Дар Тоҷикистон барои бори аввал ҷиҳати осон кардани сафар ба манотиқи кишвар аз тариқи мусофирбарҳои хусусӣ барномаи телефонӣ дар Google Play сохта шуд. Муаллифони ин тарҳи иҷтимоӣ мегӯянд, барномаи мазкур ройгон аст ва робитаи ронандаҳо ва мусофиронро аз тариқи интернет осон мекунад.
Омил Мамадназаров, барномасози ин тарҳ мегӯяд,бо истифода аз барнома safar.tj мусофирон метавонанд аз хона нишаста мошини сафар ба минтақаҳои дурдастро кироя кунанд. “Насби ин барномаи мобилӣ, ки ҳамҷамаш хеле хурда аст, ҳамагӣ чанд сонияро мегирад.Барои истифодаи он интернети зиёд ҳам лозим нест. Мо аллакай таблиғи ин барномаро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва таваққуфгоҳҳои мошинҳо шурӯъ кардем ва чандини нафар аз ин хидматрсонӣ истифода бурданд,” - гуфт Омил Мамадназаров.
Ба қавли ӯ, барномаи safar.tj ҳоло барои телефонҳои ҳушманди дорои Android пешбинӣ шудааст.
Омил Мамадназаров гуфт, барномасозӣ машғулияти дӯстдоштааш аст ва ӯ ин барномаро дар соатҳои холӣ ва дар муддати се моҳ таҳия кардааст. Ин барномасози ҷавон мегӯяд, аз ин тарҳ онҳо ҳеҷ сӯди молӣ намебинанд, балки ҳадафашон ёрӣ расондан ба ронандагон ва мусофирон аст.
Сафар ба манотиқи Тоҷикистон, хусусан Бадахшону Суғд бо роҳи заминӣ барои ҳам мусофирон ва ҳам ронандаҳо саргардонӣ, талаф додани вақт ва хароҷоти барзиёд дорад. Ҳатто мусофирбарҳо дар самти Бадахшону Суғд бештар аз 3 рӯз то 2 ҳафта мунтазири дарёфти мусофирон дар таваққуфгоҳ шабро рӯз мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳкамбек Шарифов, ронанадае, ки солҳои тӯлонӣ ба ноҳияи Дарвоз мусофир мекашонад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино бар набуди мусофирони гоҳо то даҳ рӯз дар таваққуфгоҳ мунтазир мемонад: ”Ман ҳар субҳ аз маҳаллаи 46-ум ба таваққуфгоҳ меоям, зиёд интизор мемонем. Агар мусофирон аз пеш аниқ бошанд, ки кай ва чанд кас сафар мекунанд, кор осон мешавад.”
Ронандаҳо ва ҳам мусофирон аз барномаи телефонии safar.tj истиқбол мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо истифода аз ин фанноварӣ метавонанд ҳам вақт ва ҳам пули худро сарфа кунанд. Парвиз Ҳокимзода, яке аз мусофирон мегӯяд,”барои Тоҷикистон ин барномаи нав ва муфид аст. Вале бояд бояд кори зиёд иҷро шавад, то ки мардум аз барнома огаҳ шаванд ва онро истифода баранд.»
Муаллифони тарҳи иҷтимоии safar.tj мегӯянд, ҳоло бештар аз 100 нафар барномаи онҳоро насб кардаанд. Ин барнома барои ширкат дар озмуни Eurasia Mobile Challenge сохта шуда, дар миёни 600 тарҳи озмун дар даҳгонаи аввал ворид гашт ва барои истифодаи саросарӣ иҷоза пайдо кард.