Додгоҳи Назарзода: "Намояндаи оҷонсӣ ошро хӯрда навор ҳам бардоштааст"

Сайфиддин Назарзода, мудири собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки барои нақзи қонуни танзим муттаҳам мешавад, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шуд. Назарзода аввалин ходими давлатӣ шуд, ки аз рӯи қонуни танзим муҷозот ва аз мақомаш барканор шуд.

Дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 21 сентябр Сайфиддин Назарзода ҳамроҳ бо қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев талош карданд, иштибоҳӣ будани далелҳои Оҷонсии зидди корупсияро собит кунанд.

Назарзода гуфт, намояндаи оҷонсӣ дар туй "ҳам ош хӯрда ва ҳам ба навор бардоштааст", аммо намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ин гуфтаҳоро рад кард ва гуфт, на ӯ ва на ҳамкораш оши ин тӯйро начашидаанд

Ҷониби айбдоркунандаро намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муаррифӣ мекард.

Баҳси аслӣ сари шумораи меҳмонони туйи арӯсии писари Назарзода буд, ки ба бовари мақомот бештар аз андозаи дар қонун муайяншуда буд, вале ба таъкиди худи Назарзода – ҳеҷ хилофи меъёр набуд. Ба ҷараёни мурофиа хабарнигорон бидуни дастгоҳҳои сабти садо ворид шуданд.

Назарзода ба ҳимояти худ гуфт, ки тӯи “оши наҳор”-ро, ки аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сабт шуда буд, қудояш – падари арӯс ташкил кард ва худи ӯ дар ин маърака меҳмоннавоз буд ва дар назди дар меҳмононро “хушомадед” мегуфт.

Оши наҳори даъвоӣ ва наворҳои такрорӣ

Назарзода гуфт, ки дар маъракае, ки дар хонаи домод гузашт, 50 нафар ва дар “оши наҳор”-и хонаи арӯс 70 нафар даъват шуд. Тоҷиддин Ҳабибуллоев қудои Назарзода ҳарфҳои ӯро тасдиқ мекард ва дар ҷараёни муофиа аз ҷумла бо як савол ба намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат кард, ки "чӣ гуна кормандони ин сохтор бидуни ҳузури намояндаҳои бахши танзими Кумитаи дин ҷараёни туйро пинҳонӣ сабт кардаанд?"

Назарзода гуфт, намояндаи оҷонсӣ дар туй "ҳам ош хӯрда ва ҳам ба навор бардоштааст", аммо намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ин гуфтаҳоро рад кард ва гуфт, на ӯ ва на ҳамкораш оши ин тӯйро начашидаанд.

Сайфиддин Назарзода

Сайфиддин Назарзода гуфт, намояндаҳои оҷонсӣ бархе меҳмононро такрорӣ сабт карда дар видео шумори меҳмонони маъракаро бештар аз андозае намоиш додаанд, ки қонуни танзим талаб мекунад. Вале корманди оҷонсӣ дар додгоҳ исрор меварзид, ки назораи онҳо дар беруни дарвоза ва ҳам дар дохил нишон медод, ки теъдоди меҳмонон бештар аз шумораи дар қонун пешбинишуда будааст.

Қазияи Назарзода, ки баъди баргузории тӯи арӯсии писараш ба додгоҳ рафт, яке аз аввалин ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудани як мансабдори давлатӣ барои нақзи қонуни танзим мебошад. Сайфиддин Назарзода рӯзи 15 август, як ҳафта баъди пахши барномаи телевизионӣ, ки ӯро дар нақзи қонун муттаҳам мекард, аз мақоми мудири Китобхонаи миллӣ барканор шуд.

“Назарзода талош дорад бегуноҳиашро собит кунад”

Дар бораи нақз шудани Қонуни танзим дар туйи писари Сайфиддин Назарзода, он замон директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон шоми 8 август дар як гузориши телевизионӣ, ки аз сӯи Агентии зидди фасод таҳия шуда буд, хабар пахш гардид. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки Сайфиддин Назарзода дар оши наҳори туйи писараш аз меъёр зиёд одам даъват кардааст. Баъди як ҳафтаи пахши ин гузориш Назарзода аз мақоми раисиаш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор шуд.

Аммо Сайфиддин Назарзода аз оғоз иттиҳоми Агентии зидди фасод дар бораи вайрон кардани қонуни танзимро қабул накард ва талош дорад дар додгоҳ бегуноҳ будани худро собит кунад.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз сохтмонҳои наву боҳашамати солҳои охир аст