То як моҳи дигар дар Русия як ширкати телефонҳои мобил ба кор медарояд, ки асосан барои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои муҳоҷирони тоҷик сохта шудааст.
Сокинони Тоҷикистон нахустин муштариёни ширкати нави мухобиротии Русия мавсум ба «Aiva Mobile»(«Айва мобайл») хоҳанд буд, ки қарор аст, ҳудудан як моҳ пас ба фаъолият шурӯъ кунад. Ин хизматрасонӣ, ки махсус барои муҳоҷирони кишварҳои Осиёси Марказӣ пешбинӣ шудааст, ба муштарӣ имкон медиҳад, дар як сим - корт якбора ду шумораи мобилӣ - ҳам тоҷикӣ ва ҳам русиро дар ихтиёр дошта бошад. Ба гуфтаи масъулон, муҳоҷирон ҳамчунин метавонанд бо нархи арзон бо наздиконашон дар ватан тамос бигиранду пайваста аз ҳоли ҳамдигар бохабар бошанд.
Ширкати нави русӣ - «Айва мобайл», ки қасд дорад, фаъолияташро аз Тоҷикистон шурӯъ кунад, дар ин кишвар ширкати «Вавилон Мобайл»-ро ҳамкори худ интихоб кардааст. Масъулини ширкат нархномаи ин хизматрасонии навро ҳанӯз эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи як корманди «Вавилон Мобайл», дар сурати фаъол шудани хизматрасонии нав, дигар муштариёни онҳо ҳангоми сафар ба Русия метавонанд бидуни пайвастшавӣ ба роуминг аз телефонии мобилии худ истифода кунанд ва хароҷоти тамоси телефонии онҳо ҳам баробари дигар муштариён дар дохили кишвар хоҳад буд.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, «Вақте ба ҳудуди Русия мераванд, муштариёни ширкати русии «Айва Мобайл» мешавад. Дар сим-корт якбора нишон медиҳад, ки ту муштарии кадом ширкат шудӣ. Ва зангҳое аз он ҷо ба Тоҷикистон мезананд, нархи муқаррарӣ мешавад, ки хеле арзон мешавад аст.»
Бояд гуфт, арзиши пайвастшавӣ ба роуминг, барои истифодаи шумораи рақами телефони тоҷикии худ дар Русия дар ширкати «Вавилон»-и Тоҷикистон 137 сомониро ташкил медиҳад ва дар дохили кишвар қимати як дақиқаи занг аз 30 то 50 дирам муайян шудааст. Ин дар ҳолест ки нархи зангҳои баромади байналмилаллӣ дар аксар ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон на камтар аз 12 сент аст.
Масъулони ширкати «Айва Мобайл» роҳандозии онро дар Тоҷикистон бисёр муҳим мехонанд, зеро ҳамасола беш аз як миллион нафар аз сокинони ин кишвар барои пешбурди зиндагӣ ба Русия муҳоҷират мекунанд ва маъмулан ягона василаи огоҳ шудан аз вазъи наздикони муҳоҷири худ барои хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон ҳамин тамосҳои телефонӣ аст.
Ғолибан муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон занг мезананд, чунки мегӯянд, қимати сӯҳбат аз онҷо арзонтар аст, назар ба зангҳо тавассути ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.
Гулчеҳра, як мусоҳиби мо, ки 4 сол аст, писараш дар муҳоҷират қарор дорад, мегӯяд: «Албатта, агар чунин имтиёзҳо мебуд, хеле хуб мешуд. Мо ҳар вақте ки хавотир мешудему мехостем, метавонистем ба фарзандони худ занг занему аз ҳолашон хабар гирем. Баъзан гапу хабарҳои мухталиф мешунавам аз расонаҳо ё писарам дер занг мезанад ва хеле хавотир мешавам, аммо аз ин ҷо занг задан бароямон каме гаронтар аст ва на ҳамеша дар суратҳисоби телефон пули заруриро дорем. Ҳамеша интизори занги писарам ҳастам. Ӯ мегӯяд, аз он ҷо арзонтар аст.»
Ин ҳам дар ҳоле ки бо дар назардошти зиёд будани талабот, барои тамоси телефонӣ ба Русия солҳои ахир аз сӯи ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон ҳам таруфаву имтиёзҳои мухталифу арзон пешниҳод мешавад, аммо барои истифодаи ин имтиёзҳо бояд бо пардохти маблағ аз Интернет кор бурд.
Вале Шаҳноз Комилзода, сухангӯи ширкати «Мегафон Тоҷикистон» аз таруфаи вижаи ин ширкат барои тоҷикони Русия бо номи «Ду кишвар дар як сим-корт» хабар медиҳад: «Бо истифодаи ин таруфа масалан шумо метавонед як сим-корти «Мегафон»-ро дар ду кишвар истифода баред ва нархи ҳар дақиқаи занг аз «Мегафон»-и Тоҷикистон ба «Мегафон»-и Русия 20 дирамро ташкил медиҳад. Ин таруфа барои онҳое ки бештар ба Русия рафтуо доранд, хеле роҳат аст.»
Ду сол қабл ширкати мухобиротии «Мегафон Тоҷикистон» ва ширкати дигари русӣ - «Билайн» барои нархгузории аз ҳад зиёд арзони зангҳояшон ба Русия, ки то 6 сент арзиш дошт, аз сӯи Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Он замон мақомот бо баҳонаи "ҷилавгирӣ аз монополист шудани ширкатҳои русӣ" нархномаи зангҳо ба Русияро барои ҳама ширкатҳо на камтар аз 10 сент, муодили тақрибан 50 дирам муайян карда буд.
Дар пайи ин дастур ва боло рафтани қимати зангҳои байналмилалӣ, ки бисёриҳо онро натиҷаи «лоббӣ»-созии ширкатҳои маҳаллӣ ҳам мехонданд, бино ба иттилои бархе аз ширкатҳои мобилӣ, муоширати мардуми Тоҷикистон бо пайвандонашон дар Русия кам шуда буд.
«Айва мобайл», бино ба иттилои сомонааш аз сӯи ширкати «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ) таъсис ёфтааст. МТТ марбут ба Леонид Додоҷонович Рейман, вазири собиқи мухобироти Русия дар солҳои 1999 - 2004 аст, ки зодаи Хуҷанди Тоҷикистон мебошад.