Қонуни нав: Рукни шаффофият ё тарс аз "инқилоби ранга"?

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи баҳсбарангезеро пазируфт, ки муаллифонаш онро рукни шаффофият меноманд, аммо баъзе таҳлилгарон -- "зарба ба ҷомеаи шаҳрвандӣ" ва ҳарос аз "инқилобҳои ранга" шумурданд.

«Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам…» Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тағйиру иловаҳо ба Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба баҳсе, ки аз тирамоҳи соли гузашта идома дошт, гӯё нуқта гузошт. Акнун созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон фақат дар ҳоле ҳаққи дарёфти кӯмаки хориҷиро хоҳанд дошт, ки агар манбаи сармоя ё моликият ошкор ва мустанад шавад.

Ҳарчанд тарҳи нав ошкоро созмонҳои ҷамъиятиро "агенти хориҷӣ" унвон накард, шароитеро ба вуҷуд овард, ки аз ин ба баъд ба онҳо ҳамчун "агенти хориҷӣ" муносибат шавад. Ин ниҳодҳо, ки ҳадафашон рушди ҷомеа ва кишвар аст, ҳадафи тафтишҳое қарор хоҳанд гирифт, ки алҳол тартибаш маълум нест ва онро Вазорати адлияи Тоҷикистон муқаррар мекунад ва “ёриҳои молии хориҷӣ ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз тарафи ниҳоде ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки онҳоро сабти ном кардааст”.

Тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар иҷлосияи парлумон рӯзи 10 июн пазируфта шуданд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни пешниҳоди тарҳ таъкид намуд, ки “дар ҷумҳурӣ то ҳоло механизми таъмини шаффофияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати он мавҷуд нест ва ин дар навбати худ хатарҳои муайянеро аз қабили маблағгузории терроризм, қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноӣ ба дастовардашуда, мудохила ба ҳаёти дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат ва монанди инҳоро ба бор меорад".

ШАФФОФИЯТ, МУБОРИЗА БО ФАСОД Ё ТАРС АЗ “ИНҚИЛОБ”

Ибораҳои вазири адлия -- "мудохила ба ҳаёти дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат" аз нигоҳи таҳлилгарон баёнгари онанд, ки мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли бо сармояи хориҷӣ сар задани “инқилоби ранга” дар кишвар метарсанд. Абдумалики Қодир, таҳлилгари тоҷик, ки 15 сол боз бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сару кор дорад, мегӯяд, “решаи ин тарҳи қонун дар тарс аз такрори “баҳори араб” ва инқилобҳо дар Гурҷистону Украина ва Қирғизистон мебошад. Миёни мақомот хавфе мавҷуд аст, ки созмонҳои ҷамъиятӣ мардумро алайҳи ҳукумат мешӯронанд, бехабар аз он ки решаи ҳама инқилобҳо на дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё созмонҳои ғайриҳукуматӣ, балки дар фаъолияти худи ҳукуматҳо ва то куҷо ҳимоят кардани онҳо аз манфиатҳои мардум аст”.

Муҳибуллоҳ Қурбон

Муҳибулло Қурбон, рӯзноманигори тоҷик ва корманди пешини сафорати Амрико дар Душанбе ҳам мегӯяд, “созмонҳои ғайриҳукуматӣ асосан барои таъмини мардум бо ҷойи кор, фаъолтар шудани занҳо, ҳифзи баъзе расму ойину маросим ва касбҳои қадимаи мардумӣ талош мекунанд”.

Аммо ин ақида низ ҷой дорад, ки созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз манобеи номаълум пул мегиранд ва рӯшан нест, ин сармоя чӣ гуна харҷ мешавад. Аз нигоҳи коршиносон, "ҳар куҷое пул ҳаст, унсури фасод низ ҳаст", аммо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳолатҳои фасод кам иттифоқ меафтад ва то ҳоло рӯйдодҳои муҳиме расонаӣ нашудаанд. Ба вижа, ки меафзояд Абдулмалики Қодир, далелҳои фасод дар созмонҳои на аз тарафи созмонҳои хориҷӣ, балки аз сӯи давлати Тоҷикистон маблағгузоришуда ошкор шудаанд.

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Перспектива плюс”, ҳам бо иддаи баъзеҳо, ки гӯё роҳбарони иддае аз созмонҳо ҳисоботи молиявии қалбакӣ таҳия карда, дар асл грантҳоро барои ниёзмандиҳои худ ё сайру саёҳат ва зиёфатҳои пурдабдаба сарф мекунанд, розӣ нест ва мегӯяд, “ман то ҳол боре нашунидам, ки ҳангоми тафтиш аз сӯи кумитаи ангдоз ё вазорати адлия дар ягон созмони ғайриҳукуматӣ далели фасод ошкор шуда бошад”.

ҲАМАИ ТАРҲҲО АЗ МАСКАВ МЕОЯНД?

Дар ҳамин ҳол пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch Стив Свердлов ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳе, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба қонунҳо дар бораи “агент” ё “гумоштаи хориҷӣ” дар Русия ва Қирғизистон шабоҳат дорад. Қонун дар бораи “ҷосусҳои хориҷӣ” дар Русия соли 2012 қабул шуд ва ба дунболи он чандин созмони ғайриҳукуматӣ баста ва ё фаъолияташон маҳдуд гардид.

Аввалҳои ҳамин моҳ парлумони Қирғизистон ҳам дар хониши аввал тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратиро пазируфт - бар пояи онҳо, ба созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматие, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд, мақоми “ҷосуси хориҷӣ” дода мешавад. Яке аз муаллифони ин тарҳ вакили парлумони Қирғизистон Турсунбой Боқир уулу дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар сурати қабул шудани тарҳ амнияти миллӣ ва шаффофият дар кори созмонҳои ғайриҳукуматӣ таъмин мешавад”. Созмонҳои маҳаллӣ ва байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар мутмаинанд, ки қирғизҳо тарҳи қонунро аз қонуни “русӣ” нусхабардорӣ кардаанд

Таҳлилгарон мегӯянд, қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонад барои Тоҷикистон ду пайомади номатлуб дошта бошад – аввалан, эътимоди кишварҳои ғарбӣ ба эъломияҳои пайвастаи Душанбе дар бораи мусоидат ба демократия коҳиш меёбад ва сониян, аҷаб нест, ки ин беэътимодӣ онҳоро ба коҳиши кӯмакҳои молиявӣ водор созад.

Бино ба иттилои ахири Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар кишвар 2602 созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои 191 созмони хориҷиву байналмилалӣ фаъолият доранд. Ин созмонҳо дар бахшҳои гуногун - аз тиб гирифта то матбуоту ҳуқуқи башар бо грант ё сармояи хориҷӣ кор мекунанд. Ба иттилои вазорати адлия, ҳамасола ба ҳисоби созмонҳои ғайриҳукуматии дохиливу хориҷӣ ва байналмилалӣ, ба шумули Бунёди Оғохон, беш 4,5 миллиард сомонӣ, муодили тақрибан 750 миллион доллар ворид мешавад.