Сокинони Душанбе мегӯянд, даҳ сол баъд пойтахтро пур аз биноҳои баланди осмонбӯс ва дар роҳҳояш трамвайҳоро дар гардиш тасаввур мекунанд.
Ва ҳамаи онҳое ки бо Озодӣ сӯҳбат карданд, умедворанд, ки пойтахти Тоҷикистон дар даҳ соли дигар ҳатман ободтару зеботар мешавад.
Наврӯз Раҳимов, сокини 25 солаи пойтахт мегӯяд, вай баъди 10 сол роҳҳои Душанберо бидуни трамвай тасаввур карда наметавонад: «Шояд баъди даҳ сол дар кӯчаҳои Душанбе трамвай ҳарпкат мекунад ва роҳҳои зеризаминӣ зиёд мешавад. Баъди даҳ сол одамон ба тасаввури ман дигар аз супермаркету ҳипермаркетҳо харидорӣ мекунанд, на аз бозору фурӯшгоҳои қади роҳ.»
Ҳамчунин бархе аз сокинон орзу доранд, то дар Душанбе мавзеъҳои бештари тафреҳиву фароғатӣ, мисли Диснейленд, дискоклуби занона, майдони яхмолакбозӣ бунёд шавад.
Душанбе аз нигоҳи аҳолиаш миллионер мешавад
Ин ҳама шояд дар оянда сохта шаванда шояд симои пойтахт ҳамон тавре шавад, ки ҳоло ҷавонҳо орзуяшро мекунанд. Ба шарте ки теъдоди аҳолии пойтахт ба тавони ғунҷоишиаш мувофиқ биояд.
Абдувалӣ Комилов, раиси оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, сохтмон ва меъморӣ дар пойтахти кишвар то ҳол бар асоси Генлан ё Нақшаи куллии соли 1983 ҷараён дорад, ки зиндагии ҳамагӣ 600 ҳазор нафарро дар Душанбе дар назар дошт: «Ду сол қабл нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоти лоҳикашии «Мосгипрогор-4»-и Маскав таҳия шуда, ба шаҳрвандон пешниҳод шуд, ки назару андешаҳои худро доир ба он иброз доранд. Аммо ин лоиҳа то ба ҳол қабул нашудааст.»
Қудратулло Файзуллоев, сардори раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Душанбе мегӯяд, ҳоло дар пойтахт афзоиши аҳолӣ ба назар мерасад: «Аҳолии шаҳр аз ғунҷоиши Генплани соли 1983 25 дарсад бештар шудааст. Ҳоло аҳолии шаҳр расман 766 ҳазор нафарро ташкил мекунанд. Вале дар он солҳое, ки мо рӯи он нақша мекашему ҳисоб мекунем, аҳолии шаҳр аз як миллион ҳам бештар мешавад.»
Дар чанд соли ахир ҳадди ақал маркази пойтахти Тоҷикистон замонавитар шудааст ва мақомот мегӯянд, ин навсозиҳо ба канораҳои пойтахт низ густариш хоҳад ёфт. Абдувалӣ Комилов, раиси оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, дар макони Почтамти қаблӣ Қасри нави алоқа бунёд хоҳад ёфт ва лоиҳакашон се тарҳ - яке 16 ошёна, дигарӣ 24 ошёна ва саввум 30 ошёнаро пешниҳод кардаанд. Аммо то ҳанӯз ҳеҷ як аз ин тарҳҳо пазируфта нашудааст.
Ҳамзамон ҷаноби Комилов хабар дод, ки парлумони Тоҷикистон дар оянда аз бинои феълиаш, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, ба ҷойи дигар мекӯчад ва дар ин биноҳо вазорату идораҳои дигари давлатӣ мустақар хоҳанд шуд. Аммо ӯ дар бораи маҳали нави бинои парлумон изҳори назар накард.
