Агар фикр мекунед, ки ҳадаф аз латифа фақат ханда аст, иштибоҳ мекунед. Убайдуллоҳи Раҷаб, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мегӯяд, ки “латифа нӯш ҳам дораду неш ҳам, он “барометр”-и рӯҳияи мардум ва фошсозу фошгӯи нуқсҳои ҷомеа аст ва дар бисёр кишварҳо мардум баъди шунидани латифа бо чашмони пуробу бо хандаи осмонкаф бо мушкилоти худ падруд мегӯянд. Ҳаҷви пардапӯш, ки хоси латифаҳо низ ҳаст, аз қадим барои ошкорсозии нуқсонҳо хизмат мекард”.
Ба гуфтаи ҳунарманд, латифаҳои “сиёсӣ” имрӯз нодиру ангуштшуморанд, вале гоҳ-гоҳ латифаҳои тозаи иҷтимоӣ ҳам “таваллуд” мешаванд, ки ба мавзӯъҳои доғи рӯз дахл доранд. “Ман чанд рӯз пеш як латифа шунидам, ки бозгӯи ҳоли адибҳои тоҷик аст... Ду рафиқ баъд аз солҳои тулонӣ бо ҳам вомехӯранд. Ҳолу аҳвол мепурсанд ва аз ҳамдигар суол мекунанд, ки ин солҳо то куҷо расиданд. Яке мегӯяд, ки “ман ана дар ҳамин корхона сармуҳандис ҳастам, маошам ин қадар аст, номзади илм шудам, хонаву дар, мошин, бӯстонсаро дорам... Худат чӣ, чӣ кораӣ?” Дӯсташ мегӯяд, ки “ман нависанда шудам, асарҳо менависам, китобҳоям чоп мешаванд”. “Оҳо, олиҷаноб, - мегӯяд муҳандис,- нависанда! Хело хуб, яъне шумо ҳатман харидор доред?” “Бале, бале, харидор дорам... Чанд лаҳза пеш соатамро фурӯхтам, дирӯз телевизорамро фурӯхта будам, фардо, бовар дорам, ки ноутбукамро ҳам мехаранд...”
Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигор ва сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ба назар мерасад, ки имсол латифаҳо ва сиёсат бо ҳам “қаҳрӣ” буданд. “Ман пайваста ин мавзӯъро пайгирӣ мекунам ва метавонам сареҳатан бигӯям, ки латифаҳо дар мавзӯъҳои сиёсӣ “тухми анқо” шудаанд. Солҳои пеш дар бораи раисҷумҳуру хонаводааш, дар бораи парлумону ҳукумат латифаҳои зиёд гуфта мешуданд. Аз он пештар латифаҳое дар бораи Қаҳҳор Маҳкамову Раҳмон Набиев ва дигар сиёсатмадорон мардумро механдонданд ва аммо ба андеша ҳам вомедоштанд... Аммо ҳоло аз он зарофату хушгӯиҳо ва ҳаҷви нишонрас тақрибан нишоне намондааст – ё завқ коҳидааст ё мардум эҳтиёткор шудаанд”.
Бештари латифаҳое, ки дар рӯзномаҳо нашр мешаванд ё аз сӯи бархе аз гурӯҳҳои ҳунарӣ ба саҳна гузошта мешаванд, хушку камнамаканд, зеро бештари онҳоро аз интернет гирифта бо вазъи Тоҷикистон мутобиқ кардаанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Аҳмадшоҳи Комилзода, мардум гирифтори мушкилиҳои худанд ва акнун ба сиёсат камтар таваҷҷӯҳ мекунанд. “Ягона латифаи сиёсие, ки имсол шунидаам, ин аст - Аз як сиёсатмадори тоҷик мепурсанд, ки оё дар Тоҷикистон озодии сухан ҳаст? Ӯ мегӯяд, ки “Бале, озодии сухан ҳаст! Аммо озодии баъд аз суханро кафолат намедиҳем...”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Карим, як сокини шаҳраки Ҳисор мегӯяд, ки ӯ ҳам имсол фақат як латифаи сиёсӣ шунидааст, латифае, ки шояд дар арафаи ягон маъракаи интихоботӣ пайдо шудааст. “Эмомалӣ Раҳмонро ба Аспрез ё Ипподром ба тамошои пойга даъват мекунанд. Ӯ дар хатти пойга як чобуксавор дар аспи тозӣ ва чаҳор-панҷ нафари пиру нотавони савори харро мебинад.
