Эҳёи оркестри симфонии Эрон баъд аз суқути орзуҳо?

Ҳунарнамоии оркестри симфонии Теҳрон дар Даҳаи Фаҷр, 14 феврали соли 2012.

Раисҷуҳмури Эрон Ҳасан Руҳонӣ ваъда додааст, ки оркестри симфонии як замон машҳури кишварашро, дубора ба саҳна бармегардонад. Аммо на ҳама ба ин қавли раисҷумҳур бовар доранд.
Александр Раҳбарӣ, ки дар Эрон бо номи Алии Раҳбарӣ машҳур аст, бо дилтангӣ ба ёд меорад, ки чӣ тавр бори охир ба оркестри Теҳрон дирижёрӣ карда буд. Ӯ дар консерти соли 2005 симфонияи Нуҳуми Бетховенро иҷро кард. Он замон толори “Ваҳдат”-и Теҳрон пур аз тамошобин буд. “Ман симфонияи Нуҳуми Бетховенро дар ҳафт шаб дирижёрӣ кардам. Агар ман гӯям, ки симфонияи Нуҳумро дар Ню Йорк ё Австрия ҳафт шаб дирижёрӣ кардам, шояд аз ман пурсанд, ки дар толор касе монда буд? Зеро баъд аз ду шаб толор холӣ мемонад. Аммо толори Теҳрон ҳамеша пур аз тамошобин буд. Ҳатто баъзе нашрияҳо аз ман интиқод карда буданд, ки баъди ин ҳама солҳои дурӣ аз Эрон ман дар ин ҷо ҳамагӣ ҳафт шом консерт додам,”-- мегӯяд Алӣ Раҳбарӣ.

Ин устоди машҳури ҷаҳон, ки баъд аз сӣ соли зиндагӣ дар Аврупо пирӯзмандона ба Эрон баргашта буд, қатъи назар аз комёбии чанд консерташ дар Эрон бо эҳсоси ноумедӣ аз Ҷумҳурии Исломӣ хориҷ шуд.

СУҚУТИ ОРЗУҲО

Дар он солҳо Алӣ Раҳбарӣ дар як номаи саркушода талаб кард, ки маоши оҳангсозҳоро, ки аз тарафи давлат сармоягузорӣ мешуданд, боло бубаранд. Ӯ ҳоло ба хотир меорад, ки онҳо барои чанд танга заҳмат мекашиданд ва ҳатто такнавозони шинохта танҳо 150 доллар маош мегирифтанд. Бисёри онҳо маҷбур буданд, ки дар чанд ҷой кор кунанд, то битавонанд бақои зиндагии худро таъмин намоянд.

Соли 2012 ба иллати мушкилоти молӣ, ки Раҳбарӣ ва баъдан ҷойгузини ӯ аз он шикоят доштанд, яке аз қадимитарин дастаҳои симфонӣ дар Ховари Миёна – Оркестри симфонии Теҳрон пароканда шуд.

Мушкилоти молӣ Оркестри Миллии Эронро низ, ки онро оҳангсоз ва дирижёри мушҳури Эрон Фарҳод Фахриддин дар соли 1998 таъсис дода буд, аз байн бурд. Фахриддин баъди як сол аз мақомаш даст кашид. Оркестри Миллӣ, ягона дастае, ки мусиқии классикии Эронро иҷро мекард, дар соли 2012 фурӯ пошид.

Оркестри Милии Эрон ҳангоми иҷрои барнома:



Он замон матбуоти Эрон бо такя ба сӯҳбати оҳангсозони ҳарду гурӯҳ навишт, ки қарордод бо ин ҳунармандонро тамдид накарданд. «Вақте мо маоши худро пурсидем. «вақте мо аз онҳо сарнавишти маошамонро мепусидем, онҳо норозиёна мегуфтанд, ки будҷа надорем»- гуфтааст яке аз иҷрогарони Оркестрии Миллии Эрон ба матбоут.

МУСИҚӢ – ҲУНАРИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ?

Баъд аз Инқилоби Исломии соли 1979 бархӯрд ба мусиқӣ дар ин кишвар аз ҷониби рӯҳониёни тундгаро сахт буд ва он ҳамчун як амали ғайриахлоқӣ маънидод шуд. Аммо баъдан мақомот бархӯрд ба мусиқиро як каме нармтар карданд.

Ҷашнвоари мусиқии “Фаҷр”, ки имсол аз 13 то 20 уми ферал баргузор мешавад, яке аз муҳимтарин таҳаввулоти фарҳангӣ дар Эрон аст. Ин ҷашн бори аввал дар соли 1985 бо раёсати Муҳаммад Хотамӣ, раисҷумҳури собиқи Эрон баргузор шуд, ки он замон вазири фарҳанг буд. Солҳои охир мусиқии классикӣ, махсусан мусиқии форсӣ, акнун дар маъракаҳои расмӣ низ садо медиҳад. Аммо ин бо гузашта, бо солҳои 1960 ва 70, ки вақте, ки чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, мисли ғижжакнавоз Иегудӣ Менухина ба Оркестри Симфонии Теҳрон шомил буданд, қобили муқоиса нест.

ШӮЪЛАИ УМЕД

Бо ин ҳам интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ ба мақоми раисиҷумҳур дар робита ба саҳнаи оркестрӣ як шӯълаи умедро дар қалбҳо рӯшан кардааст . “Ман хеле мутаассифам, ки Оркестри Симфонии Теҳрон ва Оркестри Миллӣ баста шудаанд. Ҳукумат онҳоро ба зудӣ эҳё мекунад,”- гуфт Ҳасан Рӯҳонӣ дар муроҷиат ба аҳли фарҳанг дар таърихи 8 уми январ.

Ҳунарнамоии Оркестри Симфонии Теҳрон:



Вазири фарҳанги Эрон Алӣ Ҷаннатӣ дар маросими ифтитоҳи ҷашнвораи “Фаҷр” гуфт, ки ҳукумат барнома дорад, ки санъати мусиқиро дар кишвар таҳким бубахшад. Аммо пахши ин гуна қавлу қасам осонтар аз татбиқи онҳост.

“Вақте мақомот дар симои маъмурият аз ӯҳдаи ҳалли масоили ҳастаӣ мебароянд, ман гумон намекунам, ки ҳалли мушкили мусиқӣ кори душвор бошад”- гуфт оҳангсози эронӣ Ҳусейн Ализода, зимни нишасти матбуотӣ дар Теҳрон. Аммо ӯ ҳамзамон ба вуҷуди иродаи сиёсӣ дар роҳи дастрасӣ ба дигаргуниҳо шубҳа дорад. “Дар тули солҳои зиёд суолҳои хубе ба миён омаданд, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ нашуданд."

Дирижёр Раҳбарӣ низ ба ин ақида мувофиқ аст. Рабҳарӣ мегӯяд “ Ӯ ягона раиси ҷумҳур аст, ки калимаи Оркестри Симфониро ба забон овард, ба шевае, ки як эронӣ метавонад аз он ифтихор кунад. Махсусан баъди (президенти собиқ) Аҳмади Нажод, ки ба фарҳанг таваҷҷуҳ надошт. Шояд Рӯҳонӣ фикр кунад, ки вазъ дар аҳди Хотамӣ беҳтар буд ва ӯ ҳоло мехоҳад оркестро ба вазъи давраи Хотамӣ баргардонад. Аммо ман бояд бигӯям, ки ман дар пайи мушкилоти давраи Хотамӣ аз оркестр рафтам, на давраи Аҳмади Нажод" мегӯяд Алӣ Раҳбарӣ.