Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст, ки тафтиши парвандаи соҳибкори маҳаллиеро, ки дар марги 5 муҳоҷири тоҷик айбдор мешавад, бахши кумитаи тафтишот дар вилояти Орёл анҷом хоҳад дод.
Ёфт шудани ҷасадҳои селофанпечи якбора 5 муҳоҷири тоҷик дар моҳи июли соли ҷорӣ сарусадои зиёде ба по карда буд ва ҳам сафорат ва ҳам намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба дунбол эълон карданд, ки ҷараёни таҳқиқи ин қазияро зери назорат мегиранд.
Кумитаи тафтишот бо гузашти қариб 6 моҳ аз кашфи ҷасадҳои он 5 муҳоҷири тоҷик исми корфармои онҳоро эълон кардааст.
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2 декабр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Ин нафар Ахмедов Ахмед Гаҷиевич ном дошта, шаҳрванди Русия будааст. Кумитаи тафтишот ин соҳибкорро ба нодуруст ба роҳ мондани истеҳсолот, ки боиси марги беш аз 2 нафар шудааст, рӯпӯш кардани ҷиноят ва ҳам ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва қасди дуздии нафт айбдор мекунад. Чунки Ахмедов ғайриқонунӣ мехост аз зери замин то як лӯлаи нафт нақб канад. Баъди ҳалокати мардикоронаш низ ӯ барои пӯшондани изи ҷиноят ҷасадҳоро дар ду ноҳияи мухталиф партофт.”
Ҳамин амри охир, яъне дар ҳудуди вилояти Орёл ҳалок шудани 5 мардикор ва дар ду ноҳияи мухталиф – дар ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва дар як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула – ёфт шудани ҷасадҳои онҳо боис шуда буд, ки тафтиши ин парванда то ба ин авохир дар дасти мақомоти тафтишотии се вилояти мухталифи Русия қарор дошт. Кумитаи тафтишот акнун тамоми парвандаро дар дасти бахши вилоятиаш дар вилояти Орёл мунсаҷим кардааст.
Ҷасадҳои селофанпечи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се мардикори дигари тоҷик рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула ёфт шуданд. Ҳамаи ин 5 нафар узви як бригада будаанд, ки бо супориши як соҳибкори маҳаллӣ дар вилояти Орёл ғайриқонунӣ аз зери замин ба сӯи як лӯлаи нафт нақб мекандаанд.
Дар рафти тафтиш маълум шуда, ки Ахмедов Ахмед бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ мехост аз зери замин ба сӯи як лӯлаи нафте, ки аз ҳудуди вилояти Орёл мегузашт, нақб биканад ва ба ин хотир 5 мардикори тоҷикро киро кардааст. Ба гуфтаи тафтишт, ин 5 мардикор дар моҳи июл ҳангоми кандани нақб дар зери замин аз нафас кашидани газ нафасгир ва ҳалок шудаанд. Баъди чунин ранг гирифтани кор корфармои онҳо ба хотири пӯшондани изи ҷиноят ҷасадҳои мардикоронашро селофанпеч карда, дар минтақаҳои мухталиф партофтааст.
Ахмед Гаҷиевич Ахмедов, бино ба маълумоти дарёфтӣ, дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Орёл ширкати тиҷории “элитторг”-ро сабти ном карда буд, ки бино бар оинномааш, ба фурӯши маҳсулоти хӯрока, асосан гӯшти мурғ ва нӯшобаҳо ихтисос дошт. Ширкати дигари ин соҳибкор “Дорстройсервис” ном дошта, дар риштаи роҳсозӣ фаъолият дошт. Додгоҳи Орёл ин соҳибкорро моҳи июн, ҳамагӣ як моҳ пеш аз ҳалокати 5 мардикораш бо иттиҳоми напардохтани ҳаққи Сандуқи нафақа зери 5000 рубл ҳам ҷарима бастааст.
Вале ин ширкатҳо чандон муваффақ набудаанд, ки Ахмедов пой ба масири дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт задааст. “Бизнес”-е, ки дар ниҳоят мунҷар ба ҳалокати 5 муҳоҷири ҷавони тоҷик, ки ҳамагӣ аз 26 то 35 сол доштанд, шуд:
- Хуршед Шарифович Ёрматов, санаи таваллудаш 11 августи соли 1988, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон
- Самандар Салимович Халифаев, санаи таваллудаш 31 марти соли 1989, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ.
- Солеҳҷон Одилович Дилшодов, соли таваллудаш 1982 аз ноҳияи Қумсангир
- Фирдавсӣ Ашӯрович Нодиров, соли таваллудаш 1980, аз ноҳияи Данғара
- Шаҳром Набиев, соли таваллудаш 1988
Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофоти байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.