90 рӯз - барои сабти ҳар мошини гаронбаҳо

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон барои сабти мошинҳои гаронбаҳои воридотӣ 90 рӯз мӯҳлат муқаррар кардаанд. Тайи ин муддат бояд аз тарқи Интернет маълум кунанд, ки мошин дуздӣ нест.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои танзими фурӯши мошинҳои гаронқимати хориҷӣ низоми нав ҷорӣ кард. Бино ба ин низом, то гирифтани посух аз Интерпол, ки ин мошин дуздӣ нест, фурӯши он низ иҷоза дода намешавад.

Як намояндаи шӯъбаи бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 27 ноябр дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, мошинҳои гаронқимате, ки аз хориҷи Тоҷикистон ворид мешаванд, тайи 90 рӯз дар ҳисоби мақомот қарор мегиранд: “Омадан баробар мо онро дар қайд мемонем. Вақте ки соҳибони мошин омаданд, тамоми ҳуҷҷатҳоро барояшон таҳия мекунем. Аммо агар ҳамон замон хоҳад, ки аз қайд барорад, намебарорем, зеро мо дар мӯҳлати гузоштаи мо бояд аз Интерпол ҷавоб ояд. Агар ҷавоб ояд, ки мошин дуздӣ нест, пас иҷозаи аз қайд бароварданашро медиҳем.”

Мақомот мегӯянд, ин муқаррароти нав барои мошинҳои "седан"-и қиматашон аз 30 000 доллар боло ва барои мошинҳои "Ҷип"-и нархашон аз 40 000 доллар боло таъйин шудааст.

Тасмими вазорати корҳои дохилӣ дар ҳоле гирифта шудааст, ки расонаҳои ғарбӣ Тоҷикистонро яке аз бозорҳои “обулой”-и мошинҳои дуздидашуда муаррифӣ карданд. Дар декабри соли 2013 маҷаллаи олмонии «Билд» хабар дод, ки ҳудуди 200 мошини қиматбаҳои BMW-и аз Олмон рабудашуда дар Тоҷикистон пайдо шудаанд ва бархе дар дасти афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон будаанд. Дар пайи ин хабар матбуоти Олмон аз қавли гумруки Узбакистон низ аз кашфи ҳудуди 20 мошини дуздӣ дар масири кишварҳои соҳили Балтик ба Тоҷикистон хабар дод.

Тобистони соли равон вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кашфи 127 мошини дуздӣ дар ин кишварро эътироф кард, аммо фазосозии иттилотӣ дар атрофи Тоҷикистонро ғайримантиқӣ ҳисобид ва гуфт, дар махзани Интерпол 7,6 миллион мошини дуздӣ сабт шудаааст, ки дар қиёс бо он рақаме, ки дар Тоҷикистон кашф шуд, хеле ночиз аст. Аммо дар ин робита касе дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида нашуд, зеро шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин “тиҷорат”, ба гуфтаи мақомот, ҳамагӣ нафари сеюм ва харидори бовиҷдон маҳсуб мешаванд. Далели дигар ҳам ин буд, ки мошинҳои дуздӣ аз ҳудуди кишварҳои Шенген ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ 6-7 ҳазор километрро гузашта, танҳо дар Тоҷикистон ошкор мешаванд.

Tajikistan -- A car market in Tajik capital Dushanbe,18Jul2012

Дар ҳамин ҳол, низоми нави ҳуҷҷатгузории мошинҳои гаронқимати хориҷӣ аз сӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои тоҷирони ин бозор мушкили зиёд халқ кардааст. Тоҷироне, ки бо Озодӣ суҳбат карданд, мегӯянд, ин тиҷорати хурд нест, садҳо ҳазор доллар гардиш мехӯрад ва аз гардиш мондани сармоя ҳатто ба даромадҳои давлатӣ низ зарар меравонад.

Дилшод Муқимов, яке аз ин тоҷирон, мегӯяд, аз Аврупо ба мабалғи умумии 200 000 доллар яктоӣ BMW, Range Rover ва “ҷип”-и Mersedes овардааст, аммо дар БДА ба ӯ гуфтаанд, ки се моҳ мунтазир шавад: “Мо мошинро худамон мехарем, тавассути як фирма. Ҳуҷҷатҳояшро аз худи Олмон ба ман тариқи интернет мефиристанд. Ин фирма сабти ном шуда, қонунӣ фаъолият мекунад. Мо ба он бовар дорем, зеро ҳамаи мошинҳо ҳуҷҷатҳои худро доранд. 100 фоиз тозаанд ин мошинҳо.”

Харидоре, ки нахост номашро зикр кунем, инро нақзи ҳуқуқи худ номид, зеро ӯ наметавонад се моҳ мунтазир бимонад ва вақташро зоеъ кунад. Ба қавли ӯ, эҳтимолан то се моҳи дигар нархи мошинҳо боло раванд ё андоз бештар шавад ва ин ҳама дар пешбиниҳои ӯ нестанд.

Дар ҳамин ҳол, Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттиҳодияи истеъмолгарони Тоҷикистон, гуфт, низоми нави вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Қонуни ҳуқуқи истеъмолкунандагон мухолифат намекунад, зеро қонун ҳолатҳои умумӣ ва махсусро пешбинӣ кардааст: “Дар ҳолати умумӣ чизеро, ки харидорӣ кардед, касе ду ё се моҳ нигоҳ дошта наметавонад. Аммо бино ба ҳолатҳои махсус ҳукумат метавонад бо ягон қонуни дигар ё қарор дастрасии истеъмолкунандаро ба ин ё он мол маҳдуд кунад. Ҳолатҳои махсус дар қонун муайян нашудаанд, аммо ҳолати мазкур чунин ҳолат буда метавонад.”

Масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ низ маҳдудияти ҳуқуқи истеъмолкунанда ва ҳам эҷоди мушкил дар кори тоҷиронро рад намекунанд, аммо мегӯянд, барои беҳбуд бахшидани имиҷи Тоҷикистон ва ҳам таҳти назорат гирифтани ҷинояткорӣ ин тасмим фавқулодда муҳим аст.