Нетаняҳу мегӯяд, "тағйири чеҳраи Ховари Миёна" дар ҳоли амалӣ шудан аст

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.

Нахуствазири Исроил аз гуфтугӯи худ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, хабар дод ва гуфт, бо ӯ дар бораи "такмили пирӯзии Исроил" ва муқобила бо иқдомҳои Эрон, суҳбат кардааст.

Бенямин Нетаняҳу дар паёме видеоӣ, ки шоми 15-уми декабр нашр шуд, гуфт, ки сухани соли гузаштааш дар бораи тағйири чеҳраи Ховари Миёна аз сӯи Исроил, дар ҳоли амалӣ шудан аст. Ӯ афзуд, "Сурия ҳамон Сурия нест, Ғазза ҳамон Ғазза нест, ва Эрон, раиси ин меҳвар, ҳамон Эрон нест ва зӯри бозуи моро чашидааст".

Нахуствазири Исроил соли гузашта ду рӯз пас аз ҳамлаҳои ҳафтуми октябр дар мулоқот бо шаҳракнишинҳо дар маҳалли ҳамла гуфта буд, "мо Ховари Миёнаро тағйир медиҳем".

"Ҳамос" дар ин рӯз ба Исроил ҳамла кард ва 1200 исроилиро кушт. Дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун беш аз 46 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Паёми видеоии Бенямин Нетаняҳу дувуми паёми ӯ дар бораи Эрон тайи як ҳафтаи ахир ба шумор меравад.

Бенямин Нетаняҳу дар паёми видеоии нави худ гуфт, ки Исроил барои таъмини субот ва амният дар минтақа ва дар марзҳои худ бо "қудрат" иқдом мекунад, аммо ин ба он маъно нест, ки дигар чолише пешрӯи мо нест".

Ӯ Ҷумҳурии исломии Эронро яке аз таҳдидҳои асосӣ ном бурда буд. Душманӣ миёни Эрон ва Исроил дар як соли ахир ба авҷи худ расида, ду тараф рӯёрӯии мустақими низомӣ оғоз кардаанд.

Эрон дар посух ба ҳадаф қарор гирифтани консулгарии худ дар Димишқ, дар миёнаҳои моҳи апрел бо даҳҳо мушак ва паҳбод ба Исроил ҳамла кард. Эрон ҳамчунин дар аввали моҳи октябри имсол дар вокуниш ба кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари "Ҳамос" дар Теҳрон ва Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар Бейрут, ба Исроил ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.

Исроил рӯзи 26-уми октябр ба Эрон ҳамла анҷом дод ва ба гуфтаи Телавив, 20 нуқтаро дар саросари Эрон бамборон кард. Эрон гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо чор сарбоз кушта шуданд.

"Исроил дар пайи ҷанг бо Сурия нест"

Нахуствазири Исроил дар паёми видеоии худ ҳамчунин таъкид кардааст, ки Телавив "ҳеҷ алоқае ба даргирӣ бо Сурия надорад ва сиёсати худро дар баробари Сурия бо таваҷҷуҳ ба "воқеияти майдонӣ", муайян мекунад.

Исроил дар рӯзҳои гузашта минтақаҳои гуногуни Сурияро бамборон кард ва нерӯҳои низомии худро ба минтақаи "ҳоил" ё "буферӣ" дар хоки Сурия фиристодааст. Ин амалкарди Исроил интиқодҳо ва вокунишҳои байналмилалиро дар пай дошт. Шуморе аз кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ аз ин амали Исроил интиқод карданд.

Нетаняҳу гуфт, ба артиши Исроил дастур додааст, то "таҳдидҳои эҳтимолии Сурияро аз байн баранд" ва монеи наздик шудани "унсурҳои террористӣ" ба марзи ду кишвар шаванд.

Мухолифони Сурия бо раҳбари гурӯҳи "Таҳрир Аш-Шом" рӯзи 8-уми декабр бо вуруд ба Димишқ, ба ҳукумати Башор Асад хотима доданд.

Бенямин Нетаняҳу дар паёми видеоии худ гуфт, ҳукумати Башор Асад "ба Эрон иҷоза дод то "Ҳизбуллоҳ"-ро аз тариқи хоки худ бо аслиҳа таъмин кунад ва Исроил барои "барои такрор нашудани ин амр", даст ба "иқдомҳои фишурда дар рӯзҳои ахир" зад.

Эрон дар солҳои гузашта бо ҳузури низомӣ дар Сурия бар иловаи кумаки ҳукумати Башор Асад, аз Сурия ҳамчун роҳи аслии интиқоли силоҳ ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон истифода мекард.

Рӯзи 14-уми декабр Наим Қосим, раҳбари "Ҳизбуллоҳ" тасдиқ кард, ки ин гурӯҳ масири дарёфти кӯмакҳои низомии худ аз роҳи Сурияро аз даст додааст.

Нетаняҳу бо ишора ба суханони Наим Қосим гуфт, "ин гувоҳи дигаре аст, ки зарбаи сахте ба ҳама меҳвари Эрон задем".