–Э, ин чӣ гап?-ҳайрон мешавад ӯ,- о, ин чӣ хел пойга мешавад?
–Ин сабқат аст, Ҷаноби олӣ, сабқати демократӣ,- мегӯянд созмондиҳандаҳои пойга, - дар сабқати демократӣ бояд алтернатива бошад...
Эмомалӣ Раҳмон каме сукут мекунад ва мегӯяд:
-Хуб, гапатон, ба фикрам, дуруст... Фақат ҳушёр бошед, ки ин харсаворҳо боз тақаллуб карда, аз аспсавор пеш нагузаранд...
Гурез Сафар, адиби ҳаҷвнигори тоҷик, ҳам бо таассуф мегӯяд, анъанаи бузургони адабиётамон, ки сатҳи латифаро ба арш бароварданд, рӯ ба нобудӣ овардааст ва ҳоло бештар латифаҳои фаҳш “мӯд” мешаванд - "мухлисон"-и ин гуна латифаҳо фаромӯш мекунанд, ки решаи латифа аз "лутф" аст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусоҳибони мо, ҳоло касони шӯхтабиат аз ҳазл дар масоили дину мазҳаб парҳез мекунанд, яъне, замоне, ки Афандиву Мушфиқӣ муллоҳои хасису пулпараст ё зинокорро мазаммат мекарданд, кайҳо бо мо худоҳофизӣ кардааст... Аммо, Субҳонхони Музаффар, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, имсол баъзе латифаҳо дар бораи ҳоҷиҳо пайдо шуданд, вале на дар бораи бо карру фар дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол гирифтани онҳо ва на дар бораи аз кадом ҳисоб пайдо кардани пули Ҳаҷҷ, мавзӯҳое, ки расонаҳо ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд доштанд... “Ду зойири тоҷик ҳангоми Ҳаҷҷ дар паҳлӯи як марди араб намоз мегузоштанд. Яке аз онҳо ду даст сӯи осмон кард ва аз Худованд хост, ки барояш имон ато кунад, дигарӣ аз Парвардигор талаби пулу сармоя кард. Араб тааҷҷуб кард ва сабаби талабҳои онҳоро пурсид.
-Ҳар кас аз Худованд чизеро мехоҳад, ки надорад, - посух дод тоҷики дуввум, - ин бародар пул дораду имон надорад, ман имон дорам, аммо пул надорам...”
Имсол дар бораи одобу ҳусни муошират ҳам баъзе латифаҳо пайдо шуданд. Ҳамкорамон Холидаи Қодир баъд аз сафар ба Тоҷикистон ин латифаро “армуғон” овард:
“Марди кӯҳистоние баъди андешаи зиёд тасмим гирифт, ки писарашро барои таҳсилу адабомӯзӣ на ба Душанбе, балки ба Хуҷанд фиристод:
-Мардуми Хуҷанд дар одобу адаб хело пеш рафтаанд. Солҳои ҷавонӣ як ҳамкурси хуҷандӣ доштем дар торговий техникум, у бача ҳатто ба сагу пишак “ту” не, “шумо” мегуфт...
Баъд аз як сол писар ба зодгоҳ баргашт:
- Чӣ хел омадӣ, бачаҷон, аз роҳи перевал? – баъди ҳолпурсӣ суол кард падар
-Не, дадаҷон, -даст пеши бар гирифт писар, - бо ҳавопаймо омадам. Ба ҳавопаймои ШУМО-154...”
