Хатти машши раисони нави навоҳии Хатлон чӣ хоҳад буд?

Раисони нави чанд ноҳияи вилояти Хатлон мегӯянд, мубориза бо ақидаҳои ифротӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва талош барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳадафҳои аслии кори онҳо дар мақоми нав мешавад. Дар пайи тағйироти кадрии ахир чор раиси шаҳр ва ноҳияи вилояти Хатлон нав шуданд. Дар як сӯҳбати мухтасар Радиои Озодӣ аз онҳо суол кард, ки ҳалли кадом масъалаҳоро дар хати машши кори худ қарор медиҳанд?

Самизода: "Бо ифротият мубориза мебарам"

Санавбар Самизода, раиси шаҳри Сарбанд, ки ҳамаги 5 рӯз шуд ба ҳайси раиси ин шаҳр кор мекунад, гуфт, масъалаи бекорӣ ва ифротишавии ҷавонон аз масоилест, ки ӯро зиёд ташвиш медиҳад. Вай гуфт, “шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ, анҷоми сохтмонҳои нотамом, иҷрои нақшаи соҳаи кишоварзӣ” – барои ӯ ҳамчун муҳимтарин чолишҳои ин минтақаи саноатии вилояти Хатлон ба шумор меравад.

Қарахон Чиллаев.

Қарахон Чиллаев, собиқ шаҳрдори шаҳри Сарбанд қаблан аз фаъолияти дискоклубҳо ё марказҳои дилхушӣ дар ин шаҳр ва сар задани ҷиноятҳои ахлоқӣ, куштор ва таҷовузи гурӯҳии як зан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар назди маркази дилхушӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, бояд ин гуна марказҳо баста шаванд. Аммо Санавбар Самизода, раиси тозатаъини Сарбанд бар ин назар аст, ки “мушкилро набояд бо танқиду маломат кардани мардум, балки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ бояд рафъ намуд.”

"Худо хоҳад кор мекунем..."

Сулаймон Валиев, раиси тозатаъини ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар марҳилаи аввал мехоҳад, ки қарз аз музди маоши кормандони будҷавиро аз миён бубарад. Вай гуфт, сухан аз истифодаи “ғайримақсадноки қисми хараҷоти будҷа намеравад. Балки қарз аз музди меҳнати кормандони идораи об 28 ҳазор сомонӣ аст. Ба арсаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ кунем, ки соли ҷори 1800 гектар таъмин нашудааст, ки мехоҳем инро таъмин кунем. Худо хоҳад кор мекунем ва ҳама дастуру супоришҳоро иҷро мекунем.”

Ҷаноби Валиев, ки муовини соҳаи кишоварзии ҳукумати ноҳияи Бохтар буд ва бо дастури президент вазифаи раиси ноҳияи Фархорро ишғол кардааст, мегӯяд, ин ноҳия ҳаммарзи Афғонистон аст ва таъмини амнияту пешгирӣ аз ҳама гуна мавридҳои ғайриқонунии убури марз, бахусус аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпешаву ҷангҷӯ ҳамеша дар зеҳни мақомоти ин маҳал қарор дорад.

Санавбар Самизода, раиси шаҳри Сарбанд.

Аммо Зафар Файзуллоев, раиси тозатаъини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки зодаи ҳамин ноҳия аст ва мегӯяд, аз мушкили мардум огоҳ мебошад, ният дорад мубориза бо гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯи терористиро ҳадаф қарор диҳад.

Зафар Файзуллоев гуфт: “Рафтан ба Сурия ва аз ин қабил мушкилот ҷой дорад. Бо фаъолони ноҳия, имомхатибон ва мардум кор мекунем ва мубориза мебарем, ки вазъиятро ба мардум фаҳмонем. Дуюм, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҳалли мушкили бекорӣ аст, ки дар Русия мардум кор намеёбанд, бояд баъди бозгашт онҳо омада кор пайдо кунад. Яъне мехоҳем, ки корхонаҳои хурду бузургро ба роҳ монем. Сеюм, дастуру супоришҳои ҳукумати Тоҷикистонро бояд иҷро кунем, ҳамин гузоштани радиоузелҳо, ки чанд сол дида намешуд, дубора фаъол кардем, ки корҳои идеалогӣ барем. Албатта ин ҳама аввали кор аст”.

Мардум аз раҳбарони нав чӣ мехоҳанд?

Дар ҳоле раисони нави шаҳру навоҳӣ мегӯяд, талош мекунанд барои мардум хизмат карда, ба боварӣ сазовор шаванд, сокинони маҳаллӣ ҳам таманниёти худро ба раҳбарони нави маҳалҳояшон доранд. Аз ҷумла, бархе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мехоҳанд сиёсати аз роҳи боздошту ба зиндон андохтани афроди муттаҳам ба терроризмбоз бинӣ шавад, чунки даҳҳо сокини ҷавони ин манотиқ пушти панҷара рафтаанд. Дархости дигар – корҳои амалӣ дар амри ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷилавгирии табиӣ аз муҳоҷират ба Русия аст, ки барои ҳар як хонадон масъалаи шиносу доғ аст.

Журналист: "Мехоҳам маҳалгароӣ набошад"

Адолат Сайфуллоева, сардабири ҳафтаномаи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз омадани раиси нисбатан ҷавон Зафар Файзуллоев ба ин ноҳия, ки зодаи ҳамин ноҳия аст, хушҳол мебошад ва пешниҳод дорад, ки раиси ноҳия арзи ҳар як раиси идораю корхонаро дар алоҳидагӣ шунавад.

Адолат Сайфуллоева

Адолат Сайфуллоева афзуд, “мехоҳам маҳалчигӣ, ки дар ин ноҳия буд, решакан шавад. Дар даромаду баромад ба бинои ҳукумат танзиме ҷорӣ шавад, мушкили иқтисодию иҷтимоии мардум ҳалли худро ёбаду раиси ноҳия ҳар як роҳбарро на ба воситаи муовинонаш, балки дар сӯҳбати як ба як қабул кунаду арзашро шунавад.”

Ба ин тартиб, дар пайи як таъғироти кадрӣ дар таърихи 9 декабр раисони чор шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иваз шудаанд, ки бар асоси фармони нави президент, Саидмурод Абдураҳмонзода аз мақоми вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён озод ва ба ҷойи ӯ Зафар Файзуллозода, мудири шӯъбаи ташкилии ҳукумати вилояти Хатлон таъин шудааст. Қарахон Чиллазода аз мақоми раиси шаҳри Сарбанд барканор ва Санавбар Самизода ба ҷойи ӯ таъин гардидааст. Самизода ба ҳайси раиси идораи кор бо занону оилаи Хатлон фаъолият дошт.

Бар асоси ин тағйирот, Раъно Раҳимзода аз мақоми раиси ноҳияи Фархор барканор ва ба ҷойи ӯ Сулаймон Вализода раиси нави ноҳияи Фархор шуд. Мирзохон Гулмаҳмадзода аз раисии ноҳияи Темурмалик озод ва ба ҷойи вай Эмомиддин Аслзода омад.