Ғизои рӯҳу тан дар "Шукрона"-и Бахтиёр Аминӣ (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе шоир ва соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Аминӣ тарабхонаеро бо номи "Шукрона" роҳандозӣ кардааст, ки ҳадаф аз он дар баробари пешкаш кардани ғизои моддӣ, ғизои маънавӣ низ мебошад.

Ба ақидаи баъзе аз сокинони Душанбе, дар пойтахти Тоҷикистон аз муштарӣ дида тарбахонаву қаҳвахона бештар шудааст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки шумораи ин марказҳои тафреҳиву ғизохурӣ, рӯз дар миён дар ҳоли афзоиш аст.

Аксарият бар инанд, ки теъдоде аз ин тарабхонаву қаҳвахонаҳо пас аз чанд муддати фаъолият муфлис шуда, дарҳои худро барои муштариён мебананд. Аммо Бахтиёр Аминӣ -- шоир ва соҳибкор ба ин ақида розӣ нест. Вай мегӯяд, агар ҳунари ошпазӣ тавъам бо тахайюлот ва муносибати хос бо ҳар як муштарӣ бошад, муваффақият насиб мешавад.

Таъсиси тарабхонаро барои Бахтиёр Аминӣ дӯстонаш тавсия намедоданд, зеро дар ин бозори рақобат пайдо кардани мавқеъро кори саҳл намедонистанд. Аммо Бахтиёр аз тасмимаш нагашт, чун мехост, барои аҳли адаб ва сокиноне, ки муштоқу шефтаи фарҳанг ҳастанд, маконеро фароҳам орад, ки дар баробари хӯрдани ғизо, лаззати маънавӣ бигиранд. Бахтиёр Аминӣ, ки мегӯяд ошпазиро аз бобову падар ба мерос гирифтааст ва метавонад муддати ду сол, ҳар рӯз хӯрокҳои нав бипазад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Шукрона"-и Бахтиёр Аминӣ дунболи чист?