Автобусҳои тоҷикиву туркӣ ба кӯчаҳои Душанбе мебароянд. ВИДЕО

Ширкати муштараки тоҷикиву туркии “AKIA-AVESTO” барои нахустин бор бор дар Душанбе банду басти автобусҳои мусофирбари тамғаи AKIA-ро шурӯъ кард.

Дар марҳилаи аввал аллакай 13 адад автобус мавриди истифода қарор гирифта рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. “AKIA-AVESTO” аввалин ва ягона ширкат дар Тоҷикистон аст, ки ба тавлиди автобусҳои

Ҳам аз ҳисоби кор дар чунин корхонаҳо маош гирифта зиндагиро таъмин ва ҳам барои пешрафти кишвар саҳм мегузорем

мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ машғул аст. 75 дарсади таҳизоти ин автобусҳо дар Туркия ва 25 дарсади он дар Тоҷикистон банду баст мешавад.

Бар асоси қарордоди ҳукумати шаҳри Душанбе ва ширкати туркӣ, то охири соли ҷорӣ қарор аст истеҳсоли 100 адад автобуси мусофикаш ба анҷом расад. Асрор Мирзоев, мудири кулли ширкати муштараки “AKIA-AVESTO” мегӯяд, дар марҳалаи дуюм, тақрибан як ҳафта баъд ворид кардани ҷиҳози нимтайёри 15 автобуси дигар дар назар гирифта шудааст. Ба гуфтаи Мирзоев “ғунҷоиши ин автобусҳо - 26 ҷои нишаст барои 98 мусофир ва 72 ҷои рост буда, муҳаррики ин автобусҳо аз ширкати маъруфи олмонии Мерседес-Бенс, мутаҳаррик ва ноқилқуттиаш аз ширкати олмонии “ZF” аст”.

Асрор Мирзоев ҳамчунин гуфт, баъди таъсиси корхонаи тавлиди ин автобусҳо дар Душанбе, автобусҳои ширкати “AKIA” пурра дар Тоҷикистон бандубаст мешаванд. Ин корхона дар як сол метавонад то 300 автобус тавлид кунад. Таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз ҷумлаи дигар бартариҳои мусофиркаш гуфта мешавад. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудааст, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешавад.

Тугмачаи назди дари мобайнӣ бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба назди дар ронандаро огоҳ кунанд. Феълан дар ширкати муштараки “AKIA-AVESTO” 40 мутахассиси тоҷик таҷҳизоти автобусҳои AKIA-ро банду баст мекунанд. Онҳоро мутахассисони ботаҷрибаи турк дар муддати як моҳ омӯзиш додаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нахустин автобусҳои “AKIA-AVESTO” ба роҳ мебароянд

Акбаралӣ Ашуров, як корманди ширкати “AKIA-AVESTO”, ки дар марҳилаи сеюми бандубасткунӣ фаъолият дорад ва мегӯяд, кори ӯ аз насб кардани курсиҳо, оинаҳои ҷудокунанда ва камераву мониторҳо иборат аст. Акбаралӣ гуфт, аз ҳамтоёни туркашон омӯзиш гирифтаанд ва ҳоло метавонанд мустақилона дар тавлиди автобусҳо фаъолияти худро бидуни мушкил пеш баранд.

“Агар чунин корхонаҳо дар кишвар бештар шаванд, дар ин ҳолат метавон ҷавонони бекорро бо ҷои кор таъмин кард. Ҳам аз ҳисоби кор дар чунин корхонаҳо маош гирифта зиндагиро таъмин ва ҳам барои пешрафти кишвар саҳм мегузорем”, - гуфт ӯ.

Барномаи омода кардани мутахассисони маҳаллӣ ҳам як ҳадафи дигари ин корхона мебошад. Автобусҳои тавлидкарда дар ин ширкат бар асоси қарордодҳо дар пойтахти Тоҷикистон мусофиркашонӣ хоҳанд кард. Соли гузаштаи 2017 ҳукумати шаҳри Душанбе бар асоси як қарордод бо ҷониби Туркия 64 автобуси тамғаи “Isuzu”-ро аз ин кишвар ворид кард, ки феълан дар хатсайрҳои Душанбе мусофир мекашонанд.

Зимнан, то як соли пеш аксари кулли автобусҳои мусофирбар дар Тоҷикистон сохти русӣ буданд ва мақомот дар гузашта тибқи одат аз замони Шӯравии пешин ба харидории танҳо автобусҳои Русия авлавият медоданд. Ҳатто дар солҳои гузашта дар вилояти Суғд як корхонаи насби автобусҳои сохти Русия фаъол буд, ки сипас варшикаста шуд.

Таъмин ва танзими кори нақлиёти мусоирбар дар пойтахт яке аз мушкилоти деринаи ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Ин мавзӯъ замони раҳбарии шаҳрдори собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев низ ҳамеша матраҳ буд ва масъулини бахши нақлиёт пайваста танқид шунида ё аз кор озод мешуданд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе, ки моҳи январи соли гузашта ба ин мақом расид, низ корашро аз танзими нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз кард.