Тарзи нави шумориш фақр дар Тоҷикистонро 2% кам кард (ВИДЕО)

Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 24−уми июн дар ҳузури хабарнигорон натоиҷи омӯзишҳои мизони фақр дар Тоҷикистон ва шеваи нави муайян кардани онро муаррифӣ кард.

Яксаду панҷоҳу ҳашт сомонӣ -- ин аст хатти байни фақиру миёнҳол дар Тоҷикистон, ки Оҷонсии омор ба тозагӣ муайян кард. Агар як нафар ҳамин маблағро дар 1 моҳ барои рӯзгузаронӣ сарф кунад, ӯро мешавад, ба рӯйхатти афроди бебизоат ворид кард.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари бахши демография ва омори иҷтимои оҷонсӣ гуфт, ки ин бор шеваи муайян кардани хатти фақр иваз шудааст ва акнун фақиру миёнаҳолон на аз рӯи хароҷоти якрӯза, балки якмоҳаашон шумурда мешаванд. Дар гузашта онҳое, ки дар як рӯз камтар аз 2 доллар сарф мекарданд, фақир эътироф мешуданд. Қулов мегӯяд, “тибқи ҳисобҳои мо дар маҷмӯъ ҳар нафаре, ки дар як моҳ ҳам барои озуқа, либос ва дигар ниёзҳояш 158 сомону 71 дирам масраф мекунад, камбизоат шумурда мешавад.”

Аз рӯи ин ҳисобҳо, бино бар маълумоти навтарини Оҷонсиии омор 32 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебаранд. Ё ба гуфтаи дигар аз 8 миллион аҳолии кишвар беш аз 2,5 миллион нафар дар як моҳ барои хӯрдану пӯшидан ва бароварда кардани дигар ниёзҳояшон то 158 сомонӣ пул масраф мекардаанд ва ба қатори афроди камбизоат шомил ҳастанд. Ин дар ҳолест, ба таъкиди масъулони ин Оҷонсӣ мизони фақр таи соли гузашта аз 34 дарсади қаблӣ то ба 32 расидааст ва ҳамчун дастоварди давлати Тоҷикистон дар солҳои охир муаррифӣ карда мешавад. Шеваи нави ташхиси сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон бо тавсия ва кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ҷорӣ шудааст.

Бино бар рӯйхати маҳсулоти ғизоӣ, ки оҷонсӣ харидории онҳоро бо маблағи 158 сомон мумкин медонад, як нафар бо ин пул метавонад на танҳо нону биринҷу, равғану шакар, балки замбуруғ, моҳии шӯр ва сабзавоти консерв шуда харидорӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки нархи як кило замбуруғ дар бозорҳои Тоҷикистон ба 40 сомон баробар буда, нархи моҳӣ, ки аз хориҷ ворид мешавад низ арзон нест.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пажӯҳиш 32% аҳолии Тоҷикистонро камбизоат гуфт

Ин пажӯҳиши Оҷонсии омор бори нахуст ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар минтақаҳои гуногун рушанӣ андохт. Бинобар натоиҷи ин пажӯҳиши мизони аз ҳама баланди фақр дар вилояти Хатлон ба чашм мерасад. Дар ин вилояти калонтарини кишвар, ки беш аз 2 миллион аҳолӣ дорад 37,7 дарсади мардум дар ҳоли фақр ба сар мебурдаанд. Пас аз ин вилоят шумори бештари фақирон дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Бадахшон номнавис шудаанд. Аз миёни вилоятҳо Суғд бо 23 дарсад мардуми фақираш, вилояти аз ҳама сарватманд ба назар мерасад, ҳарчанд мизони камтарини фақр дар шаҳри Душанбе мушоҳида шудааст, ки ҳамагӣ 20 дарсади аҳолиаш фақир будаанд.

Абдувалӣ Қулов роҳбари бахши демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омори Тоҷикистон

Яке аз сабабҳои аслии поин будани сатҳи зиндагӣ дар Хатлонро иқтисоддонҳо дар инзивои иртибототӣ қарор гирифтани ин минтақа пас аз тахриби ягона роҳи оҳанаш аз сӯи Узбакистон дар соли 2009 медонанд. Ва баръакс поин будани мизони фақрро дар вилояти Суғд ба фаъол будани хатти роҳ оҳан ва дигар роҳҳои баромад ба кишварҳои ҳамсоя марбут медонанд.

Мустақим Рофиев, як сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки рӯзашро ба хиштчинӣ мегузаронад, мегӯяд ҳарчанд талош мекунад, сатҳи зиндагии худу оилаашро беҳтар кунад, аммо ҳамеша нарху навои хӯрока ба сар сари даромади ӯ зур мебарояд. “Ҳамин нархи чидани як хишт 20 дирам буд, чанд сол қабл ҳоло ҳам ҳамин аст. Аммо бинед, ки нархи хӯрокворӣ чӣ қадар қимат шудааст: орд, равған, шакар, тарбуз. Пул ба пул намерасад.”

Рофиев мегӯяд, оилааш аз 6 нафар иборат аст ва бо вуҷуди сарфаи маблағ ҳафтаи охири моҳ аз мағоза назди хонааш маводи хӯрокаи ниёзи аввалияашонро мисли картошкаву пиёз ва орд қарз мегиранд. Қарзи мағоза бошад, нисфи маоши ояндаро мехӯрад ва Рофиев мегӯяд ҳамин тариқ ӯ солҳост, аз чанги фақирӣ наметавонад раҳо шавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Бархе аз кошиносон мегӯянд, дар асл мизони фақр дар Тоҷикистон поён наомада, балки шеваи нави ҳисобу китоби Оҷонсии омор боис шудааст, ки рақамҳои хушҳолкунанда ба даст ояд.​ Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор ва доктори улуми иқтисод дар сӯҳбат ба Радио Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон на мизони фақр балки ченаки ҳисоби он поин бурда шудааст. “Худ андеша кунед, ки оё дар шароити кунунии Тоҷикистон бо ҳамин нарух наво як нафар бо 158 сомонӣ зиндагӣ карда метавонад? Ку ҳамон кормандони Оҷонсии омор як моҳ бо ҳамин қадар пул зиндагӣ кунанд, бинем! Бо ин маблағ ҳатто алхимик ҳам дар як моҳ зинда монда наметавонад,”- гуфт Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Умаров афзуд, агар ченаки камбизоатиро ҳамин 158 сомонӣ ҳисоб кунем, мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз ин ҳам камтар мешавад, вале ин маънои камтар шудани фақрро надорад.

Дар Тоҷикистон қаблан то 2 доллар харҷ дар як рӯз сари ҳам нафар ҳамчун ченаки фақирӣ пазируфта шуда буд. Бо ин ченаки байнулмилалии шинохти камбизоатӣ харҷи як нафар дар як моҳ бо қурби кунунӣ 390 сомониро ташкил мекунад. Аммо ҳоло Оҷонсии омор мизони харҷи як нафарро дар моҳ 158 сомонӣ муқаррар кардааст, ки аз рӯи ин ченак мизони камбизоатӣ дар кишвар то ба 32 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз он ҷо ки ин пешниҳоди ниҳодҳои байнулмилалист, гумон меравад, мизони ёриҳои башардӯстона ба Тоҷикистон низ ба ҳамин андоза камтар шавад.