Дар ҳамин ҳол Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзномаи “СССР” мегӯяд, ҳарчанд имсол таваҷҷӯҳ ба футбол назар ба як-ду соли пеш камтар буд, аммо дар бораи ин бозӣ латифаҳои зиёде пайдо шуданд. Дар меҳвари ин латифаҳо, ба гуфтаи ӯ, асосан се дастаи футболанд – “Истиқлол”, “Равшан” ва “Хуҷанд”. Инак, чанде аз он латифаҳо:
“Криштиан Роналдо ба мухлисонаш соядаст дода, ғайриихтиёр зери шартномаи бозӣ дар ҳайати “Хуҷанд” имзо кард... “
“Шаби аввали висол ҷавонмарди кӯлобӣ барои тамошои футболи “Равшан” тарафи стадион медавад. Арӯс садди роҳаш мешавад:
-Чӣ, ту “Равшан”-атро аз ман дида бештар дӯст медорӣ?
-Эҳе-е, - посух медиҳад мухлис,- ман ҳатто “Истиқлол”-ро аз ту дида бештар дӯст медорам... “
“Марди кӯлобӣ аз телевизион бозии “Равшан”-ро тамошо мекунад. Хонумаш бо нозу ишва аз пешаш мегузарад, аммо мард чашм аз “оинаи нилгун” намеканд. Зан бо пероҳани ҳарир чанл лаҳза назди телевизор меистад, аммо марди бепарвоғарқи тамошои футбол аст. Зан пироҳани ҳарирашро аз тан кашида, ба балкон меравад ва фарёд мезанад:
-Дар ҳамин Кӯлоб ягон мардаки асил ҳаст?
Аз ошёнаи аввал садое баланд мешавад:
-Канешна ҳаст! Чӣ, бозии “Равшан” сар шуд?.. “
Аммо баъзе латифаҳо, ба қавли русҳо, воқеан ҳам “рӯй медиҳанд”. Сайёфи Мизроб мегӯяд, ин гуна латифаҳо дар ҳаёти ҳар кас метавонанд рӯй диҳанд ва зимнан, ҳатман яке аз дардҳои ҷомеаро урён мекунанд. “Чанде пеш як духтури шинохта ба идораи рӯзномаамон омад. Баъд аз сӯҳбат ҳамроҳ ба долон баромадем ва шоир Муҳаммад Ғоибро вохӯрдем – маълум шуд, ки Муҳаммад назди ӯ табобат мегирифтааст. Шоири рангу рӯяш каме парида, билофосила аз баланд шудани қанду фишори хун ва дигар маризиҳояш шиква кард. Духтур ӯро “сиёсат” кард:
- Чаро доруҳои таъинкардаи маро намехӯрӣ? Агар мехӯрдӣ, ба ин ҳол намерасидӣ!..
Муҳаммад Ғоиб “паст” наомад:
-Агар доруҳои таъинкардаи туро мехӯрдам, барвақт аз бепуливу камбағалиро мемурдам...”
Ва дар поён як латифаи дигар, ки имрӯзҳо дар Душанбе “мӯд” шудааст ва вокунишест ба суқути рубли русӣ дар баробари доллару евро бар асари таҳримҳои ғарбӣ.
“Марде бо як дарза рубл ба яке аз саррофиҳои Маскав ворид мешавад:
-Ман мехоҳам рублҳоямро табдил кунам. Евро доред?
-Не!
-Доллар чӣ?
-Не, доллар ҳам нест!
-Пас, чӣ доред?
-Сомонӣ!
-Хело хуб, ҳамаи пуламро табдил кунед!.. “
Баъзеҳо (онҳое, ки дар кисаи рубли русӣ надоранд) завқ карда механданд, бархе (онҳое, ки ҳанӯз рублҳояшонро ба сомонӣ ё доллар табдил накардаанд) оҳи сард мекашанд, иддаи дигар (онҳое, ки дар ҷайб доллару евро доранд) тамасхуромез ба атроф менигаранд... Зиндагӣ бо латифа ё бе латифа идома дорад. Ҳарчанд ҳама иқрор мекунанд, ки зиндагӣ (тазода бинед-а!) бо латифаи намакин, албатта, ширинтар аст...
P.S. Хонандаи гиромӣ! Шумо дар соли 2014 кадом латифаи наву хубу аҷоиберо шунидед? Хоҳишмандем, латифаи дӯстдоштаи худро дар бахши шарҳу назарҳо барои хонандагони арҷманд бинависед.