Наздикии Русия ва баъзе аз кишварҳои ОМ бо "Толибон" нишонаи чист?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо вуҷуди он ки ҳукумати “Толибон”-ро ягон давлат эътироф накардааст, аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия саъй доранд, ҳамкориҳоро бо Афғонистон бештар кунанд. Ҳафтае пеш як ҳайати “Толибон” дар Форуми иқтисодӣ дар Санкт-Петербург ширкат кард. Русия, ки барои таҷовузаш ба хоки Украина зери таҳримҳои байнулмилалӣ мондааст, талош дорад, “Толибон”-ро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ дар ин кишвар берун кунад.