"Призывник" - китоби интернетӣ барои қурбониёни "облава"

Даъватшавандагони хидмати ҳарбӣ акнун метавонанд, ҳамаи масъалаҳои марбут ба ояндаи худ ва махсусан ҳуқуқашонро аз телефонҳои ҳушманд ё андроидҳои худ "пурсанд" ва посухи дақиқ гиранд.

Барномаи наве дар Google Play пайдо шудааст, ки бо насби он дар телефонҳои ҳушманд ҷавонони синни сарбозӣ метавонанд, ки аз нозукиҳои даъват ба хидмати ҳарбӣ ва ҳаққу ҳуқуқи худ дар ин замина огоҳ шаванд. Онҳо метавонанд бо қонунҳои марбута ошно гарданд ва, инчунин, бо ҳуқуқшиносон дар тамос шуда, аз онҳо машварат гиранд.

Ин барномаро созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" сохтааст ва он "Даъватшаванда" ё "Призывник" ном дошта, дар он қонунҳои барои як сарбоз зарурӣ ва роҳи дарёфти машварати ҳуқуқии ройгон ё бепул нишон дода шудааст.

Сӯҳроб Собиров, корманди Созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи "Призывник" дар дохили худ чаҳор китоб дорад. Дар китобҳо тамоми ҳуқуқу ӯҳдадории сарбозон, ҷавонони синни аскарӣ ва ба қайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ҷой шудааст. Вай мегӯяд, "барномае, ки мо дар Google Play ҷой кардем, онро мешавад дар шакли китоб низ нашр карда хонанд. Аммо азбаски ҳоло аксари ҷавонон аз барномаҳои гуногун зиёд истифода мекунанд, ҳамеша бо худ телефон доранд, метавонанд ин барномаро дар андроидҳои худ ҷой кунанд. Аз ҳаққашон огоҳ шаванд. Дар рафти хизмат ва ё дар кӯча вақте машварати ҳуқуқӣ пеш меояд, тавонанд ба суолашон сари вақт посух гиранд."

Бисёриҳо ин барномаро муфид меноманд, вале мушкил дар он аст, ки ҷавонони синни даъват ба артиш замоне ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ мекунанд, ки алакай ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ шомил шудаанд ва давраи "таҳсили сарбозӣ"-ро паси сар мекунанд. Аксари ҳодисаҳои нохуш ба сари онҳо дар ҳамин давра фурӯ меафтанд. Ин ҳам дар ҳоле ки сарбоз, бино бар қонунҳо, наметавонад, дар давраи хидмат соҳиби телефони ҳамроҳ бошад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯяд, таҷҳизонидани ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ бо технологияҳои нав дар назар ҳаст, вале доштани телефони дорои интернет ба онҳо зарур нест.

Муродалӣ, як сарбоз, ки наздик ба 9 моҳ аст, дар яке аз қисмҳои низомии шаҳри Душанбе хизмат мекунад, мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон ғайриимкон аст, ки ҳар сарбоз андроид дошта бошад ва ба интернет ворид шавад. Аммо Муродалӣ мегӯяд, як шумораи муайяни сарбозон телефони ҳамроҳ доранд ва пинҳонӣ аз он истифода мекунанд, ҳатто саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз кардаанд.

Ба қавли Муродалӣ, шумораи зиёди сарбозон ҳаққу ҳуқуқи худро намедонанд ва ҳангоми латукӯб шуданашон аризаи шикоятии худро нависта наметавонанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ, ба онҳо "диктовка" мекунанд, ки чӣ чизро бояд нависанд.

Вале Фаридун Маҳмадалиев ин барномаро муҳим намедонад, зеро ба қавли ӯ, "вақте наваскар вориди қисми низомӣ мешавад, ба ӯ як дафтарча медиҳанд, ки номаш "Рисолати сарбозӣ"-ст. Дар ин дафтар ҳамаи вазифаву ӯҳдадориҳои сарбозон гуфта шудааст. Наваскарон то як моҳ ин дафтарро ҳамроҳ мегардонанд ва меомӯзанд. Илова бар ин, дар тамоми бригадаву полку баталён муовинони фармондеҳон, командирони взвод оид ба корҳои сиёсиву тарбиявӣ амал мекунанд. Инҳо доимо бо сарбозон кор мекунанд. Мушкилоти ҳуқуқие агар пеш меояд, худашон машварат медиҳанд."

Азбаски дар артиши Тоҷикистон барои сарбозон доштани телефони ҳамроҳ манъ аст, ба қавли масъулони Созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" волидон метавонанд барномаи "Призывник"-ро худашон нашр карда, мисли китобчаи кисагӣ ба сарбозон диҳанд. Зеро худи созмон имкони таъмин кардани тамоми артиши Тоҷикистонро бо ин гуна китоб надорад.

Иқдоми ҷорӣ кардани “Призывник” дар телефонҳои ҳушманд дар ҳолест, ки бештари сарбозону ҷавонони синни аскарӣ ҳуқуқи худро намедонанд. Солҳои охир чандин ҳодисаи латту кӯб ва маҷрӯҳ шудани сарбозон аз ҷониби ҳамхизматон ва ҳатто ҳалокати онҳо бар асари зарбу лат ошкор гардидааст. Дар зимн, дар Тоҷикистон маъмулан аз ҳаққи сарбозони латту кӯбшуда созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳимоят мекунанд. Бо далели надонистани ҳаққашон сарбозон сари вақт ба мақомҳои зидахл шикоят намебаранд. Ё бо далели он ки на ҳамеша имкони тамос гирифтанро доранд, танҳо баъди вазнин шудани ҳолати ҷисмонияшон худи волидон ба мақомот муроҷиат мекунанд.