Нетаняҳу хостори ташкили эътилофи минтақавӣ алайҳи Эрон шуд

Дар вақти суҳбати Нетаняҳу садҳо кас дар беруни бинои Конгресс тазоҳурот карданд

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯзи чоршанбеи 24-уми июл дар назди вакилони Конгресси Амрико суханронӣ кард. Дар вақти суҳбати Нетаняҳу гуруҳи зиёди муътаризони тарафдори Фаластин дар беруни бинои Конгресс тазоҳурот карданд.

Нахуствазири Исроил дар суҳбаташ Эронро таҳдиди асосӣ барои амният дар Ховари Миёна ном бурда, хостори таъсиси як эътилофи минтақавӣ алайҳи хатарҳои Эрон шуд.

Нетаняҳу ҳамчунин аз Вашингтон даъват кард, ки раванди интиқоли силоҳ ба Исроилро суръат бахшад, то ин кишвар ба ҳадафҳояш дар ҷанг алайҳи Ҳамос даст ёбад.

Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” беш аз нуҳ моҳ аст, ки дар Ғазза ҷанг доранд. Гуруҳи “Ҳамос” дар Аврупо ва Амрико созмони террористӣ шинохта шудааст.