Шикояти расмии Зоиров аз "ҳамла"-и ахир ба дафтари ҲСДТ (ВИДЕО)

"Ҳамла" ба дафтари ҲСДТ. Акс аз видеои ББС

Раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар робита ба “ҳамла”-и рӯзи 1 март ба дафтари ҳизб ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе аризаи шикоятӣ навиштааст.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси моддаи 137 (вайрон кардани ҳуқуқи манзили шаҳрванди Тоҷикистон) ва моддаи 157(маҳдуд кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ) ба шӯъбаи умури дохила шикоят бурда, наворҳои видеоии лаҳзаи вуруди афроди ношинос ба дафтари ҳизбро, ки дар расонаҳо низ нашр шуд, низ пешниҳод кардааст. Оқои Зоиров аз мақомот хостааст, то бо анҷоми таҳқиқи қазия гунаҳкоронро ба ҷазо кашанд.

“Гурӯҳи одамони норшинос ғайримунтазира ба дафтари ҳизб ворид шуда, талаб карданд, ки нишасти созмондодаи ҳизб, ки як нишасти фарҳангӣ буд, поён дода шуда, меҳмонон манзилро тарк кунанд. Ин маҳдуд кардани фаъолияти ҳизб аст,” - зикр намуд ҷаноби Зоиров.

Ин бори сеюм аст,ки Раҳматулло Зоиров дар мавриди ҳамлаҳои гурӯҳӣ ба дафтари ҳизбаш ба мақомот шикоят мебарад, вале мақомоти умури дохила то ҳанӯз дар бораи анҷоми кадом таҳқиқе дар заминаи ду ҳамлаҳои қаблии рӯзҳои 10 декабр ва 1 феврал гузориш надодаанд. Тарафдорони ҳизби сотсиал-демократ мегӯянд, ба анҷоми кадом таҳқиқи одилонае дар мавриди ҳамлаи ахир низ эътимод надоранд.

Соатҳои тақрибан якуними рӯзи шанбе, 1 март, як гурӯҳи мардон вориди дафтари ин ҳизби мухолиф дар пойтахт шуда, монеъи таҷлили зодрӯзе яке аз фаъолон шудаанд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ рӯзи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афродро пулис бидуни ягон пурсиш раҳо кардааст ва аз ин рӯ, рӯзи душанбе раиси ҳизб Раҳматуллоҳ Зоиров расман ба мақомоти умури дохилаи ноҳияи Синои Душанбе ва дар сурати зарурат ба мақомоти болотар муроҷиат хоҳад кард, ки азбаски ин “ҳамла”-и яку ё дуюм ба дафтари онҳо нест, мақомот бояд ба он баҳои ҳуқуқӣ дода, омилонашро билохира ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Дар ин маҳфил хабарнигорони бахши тоҷикии радиои ББС низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷараёни даромадани ин гурӯҳ ва “бигӯ-бигӯ”-и онҳо бо аҳли нишастро ба навор бардошта, дар сомонаи Ютюб нашр кардаанд. Ин навори хабарнигорони ББС дар ин нишонӣ қобили тамошост.

http://www.youtube.com/watch?v=aLaziK5qcuU



Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, рӯзи 1 март дар дафтари ҳизб ягон ҷаласаи расмӣ набуд, балки сари дастурхон зодрӯзи Маҳмурод Одинаев, раҳбари Эътилофи зидди шиканҷаро, ки мавридиҳои бадрафторӣ дар зиндонҳои Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, таҷлил мекарданд: “Ягон 15 дақиқа гузашта буд ё не, ки як гурӯҳи зада даромаданд. Мо ибтидо ҳатто гумон кардем, ки шояд дӯстони Маҳмурод аз зодгоҳаш - ноҳияи Ҳисор – бошанд. Аммо онҳо баробари зада даромадан ба шиорпартоӣ сар карданд ки: “Шумо тинҷиро намехоҳед! Шумо мехоҳед соли 1992 такрор шавад. Шумо ҳодисаҳои Украинаро ба сари Тоҷикистон оварданӣ ҳастед! Мо инро намехоҳем! Монед, мо тинҷу осуда зиндагӣ кунем... Ва амсоли ин.”

Шокирҷон Ҳакимов

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҳарчанд касе аз масъулони дафтар ба пулис занг назада буд, баъди ягон 10 ило 15 дақиқаи “ҳамла” маъмурони пулиси ноҳияи Синои Душанбе ҳам ҳозир шуданд, вале “онҳо пойфишорӣ мекарданд, ки бояд мо, аҳли маҳфилро ба шӯъбаи умури дохила баранд, чунки гӯё факти вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ мушоҳида шудааст. Вақте фаҳмондем, ки мо ягон ҷаласа надорем, силоҳ ҳам надорему кадом қасди табаддулот инҷо нест, балки фақат як зодрӯз аст, каме суст шуданд ва “ҳамлагарон”-ро гӯё “боздошт” карда буданд. Вале чун дар мавридҳои қаблӣ маълум шуд, ки инҳоро ҳам зуд раҳо кардаанд.”




