Гузориш. Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм "суст" шудааст

Амрико мегӯяд, ки норасоии пул, тамрини нокофии нерӯҳои амниятӣ ва марзбонон тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар ифшову боздошти террористонро суст кардааст. Иддаое, ки Вазорати дифои Тоҷикистон рад кард.

Вазорати умури хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико мегӯяд, таваҷҷӯҳи аслии ҳукумати Тоҷикистон дар муқобила бо терроризм дар соли 2014 аз байн бурдани гурӯҳҳои хурди тундрав ва ифротгароии исломӣ будааст.

Дар гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Амрико, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2014 алайҳи 12 нафар бо иттиҳоми терроризм парванда боз карда, 181 нафарро барои ҳимоят аз терроризм ва ё паҳн кардани он ба ҷавобгарӣ кашиданд ва дар робита ба тарғиби ифротгароӣ дар маҷмӯъ 154 парванда боз карданд. Дар ин гузориш, хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро ҳам овардаанд, ки соли 2014 гуфт, ҳафт тарҳи ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла дар Корхонаи тавлиди алюминий, додситонӣ ва қароргоҳи ҳукумати шаҳри Турсунзодаро ошкор ва хунсо кардааст.

Эътирофи ҳузури 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро Вазорати умури хориҷии Амрико "бузургтарин тағйирот дар муҳити амниятии Тоҷикистон дар соли 2014" номида ва гуфтааст, ки дар сурати бозгашт онҳо барои амнияти кишвар хатар эҷод мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бинобар хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва ҷалб шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" хатари тундравоне, ки аз манотиқи ҷангзада ба кишвар бармегарданд, дар соли 2014 зиёдтар шудааст. Азбаски гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи мубориза бо терроризм пеш аз фирору ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастани полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов омода шудааст, дар ин гузориш аз ӯ ном набурдаанд.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, ҳарчанд давлати Тоҷикистон соли 2014 барои рафъи заъфи стратегияи зиддитерористиаш талошҳоро идома дод, аммо норасоии пул, фасодкорӣ, тамрини нокофии нерӯҳои амниятӣ ва марзбонон тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар ифшову боздошти террористонро суст кардааст. Аз сӯи дигар, ҳамкории байниҳамдигарӣ ва табодули иттилоъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон суст будааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, агарчи ин гузориши тозаи Вазорати хориҷии Амрико ба онҳо нарасидааст, вале таъкид кард, ки Тоҷикистон солҳои охир тамринҳои зидди гуруҳҳои ифротӣ ва терроризмро коҳиш надода, балки тақвият намудааст. Ӯ мегӯяд, махсусан ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар шароити кӯҳистон омодагӣ мебинанд, ки сарбозони кишварҳои дигар тақрибан аз он бебаҳраанд.

Фаридун Маҳмадалиев

"Дар масъалаи мубориза бо терроризм мо заъф надорем. Ҳатто ба қарибӣ як маркази нави таълимӣ дар Ромит ба истифода дода шуд, ки дорои таҷҳизоти навтарин аст ва ҷангро дар шароити кӯҳистон ба сарбозони мо меомӯзонад," -- афзуд ӯ. ​

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳам мегӯяд, Тоҷикистон саъй кардааст, соли гузашта бо кӯмаки Амрикову Русияву Ҷопон ва Иттиҳодияи Аврупо қудрати артишу нерӯҳои интизомӣ ва посбонии марзҳояшро барои ҷилавгирӣ аз вуруди унсурҳои тундрав ва террористӣ қавӣ кунад. Ин гузориш мегӯяд, бо он ки дар назорати марзҳои кишвар пешрафт ҳосил шудааст, аммо посбонии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кори сахт аст ва сармоя ва қудратеро талаб мекунад, ки ҳукумат дар ихтиёр надорад. Марзи 1400-километрии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки манотиқи кӯҳӣ ва осонгузар бисёр дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва кишварҳои аврупоӣ ба ҳисоб меравад ва вуруди унсурҳои гурӯҳҳои хурди ифротиву тундрав аз ин марзро аз эҳтимол дур намедонанд.

Дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи талошҳои Тоҷикистон дар муқобила бо сармоягузории терроризм ва пулшӯӣ омадааст, ки Тоҷикистон соли 2014 қонунҳояш дар ин заминаро ба меъёру муқаррароти байнулмилалӣ наздик кард ва аз ин рӯ ба феҳристи кишварҳое ворид шуд, ки муқобила бо пулшӯӣ ва сармоягузории терроризмро ҷиддӣ гирифтаанд. Дар соли 2014 додгоҳҳои Тоҷикистон 7 нафарро барои пулшӯӣ ва як нафарро барои сармоягузории терроризм ба зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот 20 ҳазор долларро бар асоси як парвандаи пулшӯӣ кашфу мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, аз байн бурдани тундгароии хушунатбор ва экстремизмро ҳукумат ба муҳимтарин вазифаи афзалиятнок табдил додааст. Дар ин замина, ба гуфтаи муаллифони гузориш, давлат ба ҷои пешниҳоди ақидаҳои муқобили ифротгароӣ, шабакаҳои иҷтимоиро мебандад. Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки тадбирҳои андешидаи ҳукумат барои муқобила бо ифротгароӣ, ба озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ гузоштаанд. Дар инҷо манъи рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид ва ҳамингуна манъи ибодати занон дар масҷидҳо дар Тоҷикистонро ёдовар шудаанд, ки ҳукумати кишвар барои қарори аввалӣ аз тарафи рӯҳониён бисёр танқид мешавад.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳар сол дар бораи мубориза терроризм дар ҷаҳон гузориш нашр мекунад ва дар ин гузориш талошҳои кишварҳои ҷаҳон барои маҳви ин зуҳурот инъикос меёбад.