Вазифаи мушкили полковник Хуршед Муҳаммадзода дар ОМОН

Сарҳанг ё полковник Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло (Хуршед Маҳмадшоев) фармондеҳи нави ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Таҳлилгарон мегӯянд, Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло дар рӯзҳои вазнини ОМОН фармондеҳи ин ниҳод таъин шудааст ва бояд фаъолиятро аз санҷиш ва фароҳам кардани шароити хуби корӣ оғоз намояд.

Сарҳанг Хуршед Муҳаммадзода бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон фармондеҳи нави ОМОН таъин шуд. Ин таъинот баъди чиҳил рӯзи нопадид шудани Гулмурод Ҳалимов -- сардори собиқи ОМОН сурат гирифт, ки рӯзи 27-уми май дар як навори видеоӣ эълон кард, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва ба Тоҷикистон бо "ҷиҳод" бармегардад.

Хуршед Муҳаммадзода соли гузашта бо ризоияит раисиҷумҳури Тоҷикистон, фармондеҳи Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуда буд. Ӯ дар гузашта дар сохторҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз ҷумла вазорати дифоъ кор кардааст.

Талоши мо барои пайдо кардани сарҳанг Муҳаммадзода бенатиҷа буд ва ҳамсафонаш мегӯянд, ӯ, ки дар рӯзҳои сахти Дастаи таъиноти махсус сари кор омадааст, корашро аз санҷиши кормандони ин ниҳод оғоз намуд. Яке аз ҳамсафони ӯ, ки нахост аз номаш ифшо шавад, Хуршед Муҳаммадзодаро "нафари ҳирфаӣ" номид ва таъин шуданаш ба ин мақомро нишонаи "эътимоди раҳбарияти Тоҷикистон ба ӯ" номид.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, "маълум аст, ки ҳар раҳбари нав баъд аз таъинаш кормандонро аз санҷиш мегузаронад ва Муҳаммадзода ҳам ҳатман ҳамин корро хоҳад кард."

Амнияти Абдулназар, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, Хуршед Муҳаммадзода дар лаҳзаҳои душвор барои ОМОН раҳбар таъин шудааст ва барқарор намудани нуфузи ин ниҳоди интизомӣ барояш сахт хоҳад буд. Ӯ гуфт, дар мадди аввал ин сарҳанг бояд ислоҳоти кадрӣ ва сиёсии ҷиддиро анҷом бидиҳад. "Аз нигоҳи ман собиқ фармондеҳ хоҳу нохоҳ ба зердастони худ таъсир дошт ва шояд идеологияи динии ӯ дар миёни онҳо зиёд аст. Аз ин хотир, гузарондани ин ислоҳот бениҳоят зарур аст," -- афзуд, ҷаноби Абдулназар.

Аммо Исмоил Раҳматов, аз дигар таҳлилгарони тоҷик бар ин аст, ки фармондеҳи нав бояд фазои беҳтари кориро фароҳам орад. Ӯ гуфт, "аз тарафи дигар ӯ бояд дар фикри баланд бардоштани сатҳи иқтисодии афсарон ва сарбозон шавад. Ин масъала хеле муҳим аст. Ҳодисаи ахир ҳам нишон дод, ки ба хотири пул онҳо ҳатто фирор мекунанд."

Сарҳанг Хуршед Муҳаммадзода моҳи марти соли 1972 ба дунё омада, маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқист. Ӯ Аз соли 1990 боз дар сохторҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор карда ва бо медали "Ҷасорат" ва ордени "Спитамен" сарфароз шудааст. Хуршед Муҳаммадзода дар гузашта ба ҳайси муовини Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи бригадаи алоҳидаи оперативӣ ва зудамали Вазорати корҳои дохилӣ низ кор карда, баъди истеъфои Сӯҳроб Қосим дар моҳи феврали соли 2007 ҷойгузини ӯ шудааст.

Ӯ ба ҳайси сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати дифоъ, муовини командир оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, командири қисми ҳарбии 5453 қӯшунҳои дохилии ВКД низ кор кардааст. Як ҳамкори собиқи сарҳанг Хуршед Муҳаммадзода дар қисми ҳарбии 3502-и қӯшунҳои дохилии ВКД дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз фаъолияти вай тавсиф намуда, гуфт, "ӯ барои рушди ин қисми ҳарбӣ саҳми зиёд гузоштааст."

Дар зимн, моҳи феврали соли ҷорӣ Хуршед Муҳаммадзода бо қарори раисиҷумҳури Тоҷикистон узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуда буд.