Нахуствазири Исроил мегӯяд, кишвараш омода аст, амалиёт алайҳи "тундравон" дар Навори Ғаззаро тавсеа бубахшад.
Бенямин Нетаняҳу дар ин бора рӯзи якшанбе (18-уми ноябр) дар нишасти ҳукумати Исроил сухан гуфт. Рӯзи панҷум аст, ки артиши Исроил шиллик ба Навори Ғаззаро ҳам аз ҳаво ва ҳам аз баҳр идома медиҳад. Ҳазорон сарбози исроилӣ бо ҳимояти тонкҳо дар Навори Ғазза таҷаммӯъ карданд ва инро аломате аз омодагии Исроил барои амалиёти заминӣ дар Навори Ғазза медонанд, ки таҳти контроли Ҳамос аст.
Нахуствазири Исроил гуфт, дар зарфи панҷ рӯзи гузашта нерӯҳои кишвараш ба анбори мушакҳои Ҳамос зарбаи сахте задаанд: "Артиши Исроил ба бештар аз 1000 ҳадафи террористӣ дар Навори Ғазза ҳамла карда, айни ҳол амалиётро идома медиҳад. Ба аслиҳаи онҳо, гардонандагонаш ва афроде, ки ин аслиҳаро мефиристанд, зарбаи азиме заданд. Мо ба Ҳамос ва созмонҳои террористӣ сазои сахте медиҳем ва артиши Исроил барои тавсеаи чашмгири амалиёт омода аст."
Бино ба гузоришҳо, рӯзи якшанбе низ ҳамлаҳо ба Навори Ғазза идома кард. Дар ин ҳамлаҳо бинои телевизиони Ҳамос ва дафтари чанд расонаи хориҷӣ осеб дидаанд. Телевизиони Press TV-и Эрон мегӯяд, ба дафтари онҳо ду бор шиллик кардаанд. Исроил мегӯяд, мавҷгирҳоеро ҳадаф гирифт, ки Ҳамос аз тариқи онҳо бо сарбозонаш иртибот мегирад. Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти исроилӣ се мушаки партобшуда аз Ғазза ба қаламрави Исроил бархӯрдаанд. Ду мушакро системаи дифои зиддимушакии Исроил дар фазои Тел-Авив нобуд кардааст. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, аз замони оғози амалиёти Исроил дар Навори Ғазза, аз рӯзи чаҳоршанбе то кунун, 50 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамлаҳои мушакӣ аз Ғазза ба Исроил се исроилӣ ҷон додаанд.
Нахуствазири Навори Ғазза Исмоил Ҳания, рӯзи якшанбе бо Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, телефонӣ сӯҳбат кардааст, ки ӯ саъй дорад, миёни Исроилу Ҳамос созиши оташбас ба даст бияёд. Дафтари Исмоил Ҳания гуфтааст, ӯ тарафдори чунин созиш аст, вале “ба шарти ҷилавгирӣ аз ҳаргуна таҷовузи оянда аз тарафи Исроил”. Дар муқобил Исроил мегӯяд, ба ин шарт ба созиши оташбас розӣ мешавад, ки замонат бидиҳанд, мушакандозӣ аз Навори Ғазза аз сар гирифта намешавад.
Раиси порлумони Эрон Алии Лориҷонӣ аз кишварҳои мусалмонӣ хостааст ба Фаластиниён силоҳ бифристанд. Радиои давлатии Эрон аз қавли Алии Лориҷонӣ гуфт, “вақте Амрико ва Ғарб метавонанд, ба режими саҳюнистӣ ва ё Исроил силоҳ бидиҳанд, чаро набояд ба Фаластин силоҳ дода шавад?” Рӯзи шанбе Иттиҳодияи Араб гуфт, гурӯҳе аз вазирони Иттиҳодияи Араб ба раҳбарии раиси ин созмон Набил ал-Арабӣ на дертар аз рӯзи якшанбе ба Ғазза сафар хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад