Аъзои хонаводаи раисҷумҳури пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, то ҳол аз шахсони сарватманд дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Онҳо ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар хориҷ аз он соҳиби тиҷорат ва хонаву даранд.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ ба таҳқиқи амволи хонаводаи Назарбоевҳо дар Алмаато оғоз кард ва дар ноҳияи Бостандиқ чанд қасру ҳавлии онҳоро ёфт. Ин хонаҳои боҳашамат, ки ба Нурсултон Назарбоев, се духтар ва бародарзодааш тааллуқ доранд, дар доманакӯҳҳо, дар болои хиёбони Ал-Форобӣ ва дар 135 гектар замин, ҷойгиранд.
Мақомоти Қазоқистон соли 2001 тасмим гирифтанд, ки дар доманакӯҳҳои Алмаато боғе бисозанд. Онҳо мавзеи зебоеро интихоб карданд: 61 гектар замин дар тарафи рости роҳе, ки ба дараи Алма-Арасан мебарад. Боғи нав бояд "Асри 21" ном мегирифт.
Сохтмони боғи нав даҳ сол кашол ёфт. Онро тобистони соли 2011 кушоданд ва "Боғи Президенти Нахустини Қазоқистон" ном ниҳоданд. Аммо бисёре аз одамон намедонанд, ки дар канори боғ, дар заминҳои алоҳида, ҳавливу кушкҳои президенти пешин ва пайвандонаш ҷойгир шудаанд.
Қасру замини Динора, Алия ва Дариға
Қитъаи аввалини замин ва қасрҳои он ба Динора Қулибоева, духтари миёнаи Нурсултон Назарбоев, тааллуқ дорад. Масоҳати он 74 ҳазору 149 метри мураббаъ ё тақрибан 7,5 гектар аст.
Ин мавзеъ бо клуби голф ва осоишгоҳи "Оқжетпес", ки дар ихтиёри Дастгоҳи президенти Қазоқистон аст, "ҳамсарҳад" мебошад. Тасвирҳои муқоисавӣ аз Google Earth баёнгари онанд, ки дар ҷойи ду хонаи кӯҳна биноҳои нав, аз ҷумла ҳавзи сунъӣ, пайдо шудаанд. Хона ва замин ба Динора Қулибоева тааллуқ дошта, шавҳараш Тимур Қулибоев дар он сабтином шудааст. Аммо дар замимаҳои мобилии "2GIS" ё "Яндекс. Харита" ин суроғаҳо нишон дода намешаванд.
Тибқи гузориши маҷаллаи Forbes, сарвати якҷояи Динора Қулибоева ва шавҳараш Тимур Қулибоев 5,8 миллиард доллар аст ва онҳо аз оилаҳои бойтарини Қазоқистон ба ҳисоб мераванд.
Қитъаи дигари замин бо масоҳати 2,8 гектар ба духтари хурдии президенти собиқи Қазоқистон Алия Назарбоева ва шавҳараш Димаш Досанов марбут аст. Пештар дар инҷо хонае буд, ки бомаш сурх буд. Биноро соли 2019 вайрон карданд, аммо ҳанӯз чизе насохтаанд.
Ҳамсояи Динора ва Алия, тавре тахмин мезанед, духтари калонии раисҷумҳури собиқ Дариға Назарбоева аст. Ба ӯ чаҳор қитъаи замин тааллуқ дорад, аммо се қитъаи он ба номаш сабт шудааст. 2,4 гектар замини дигар барои сохтмони манзил ба ширкати DLS Group тааллуқ дорад. Чанд сол пеш Дариға Назарбоева ба ҳайси муассиси ягонаи ширкат сабт шуда буд. Чун дар гузашта ва ҳоло шахсе бо номи Сергей Ричков мудири корхона номбар шудааст, бинобар ин, эҳтимол дорад, муассиси ширкат ҳам тағйир наёфта бошад.
