Армония - гурӯҳи нав дар саҳнаи ҷазз ва попу рэпи тоҷик. ВИДЕО

Қарор аст, пас аз як моҳи дигар ба саҳнаи эстрада, ҷаз ва попу рэпи Тоҷикистон як гурӯҳ овозхонону оҳангсозони нави ҷавону касбӣ ворид шаванд. Ин ҷавонон иштирокдорони тарҳи мусиқии Армония ҳастанд, ки се моҳ қабл барои омӯзиш ва роҳнамоии ҷавонони болаёқат дар Душанбе роҳандозӣ шуд.

"Барои ҷавононе, ки мусиқиро дӯст медоранд, аммо дастгирӣ надоранд"

Ҷавонии худамро ёд дорам, ки ҳамеша имконият ё шароите барои навохтани асбоби мусиқӣ, сабти овозро меҷустам. Дар фикри ин будам, ки чӣ тавр як студия барои эҷоду сабти мусиқӣ пайдо кунам ва чӣ хел гурӯҳи худро ташкил диҳам.

Назардод Лангаршоев, яке аз иштирокдорони лоиҳа, ин шабу рӯз хеле серкор аст. Ӯ ба наздикӣ рӯйи як саҳнаи калон бояд як равияи нави мусиқӣ – Фюжнро муаррифӣ кунад. Назардод рӯзи 20-уми октябр гуфт, аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқ дошт, аммо ин равияро, ки ҳадафаш омехта кардани мусиқиҳои ҷаҳоние ба мисли року поп бо оҳанҳои халқист, тӯли се моҳ дар лоиҳаи Армония аз худ кардааст.

“Панҷ сол дар як гурӯҳи мусиқӣ бо бачаҳо машқ мекардем, аммо дар бораи ин равия чизе намедонистем. Инҷо донишҳои зиёди мусиқӣ гирифтем. Аслан Армония лоиҳаи хубе барои ҷавононе мисли мо аст, ки мусиқиро дӯст медоранд, вале дастгирӣ надоранд”, - афзуд ӯ.

Мисли Назардод дар лоиҳаи Армония 35 ҷавони дигар равияҳои мухталифи мусиқӣ ва рақсро меомӯзанд. Онҳо тарҳи мазкурро як майдоне барои амалӣ кардани орзуҳои худ медонанд.

Ташаббускорони лоиҳаи мусиқии Армония ҳам мегӯянд, ин тарҳ барои пуштибонӣ ва роҳнамоии ҷавонони боистеъдоде роҳандозӣ шудааст, ки мехоҳанд ҳунари худро муаррифӣ ва тариқи мусиқӣ эҳсоси худро баён кунанд. Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Бунёди Сорос ва дар чаҳор бахш роҳандозӣ шудааст. Санъаткорон ва оҳангсозони маъруф дар ин лоиҳа ба ҷавонон равияи ҷаз, рэп, поп ва фюжну рақсро меомӯзанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Армония -- гурӯҳи нав дар саҳнаи эстрада, ҷаз ва попу рэпи Тоҷикистон

"Лоиҳа мусиқии рэпро ҳам дастгирӣ мекунад"

Ҷасур Халилов, бастакори тоҷик, дар ин лоиҳа ба ҳайси устоди равияи ҷаз ҷалб шудааст. Дар гурӯҳи ӯ 8 ҷавон ин равияи мусиқиро меомӯзанд. Ҷасур мегӯяд, роҳандозии чунин тарҳҳо барои як ҷавони оддие, ки ба мусиқӣ шавқи зиёд дорад, муҳим аст. “Ҷавонии худамро ёд дорам, ки ҳамеша имконият ё шароите барои навохтани асбоби мусиқӣ, сабти овозро меҷустам. Дар фикри ин будам, ки чӣ тавр як студия барои эҷоду сабти мусиқӣ пайдо кунам ва чӣ хел гурӯҳи худро ташкил диҳам. Барои онки як ҷавон ба ин ҳама даст ёбад, ба ӯ як роҳнамоие зарур аст. Лоиҳаи Армония маҳз ҳамон таккон ва имкониятест, ки ба ҷавонон барои муаррифии худ пешниҳод шудааст”, - шарҳ дод ӯ.

Ба қавли Ҷасур, бартарии ин тарҳ аз озмуну лоиҳаҳои дигар дар он аст, ки он ба равандҳои муосири санъат бартарӣ медиҳад. Равандҳое, ки рушди онҳо дар Тоҷикистон аз нигоҳи ӯ хеле муҳиманд. Лоиҳа мусиқии рэпро ҳам дастгирӣ мекунад ва як ҳадафи аслии дигари он инъикоси мушкилоти иҷтимоӣ тавассути хониши рэп, рушди афкори интиқодӣ гуфта мешавад.

"Кӯшиш кардам, ҷаҳони навро муаррифӣ кунам"

Бахтиёр Қаландаршоев, рассом ва мусиқишиносу рэпсаро (маъруф бо номи Бахтӣ) дар ин лоиҳа дар бахши рэп ба ҷавонон кумак мекунад.

Ӯ гуфт, ҳоло рэпсароҳои ҷавон ба мавзуъҳои ошиқӣ бештар таваҷҷӯҳ доранд: “Дар инҷо ба онҳо чӣ тавр интихоб шудани мавзӯъ, чӣ тавр эҷод шудани оҳангу матн барои рэп омӯхта мешавад. Барои мисол, бачаҳои мо ҳоло инҷо дар мавзуъҳои иҷтимоие ба мисли нобаробарии ҷинсӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба пирон, мавқеи занон ва нашъамандӣ рэп омода доранд. Мо ба онҳо мегӯем, ки аз интернет мусиқиро бе иҷоза ва тайёр гирифтану рэп хондан дуруст нест.”

Устодон мегӯянд, дар рӯзҳои аввали кори лоиҳа ҷавонони санъатдӯст мушкил мекашиданд. Ба вижа, онҳое, ки дар гурӯҳи Фюжн ё равияи мусиқии омехта дарс мегирифтанд. Самандар Пӯлодов, овозхони маъруф ва устоди равияи Фюжн дар лоиҳаи Армония, гуфт, “бачаҳои гурӯҳи ман қаблан ба мусиқии поп ва рок рағбат доштанд. Кӯшиш кардам, ҷаҳони наверо дар мусиқӣ барои онҳо муаррифӣ кунам. Донишҳои нави мусиқӣ бигиранд. Онҳо қаблан танҳо бо нақора мусиқӣ менавохтанд, ҳоло чандин асбоби дигари милливу муосирро менавозанду истифода мекунанд. Хеле пеш рафтанд ва ин равияро дӯст доштанд.”

Ҳоло ширкатдорони лоиҳаи мусиқии Армония дар тамринҳои охирини худ ҳузур доранд. Овозхонони беҳтарини мусиқии ҷаз, рэп, фюжн ва беҳтарин раққосони лоиҳа, соҳиби стипендия ва рушди касбӣ мешаванд. Вале Назардод, яке аз ширкатдорони лоиҳаи Армония ва ҳамтоёни ӯ ҳоло бесаброна барномаи калони ҳунариеро интизоранд, ки маҳз ба хотири муаррифии онҳо пас аз як моҳи дигар баргузор мешавад. Ӯ бовар дорад, ин оғози хуб барои муаррифии онҳо, чун санъаткорони касбӣ ва донандагони мусиқиҳои замонавист.