Пешниҳоди "мактаби нави исломӣ" баҳси пуршӯреро бапо кард

Акс аз бойгонӣ

Даъват ба ислоҳи таълими исломӣ дар мактабҳои динӣ сабаби баҳси шадиде дар Форуми байнулмилалии мусулмонон дар Маскав шуд.

Дар Форуми байнулмилалии мусулмонон дар Маскав баҳси асосӣ ба зарурати ислоҳот дар соҳаи маорифи исломӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ рабт гирифт. Дар ин анҷуман, ки бо талошҳои Идораи мусулмонони Русия, Шӯрои муфтиёни Русия, Бунёди ҳимоят аз илм, фарҳанг ва маорифи исломӣ ва ҳамчунин Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ баргузор шуд, дар қатори 300 вакил аз манотиқи мусулмоннишини Русия, Беларус, Эрон, Саудӣ, Туркия, Малайзия, Муғулистон, Қатар, Индонезия, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон намояндагон аз Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Ба гуфтаи Айдар Хабутдинов, устоди Донишгоҳи адлияи Русия ва раҳбари Кумитаи барномарезии Форуми байнулмилалии мусулмонон, ҳарчанд мавзӯъҳои асосии анҷуман ба вазъи мусулмонони ҷаҳон дар давраи таҳаввулоти бунёдӣ ва нақши мусулмонон дар бунёд ва таҳкими Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пайванд дошт, пешниҳоди ислоҳи маорифи исломӣ баҳсҳои доғеро ба миён овард.

Ин масъала ширкатдорони анҷуманро ба ду гурӯҳи мухолиф ҷудо кард. Қисме аз онҳо бар ин буданд, ки низоми таълими исломӣ реша дар умқи таърих дошта, аз озмуни садсолаҳо гузаштааст ва ҳеч гуна ниёз ба тағйир надорад, аммо қисми дигар мегуфтанд, ин низом махсусан дар 70 соли Шӯравӣ анъанаҳои худро аз дода, акнун таҳти таъсири равияҳои гуногуни хориҷӣ қарор дорад ва наметавонад ба зуҳури тундгароӣ дар байни уммати кишварҳои пасошӯравӣ тобовар бошад. Бархе аз нотиқон гуфтаанд, бояд пешрафтҳои бузурги бархе аз кишварҳои исломӣ дар риштати таълими динӣ омӯхта ва дар кишварҳои пасошӯравӣ татбиқ шаванд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи корманди илмии Маркази масъалаҳои Қафқоз ва амният дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалӣ Аҳмад Ярликапов, "мактаби исломӣ ҳамоно фаъолияти худро ба тарзи куҳна ва ақибмонда идома хоҳад дод".

Ин нукта ҳам таъкид шуд, ки ба ғайр аз мактабҳои расмии динӣ дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ анъанаи мактабҳои хусусии назди домулло ва бибиотунҳо вуҷуд дорад, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва бархе аз чунин таълимгоҳҳо аз назорат берун буда, насли наврасро дар рӯҳияи тундгароӣ тарбия меунанд ва ба он донишҳои амиқу зарурии исломӣ намедиҳанд. Вале мухолифони ин андеша гуфтаанд, мактаби динӣ танҳо донишҳои ибтидоии мазҳабӣ медиҳад ва ҳадафи он ташаккули ҷаҳонбинии мусулмонон нест.

Марказонидани мактабҳои динӣ, ки ҳамчун роҳи ҳалли масъала пешниҳод шуд, баҳсро сахттар кард, зеро низоми таълим дар ҳар кишвар мустақил буда, зарурат ба бунёди як иттиҳодро надорад. Бархе аз вакилони анҷуман гуфтаанд, бояд ҳамаи маорифи исломӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ зери чатри Академияи исломии Русия ба ҳам оварда шавад. Ин пешниҳод инчунин ба майли мусбати мусулмонон нисбати ташкили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рабт дода шуд ва як "пешниҳоди фармоишӣ" пазируфта нашуд. Он ҳам дар ҳоле ки чанде аз нотиқони анҷуман дар паёмҳои худ аз сиёсатҳои раисиҷумҳурри Русия, Владимир Путин, назари ӯ ба "арзишҳои Ғарбӣ" ва зарурати эҳёи як иттиҳод ҳимоят карданд.

Дар Форуми байнулмилалии мусулмонон дар Маскав Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои ислом, шайх Алӣ Муҳиддин аль-Қарадоӣ, узви шӯрои муассисони Лигаи ҷаҳонии мусулмонон Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ширкат ва суханронӣ карданд.