Ин бори аввал нест, ки дафтари ҲСДТ мавриди “ҳамла” қарор мегирад. Вале дар ду навбати аввал ба дафтари ҳизб гурӯҳи занон “юриш” мекарданд бо айни шиорҳо, ки “Мо тинҷиро мехоҳем, шумо – намехоҳед” ва “Монед, Эмомалӣ Раҳмон кор кунад.” Раҳбарони ҲСДТ дар он ду маврид, ки яке рӯзи 10 декабри соли 2013 ва дувумӣ 1 феврал сурат гирифт, то ба вазири умури дохила Рамазон Раҳимов ва баъди онки ин муроҷиатҳо натиҷа надод, ба додситонии кул муроҷиат карданд.

Заноне ки ба дафтари Зоиров ду бор "ҳамла" карданд

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, беамалии мақомот дар баробари ин “ҳамла”-ҳо нишон медиҳад, ки касоне дар мақомоти давлатӣ дар пушти чунин шеваи бархӯрди тунд нисбат ба аҳзоби мухолиф ва дигарандешон истодаанд. Ба ақидаи ӯ, ин ҳама бахше аз омодагиҳои мақомот ба интихоботи парлумонии соли оянда аст ва нишон медиҳад, ки давлати Тоҷикистон ин маъракаро низ мсили интихоботҳои пешин дар як фазои тарсу таъқиб барпо кардан мехоҳад.

Аммо таҳлилгарон бо ишора бо пайдо шудани шиори “Шумо ҳодисаҳои Украинаро ба сари Тоҷикистон оварданӣ ҳастед!” дар забони гурӯҳи ахир мегӯянд, ин “ҳамла” як навъ афзудани нигаронии мақомоти тоҷик баъди ҳаводиси Украинаро низ намоиш медиҳад, зеро баъди суқути режими Виктор Янукович бахусус дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ҳушдорҳое аз сӯи фаъолон зиёдтар садо медиҳанд, ки агар ҳокимони худкомаи Осиёи Марказӣ аз сарнавишти Янукович сабақ нагиранд ва роҳи ислоҳотро накушоянд, баъид нест, агар ягон рӯз онҳо ҳам бо чунин мавҷи эътирозҳо рӯбарӯ шаванд.

Шоҳидони ҳодиса низ мегӯянд, ҳар боре ки аз "ҳамлагарон" исботи даъвояшон дар мавриди "тинҷиро нахостан"-и мухолифин мепурсиданд, онҳо ҳодисаҳои Украинаро ёдовар мешуданд, ки бинед, онҷо чӣ шуд.

Ҷаласаи "ҳамла"-шудаи ҳизби наҳзат дар Кӯлоб

Вале чунин ба назар мерасад, ки истифода аз шеваи ҳамла ба ҷаласаву ҳамоишҳои мухолифон дар Тоҷикистон як амри маъмул мешавад. Ба ҷуз аз 3 мавриди “ҳамла” ба дафтари ҲСД, дар ин ҳафта як гурӯҳи занон дар Кӯлоб бо айни шиорҳо, ки “Шумо такрори соли 1992-ро мехоҳед!” вориди толоре шуданд, ки дар он ҷаласаи фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ, яке дигар аз аҳзоби мухолифи Тоҷикистон мегузашт.

Ҳамин тавр, рӯзи 1 март Шӯҳрат Қудратов, яке аз фаъолони ҲСДТ ва вакили дифоъи Зайд Саидов, ки аз шоҳидони айнии “ҳамла”-и дирӯза ба дафтари ҳизбаш буд, тавассути саҳифааш дар Фейсбук аз он шикоят кардааст, ки маъмурони милиса шумораи мошини ӯро, ки дар дасти усто буд, канда гирифтаанд. Вақте Қудратов барои таҳқиқи қазия ба устохона рафтааст, қариб худи ӯро ба шӯъбаи пулис баранд, вале ба гуфтаи вакили мудофеъ, дар ниҳоят ӯро раҳо кардаву аммо шумораи мошинашро барнагардондаанд. Шӯҳрат Қудратов қаблан шикоят карда буд, ки нозири минтақавӣ барои тафтиш ба манзилаш омада, дағалона рафтор кардааст.

Ҳамин тавр, ҳарсе вакили Зайд Саидов рӯзи 25 феврал бо нашри як изҳороти вижа гуфта буданд, ки тавассути телефон СМС ё паёмакҳои таҳдидомез гирифтаанд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки Қудратов бо чунин мазмун паём гирифтааст: “Гуш к т да серуз вакт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таерита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Вакилони Зайд Саидов ин таҳдидҳоро ба баҳси давомдоре, ки байни онҳо ва раиси Ожонсии мубориза бо фасод Абдуфаттоҳи Ғоиб бар сари парвандаҳои вазири собиқи саноат идома дорад, бастагӣ доданд. Вале мақомоти Ожонсӣ дар посух ин иддаоро бепоя хонда, ба Озодӣ гуфтанд, ба ҳеҷ сурат як ниҳоди муҳими қудратӣ барои худ раво намебинад, ки бо телефони махфӣ ё бо роҳҳои дигари пинҳонӣ ба нафаре таҳдид кунад.

Шӯҳрат Қудратов баъди ҳодисаи охир дар устохона аз вазири умури дохила Рамазон Раҳимов гила кардааст, ки ин вазоратро дар хидмати наздикони худу наздикони раисиҷумҳур қарор додаву чандон парвои боқӣ мардум надорад.