Рассомони тоҷик ба дача ниёз надоранд?

Яке аз бӯстонсароҳо дар Варзоб.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мехоҳад бӯстонсарои Иттиҳодияи рассомони кишвар воқеъ дар мавзеи "Варзоб"-ро, ки ҳанӯз аз даврони шӯравӣ моли рассомони тоҷик буд, ба тобеияти худ дарорад.
Баҳси ин ду ниҳоди давлатӣ бар сари ин бӯстонсаро ба замони муфлис эълон шудани моликияти Иттиҳодияи рассомон аз сӯи Кумитаи амвол дар соли гузашта бармегардад, ки ба дунбол Идораи роҳи оҳан бӯстонсарои рассомони тоҷикро аз худ намуд.

Аммо пас аз шикояти Иттиҳодияи рассомон дар моҳи август, Додгоҳи иқтисодӣ ҳамаи амволи аз дастрафтаи рассомонро пас гардонд ва аз ҷумла бӯстансарои онҳоро аз дасти идораи Роҳи оҳан гирифту ба ихтиёри соҳибони қаблии он гузошт. Вале Идораи роҳи оҳан ахиран бо аризаи шикоятӣ даъво кардааст, ки бӯстонсароро бо маблағи идора харидорӣ карда ва аз ин рӯ, он дубора ба ихтиёри ин ниҳод гузошта шавад.

Аммо Фаррух Хоҷаев, раиси Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон рӯзи 4-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ин бӯстонсаро замони шуравӣ на бо маблағ аз будҷаи давлат, балки бо пули даромади рассомон харида шуда буд.

Фаррух Хоҷаев мегӯяд, ки агар Идораи роҳи оҳан дар ин мурофиа баранда шавад, ниҳоди зери сарпарастиаш ба дунболи ин баҳс масъалаи дигар -- қазияи толорҳои худ дар бинои Иттиҳодия рассомонро низ аз даст хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол Дафтари матбуоти Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ки мурофиаи додгоҳии Роҳи оҳан бо Иттиҳодияи рассомон рӯзи 7-уми март баргузор хоҳад шуд.

Раиси Иттиҳодияи рассомони тоҷик афзуд, ки вақте Кумитаи амвол моликияти Иттиҳодияи рассомонро муфлис эълон кард, толори ошёнаи яукм, дуюм ва сеюми рассомон фурӯхта шуданд.

Ба гуфтаи вай, «беш аз 7 моҳ аст, ки рассомон наметавонанд бинобар баҳсҳои додгоҳӣ ба толори Иттиҳодияи рассомон ворид шаванд ва намоишгоҳҳои эҷодиёти худро баргузор кунанд ва ҳоло ҳар яке аз рассомон дар устохонаҳои худ воқеъ дар кучаи Умари Хаёми пойтахт кор мекунанд"

Дар Итиҳодияи рассомони Тоҷикистон ҳудуди 180 тан аз ҳунарманди санъати тасвирӣ, фаъолият доранд.