Арт-кафеи Душанбе ба қаҳваи хуб даъват мекунад. ВИДЕО

Барои онҳое, ки аз тарабхонаҳои якранг дилгир ва аз ошхонаҳои серғавғо хаста шудаанд, дар Душанбе Арт-қаҳвахонае бо номи "Мадлен", макони нави тановулу фароғатӣ ифтитоҳ шуд.
Барои онҳое, ки аз тарабхонаҳои якранг дилгир ва аз ошхонаҳои серғавғо хаста шудаанд, дар Душанбе Арт-қаҳвахонае бо номи "Мадлен", макони нави тановулу фароғатӣ ифтитоҳ шуд.

Ин қаҳвахона дар маркази пойтахт, дар ошёнаи аввали бинои “Vefa-Center”, ки ширкатҳои шинохта дар он дафтар доранд, ҷойгир шудааст.

Соҳибони ин қаҳвахона мегӯянд, муштариёнашон аксаран зиёиён ва онҳое ҳастанд, ки олами зебоиро дарк мекунанд ва ба сӯҳбатҳои кориву хусусӣ дар ҷойи хилват тарҷеҳ медиҳанд. Аксҳои чеҳраҳои шинохтаи фаронсавиву итолиёӣ, чатрҳои овезон дар шифт, наққошиву расмҳои табиати аврупоӣ вуҷуди ин қаҳвахонаро дар маркази як кишвари шарқӣ ҷолиб кардааст.

Бахтиёр, яке аз муассисони Арт-қаҳвахонаи Мадлен, ки 14 сол дар тарабхонаҳои мухталиф, аз ҷумла дар Русияву Аврупо таҷриба андӯхтааст, мегӯяд, онҳо ин қаҳвахонаро дар муддати 3 моҳ ва бо кӯмаки наққошони ҷавон, ки дар мактаби рассомии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ороиш додаанд.



Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Арт-кафе "Мадлен" дар маркази Душанбе



Ба гуфтаи Бахтиёр, ин қаҳвахона дар муддати хеле кӯтоҳ аллакай муштартиёни худро пайдо кардааст. Бахтиёр афзуд, «ба қаҳвахонаи мо акарсан онҳое меоянд, ки завқи баланди зебоипарастӣ доранд. Онҳо худро дар ин ҷо хеле роҳат эҳсос мекунанд. Ҳамазамон ғизои табъи дили худро фармоиш медиҳанд. Мо ҳамчунин ба тарзи пешниҳоди ин ғизоҳо ва шириниҳо диққати ҷиддӣ медиҳем ва дар шакли аврупоӣ онро анҷом медиҳем. Дар тӯли 3 ҳафтае, ки мо кушода шудем, муштариён аз хизмарасонии мо ва, қабл аз ҳама, фазои қаҳвахона розӣ мераванд».

Бахтиёр мегӯяд, ошпазони ин қаҳвахона, ғизоҳои аврупоӣ, шириниҳои фаронсавӣ ва 15 навъи қаҳва, аз ҷумла “Эспрессо”, “Американо”, “Капучино” ва “Амаретто”-ро таҳия мекунанд.

Ба таъкиди Бахтиёр, дар Арт-қаҳвахонаи "Мадлен" ҳатто бо 11 сомонӣ метавон аълотарин қаҳва ва бо 70 сомонӣ беҳтарин ғизои фаронсавӣ ва итолиёиро фармоиш дод.

Бахтиёр мегӯяд, «мо нархҳоро бо назардошти даромади сатҳи миёнаи аҳолӣ, яъне онҳое, ки аз 150 то 200 доллар моҳона мегиранд, муайян кардаем. Муштариёни мо аксаран стейкро фармоиш медиҳанд, ки 63 сомонӣ нарх дорад. 90 дарсади маҳсулоте, ки барои омода кардани ғизо истифода мешавад, аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Русия ворид мешавад. Аз ин хотир, тамъи ғизоҳо айни тамъи ғизоҳои асл аст».

Дар пойтахти Тоҷикистон ҳамагуна тарабхонаву ошхона ва бару кафеҳоро мешавад пайдо кард, ки пешниҳод кардани ғизои аврупоӣ ба муштариро барои худ ифтихор медонанд ва баъзан бо номбар кардани як қатор ғизоҳои барои
тоҷикҳо ношинос муштариҳоро ҳайрон мекунанд. Ин аст, ки аксаран баъди шунидани калимаҳои ношиноси фаронсавиву итолиёвӣ аз пешхизмат мехоҳанд, ки ин ғизоро ба забони тоҷикӣ тасвир кунад. Нарху наво дар ин муассисаҳо хеле баланд аст ва бо маоши миёнаи мардум дар Тоҷикистон, ки ҳудудан ба 100 доллар баробар аст, истифода аз ин муассисаҳо тақрибан номумкин аст.

Қавахонаи “Мадлен” ҳоло нархи қобили қабул дорад ва ҳам фазое, ки муштариҳоро ба сӯи худ мекашад. Анна Шукурова, яке аз муштариёни ин қаҳвахона мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар пойтахт теъдоди тарабхонаҳо хеле зиёд аст, муҳити онҳо чандон хушоянд нест ва ҳамчунин ғизоҳои якранг доранд. Ин ҷо бошад, барои нӯшидани қаҳва, шунидани мусиқии ором ва сӯҳбат бо дугонаҳояш хеле хушоянд аст.

Анна гуфт, «ман панҷ сол инҷониб ба қаҳвахонаи “Сегафредо” мерафтам, аммо баъд аз он ки ба ин қаҳвахона омадам, ба ин ҷо дил бастам. Зеро ин қаҳвахона на барои гузаронидани мулоқоти расмӣ ё дилхушист, ин ҷоест, ки шахс истироҳат мекунад ва қаҳваи хуб менӯшад».

Дар ҳамин ҳол, Нигора як сокини дигари пойтахт, ки барои ғизохӯрӣ ҳамин қаҳвахонаро интихоб кардааст, мегӯяд, ҷонибдори бештар шудани ҳамин навъ қаҳвахонаву марказҳои фароғативу тановулист.

Зеро, ба гуфтаи Нигора, "вақте дар муҳити зебои пур аз тасвирҳои ҷолиб ва аксҳои шахсиятҳои маъруф қаҳва менӯшӣ роҳаташ бештар аст. «Ба назари ман, агар чунин қаҳвахонаҳо бештар шавад, маданият низ болотар мешавад ва аз нигоҳи зебоипарастӣ, ҷавонони мо рушд мекунанд. Аз тарафи дигар, имкони ошно шудан бо дунёи ҳунар ва ошхонаҳои кишварҳои Аврупо бештар мешавад ва аз ин нигоҳ, ҷаҳонбинӣ низ васеъ мегардад».

Муассисони Арт-кафе тасмим доранд ҳар ҳафта чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва ҳамчунини муаррифии оҳангҳои ҷадиди аврупоиро доир намоянд.

Бизнеси тарабхона, ошхона ва қаҳвахона дар Тоҷикистон аз корҳоест, ки дафъатан фоида меорад ва аз ин рӯ соҳибкорон ба ҷойи сармоягузорӣ ба тарҳҳои тоза, ба бунёди тарабхонаву қаҳвахонаҳо тарҷеҳ медиҳанд.