Гуфта мешавад, ки то ҳол барои рушду бузургтар шудани шаҳри Душанбе се тарҳ пешниҳод ва дар торнамои расмии ҳукумати пойтахт нашр шудааст, ки сокинони Душанбе метавонанд аз тариқи ин сомона тарафдорӣ ва ё мухолифати худро иброз кунанд
"А", "Б", "В" - 3 тарҳи рушди Душанбе
Мувофиқи тарҳи “А”, шаҳри Душанбе бояд ба самти ҷануб, қад-қади дарёи Кофарниҳон тавсиъа биёбад. Аммо дар сурати ба ин самт рушд кардани шаҳр фурудгоҳ дар байни пойтахт қарор мегирад, ки ба гуфтаи лоиҳакашон, чандон хуб нест. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи онҳо, бартарии ин самт дар он аст, ки хоки лаби рӯди Кофарниҳон барои сохтмони биноҳои баландошёнаи аз 9 то 30 ошёна мусоид аст.
Мувофиқи тарҳи “Б”, пойтахт бояд ба самти ғарб, то аэродроми ҳарбии Айнӣ ва куҳи Уртабуз доман паҳн кунад. Аммо мутахассисон бо таваҷӯҳ ба объекти стротегӣ будани фурудгоҳи Айнӣ ба ин самт доман густурдани шаҳрро чандон мувофиқи мақсад намедонанд.
Ҳамчунин тарҳи «В” ҳам пешниҳод шудааст, ки тавсиъаи шаҳр дар самти адиру теппаҳои қисмати шимолии пойтахт дар назар дорад. Бартарии ин қисмат ба назари коршиносон хоки мустаҳками он аст, ки бақои сохтмонро таъмин мекунад. Вале ин тарҳ низ беиллат нест ва гуфта мешавад, ки бунёди баландошёнаҳо бо роҳои мошингард ва қубуру коммуникатсия дар теппазор мушкил хоҳад буд.
Қудратулло Файзуллоев, сардори раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Душанбе мегӯяд, ҳоло дар шаҳр ҳамон биною лоиҳаҳое амалӣ мешаванд, ки дар соли 1983 тарҳрезӣ шудаанд. Мувофиқи ин тарҳ, бояд кулли ҳавлиҳои якошёна ва навъи “барак” дар шафати кӯчаҳои Рӯдакӣ, Пушкин, Мирзо Турсунзода ва Аҳмади Дониш бартараф ва дар ҷои онҳо хонаҳои баландошёна сохта шаванд.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи масъулон, дар сурати тасвиби ҳар гуна тарҳи рушди генералии Душанбе, биноҳое, чун театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Академияи улум, Кохи раёсатҷумҳурӣ, Донишгоҳи тиббӣ ва Кохи Ваҳдат чун биноҳои дорои аҳамияти таърихӣ ҳифз карда хоҳанд шуд.
Вақте барномаи сохтани Кохи алоқа дар ҷои Почтамт эълон шуд, гурӯҳе аз равшанфикрон ба мақомот муроҷиат карда буданд, ки бинои Почтамтро ҳамчун як рамзи меъмории Душанбеи асри 20 ҳифз кунанд. Айни даъват ҳангоми кандани бозори "Баракат" низ садо дод. Вале дар ин ду маврид садои ҷомиа шунида нашуд ва ин ду рамзи гузаштаи начандон тӯлонии пойтахти Тоҷикистон бо ду дасти адаб ба рамзҳои шишакории имрӯзааш ҷой холӣ карданд.
Наврӯз Раҳимов, сокини 25 солаи пойтахт мегӯяд, вай баъди 10 сол роҳҳои Душанберо бидуни трамвай тасаввур карда наметавонад: «Шояд баъди даҳ сол дар кӯчаҳои Душанбе трамвай ҳарпкат мекунад ва роҳҳои зеризаминӣ зиёд мешавад. Баъди даҳ сол одамон ба тасаввури ман дигар аз супермаркету ҳипермаркетҳо харидорӣ мекунанд, на аз бозору фурӯшгоҳои қади роҳ.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад