоиши бузурги байнулмилалӣ масъалаи сармоягузорӣ ба тарҳи “Роҳи Нави Абрешим”-ро баррасӣ намояд. То ёфт шудани маблағҳои бузург, ба эҳтимоли зиёд тарҳ ҳамон мисли таманнои нек боқӣ мемонад.

Ин нукта ҳам зикр шуд, ки ҳарчанд ҳадаф аз тарҳ боқӣ мондани Иёлоти Муттаҳида баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 аст, ҳароси он ки баъд аз хуруҷ дар минтақа чӣ чизҳо иттифоқ хоҳад афтод, сармоягузорони эҳтимолиро ба иқтисод ва ояндаи Осиёи Марказӣ рӯҳбаланд нахоҳад кард. Амрико тарҳи «Роҳи нави Абрешим»-ро аз тобистони соли 2011 ба ин сӯ ташвиқ мекунад. Ҳадафи ин тарҳ ба як кишвари муҳими транзитӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ табдил додани Афғонистон аст.