Интихоботи сарнавиштсози Ҳолланд

Имрӯз, 15 март дар Ҳолланд интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва сокинон ба марказҳои раъйдиҳӣ мераванд, то 150 намояндаи нави парлумони кишварашонро интихоб кунанд. Интизор меравад, ки натиҷаи ин интихобот нишондиҳандаи гароиши афкори умумӣ дар ин кишвар нисбат ба масъалаҳое чун миллигароӣ ва муҳоҷирон бошад.

Пешбинӣ мешавад, ки дар интихобот рақобати аслӣ байни ду нафар, яъне Марк Рютте, нахуствазири феълӣ ва раҳбари ҳизби миёнарави "Мардум барои озодӣ ва демократия" ва Герт Вилдерс, раҳбари "Ҳизби озодӣ" хоҳад буд. Герт Вилдерс -- сиёсатмадори ҷанҷолии ҳолландӣ пуштибони сиёсатҳои зидди муҳоҷират ва зидди ислом аст.

Интизор меравад, ки натиҷаи ин интихобот нишондиҳандаи гароиши афкори умумӣ дар ин кишвар нисбат ба масъалаҳое чун миллигароӣ ва муҳоҷирон бошад.

Тибқи гузоришҳо, Герт Вилдерс, ки тарафдори исломситезӣ дар Ҳолланд аст, тақрибан шансе барои ташкили ҳукумати эътилофӣ дар ин кишвар надорад, зеро аксари аҳзоби ин кишвар эълон кардаанд, ки бо "Ҳизби озодӣ" барои ташкили ҳукумат эътилоф нахоҳанд кард. Вале ба ҳар ҳол, пирӯзии ин ҳизб метавонад барои Аврупо ногаҳонӣ бошад.

Интихоботи рӯзи чаҳоршанбе нахустин интихобот аз се интихоботи муҳим дар соли ҷорӣ дар Аврупо аст, ки метавонад дар таъйини раванди умумии Аврупо таъсиргузор бошад. Ин се интихобот ба вижа пас аз ҳамапурсӣ дар Бритониё барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо баргузор хоҳанд шуд, ки ба навъе назарсанҷии афкори умумӣ дар Аврупо ба шумор меравад. Интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса дувумин интихобот пас аз интихоботи Ҳолланд хоҳад буд ва пас аз он дар моҳи сентябр дар Олмон интихоботи парлумонӣ баргузор хоҳад шуд.

Бар пояи назарсанҷиҳо дар Ҳолланд, ҳизби Марк Рютте ва Герт Вилдерс бо ҳам рақобати танготанг доранд. Аммо бар пояи бархе назарсанҷиҳо, ҳизби нахуствазир Марк Рютте аз ҳизби Вилдерс бо се дарсад, пештоз мебошад. Ин дар ҳолест, ки натиҷаҳои назарсанҷиҳо дар интихоботи парлумонӣ ва ҳамапурсии хуруҷ аз Аврупо ва Бритониё ва ҳамчунин дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар соли 2016, бо натиҷаҳои интихобот фарқ дошт.

Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои ахир таниш миёни Ҳолланд ва Туркия афкори умумӣ дар Ҳолландро таҳти таъсир қарор додааст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар охирини изҳори назараш рӯзи сешанбе нерӯҳои ҳолландӣ таҳти амри Созмони Милали Муттаҳидро муттаҳам кард, ки дар куштори мусалмонон дар Серебренитса дар оғози солҳои 90-и асри гузашта даст доштанд. Дар вокуниш Марк Рютте, нахуствазири Ҳолланд, суханони Раҷаб Таййиб Эрдуғонро "таҳрифи таърихии касиф", хонд.

Дар чанд рӯзи ахир пас аз он, ки Ҳолланд аз баргузории суханронии таблиғотии бархе сиёсатмадорони турк, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ ва вазири кори Туркия ба нафъи ҳамапурсии тағйири Қонуни асосии Туркия дар хоки худ ҷилавгирӣ кард, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ин кишварро ба гароиш ба "фашизм" муттаҳам кард. Хабаргузории Рейтерз мегӯяд, ки тибқи мушоҳидаҳо, таниш бо Туркия ба навъе ба нафъи ҳар ду ҳизби аслӣ будааст.