Рӯнамоӣ аз "Даргилмодак" - дарди дили модарони Рӯшон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Душанбе китоби тозанашри “Даргилмодак” муаррифӣ шуд, ки намунаҳои фолклор ва адабиёти яке аз забонҳои қадимтарини помирӣ -- забони рӯшониро аз охири қарни нуздаҳум то имрӯз дар бар мегирад. Ба қавли мураттиби китоб, Лутфишоҳ Қиматшоев, онҳо талош кардаанд, дар ин маҷмӯа ашъори беш аз бист шоири маҳаллиро, ки бо забони қадими рӯшонӣ иншо шудааст, ҷой диҳанд.

Оқои Қиматшоев мегӯяд, агарчӣ мазмуни Даргилмодак "пазмон шудани модар ва ё дилгир шудани онҳо аз дурии фарзандон" аст, аммо дар асл жанри махсуси адабист, ки занон дарду ғамашонро бо назм баён мекунанд. Лутфишоҳ Қиматшоев мегӯяд, мақсад аз нашри китоб эҳёи забонҳои нодири бехати тоҷикист, ки ба қавли ӯ “мутаассифона, солҳои охир аз ҷониби масъулин ба он кам таваҷҷуҳ мешавад”.

Забони рӯшонӣ аз қадимтарин ва серистеъмолтарин забонҳои помирӣ маҳсуб шуда, дар гузаштаи начандон дур (то даҳаи аввали қарни бистум) теъдоди истифодабарандагони он, аз лиҳози бартарият доштани аҳолии Рӯшонзамин, нисбат ба соири ноҳияҳои Помир ба маротиб зиёдтар будааст.

Муаллифон мегӯянд, ки “Даргилмодак” даъво ва ҳукми китоби илмӣ-тадқиқотиро надорад, балки ҳамагӣ маҷмӯаест иборат аз намунаи фолклор ва адабиёти забони рӯшонӣ, ки шояд барои соҳибзабонон ба унвони ҷузъе аз манобеи ҳувияту худшиносӣ ва барои муҳаққиқон ба ҳайси маъхаз хизмат расонад.