Тавре ки пештар Радиои Озодӣ хабар дода буд, DLS Group барои бо нархи арзон харидани меҳмонхонаи "Думан" аз "КазМунайГаз" ба Дариға Назарбоева ва шавҳари эҳтимолии ӯ Ғайрат Шарипбоев "кумак" кардааст.
Масоҳати се қитъаи замини аввал тақрибан шашуним гектарро ташкил медиҳанд. Қасри калонтарин, ки ба номи Дариға сабт шудааст, дар 4,6 гектар сохта мешавад. Сохтмони он соли 2018 оғоз шуда буд.
"Хонаи калони падар"
Дар як саф бо хонаи Алия, Динора ва Дариға дар харита қитъаи калони заминро дидан мумкин аст. Масоҳаташ тақрибан 13 гектар аст, ҳарчанд дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ниме аз онро навиштаанд. Шояд сабабаш он аст, ки замин ба раисҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тааллуқ дорад. Атрофи хонаро девори ғафсе иҳота кардааст. Дар майдон ҳавзи сунъӣ ва майдони теннис мавҷуд аст.
Далелҳо баёнгари онанд, ки дар ин хона пештар котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон Динмуҳаммад Кунаев зистааст. Ин хона дар тавозун ё баланси ҳукумат буд. Нурсултон Назарбоев соли 1989, баъди таъин шудан ба мақоми котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон, дар он ҷойгир шуд.
Дар тарафи ҷанубии хона, дар роҳи кӯҳсор, боз як қасри азим ҷойгир аст. Майдони кушки яктабақаӣ қариб 2350 метри мураббаъ мебошад. Сохтмони қаср тобистони соли 2016 оғоз шуда, соли 2018 анҷом ёфт. 8,5 гектар замин ва хонаҳо дар тавозун ё баланси "Дирексияи идораи амволи ғайриманқул" қарор доранд ва муассиси он Бунёди Элбасӣ аст. Бунёди Элбасӣ ба Нурсултон Назарбоев тааллуқ дорад.
Тасвирҳо бозгӯйи онанд, ки қасри Назарбоевро ба наздикӣ сохтаанд. Дар ҳудуди он ҳавзи сунъӣ, хонаи чӯбӣ ва ду ҷойи фурудоии чархболҳо ҳаст.
Дар пушти "Алмали" кӣ меистад?
Таҳқиқоти Радиои Озодӣ нишон дод, ки тақрибан 85 гектар замини боқимонда ба ширкати “Алмалӣ” мутааллиқ аст.
Таърихи пайдоиши ширкат ба давраи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар соли 1998 бармегардад. Он замон Шуъбаи хоҷагии назди президент ва ҳукумати Қазоқистон ба ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи "ХОЗУ" табдил дода шуда, бисёре аз биноҳову иншоот, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва боғчаҳо, аз ҷумла совхози машҳури "Олатау" дар Алмаато ба ихтиёри он гузаронида шуданд.
Ҷамъияти саҳомии 100 дарсад давлатӣ баъдтар ба як ширкати маҳдуди хусусӣ бо номи "Корпоратсияи Хозу" табдил ёфт. Ҳамин тариқ, даҳҳо гектар замин ва иншооти бешумори он хусусӣ карда шуданд. Корпоратсияро ёвари Назарбоев, Владимир Ни, раҳбарӣ мекард. Пас аз марги Ни дар соли 2010, корпоратсия “Алмалӣ” номида шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба молиёт ё андози пардохтшуда даромади солонаи корпоратсия тақрибан 16 миллиард тангаи қазоқиро ташкил медиҳад. Яке аз ду муассисе, ки Корпоратсияи “Алмали”-ро идора мекунанд, Noord Holland Trading Company b.v. як ширкати офшорӣ аст, ки дар Ҳолланд сабтином шудааст.
Муассиси дуюми Корпоратсияи "Алмали" Vertex Holding мебошад. Он ба миллиардер Владимир Ҷуманбоев, узви Шӯрои мудирони “Қазоқмис” тааллуқ дорад. Владимир Ни то маргаш раиси шӯрои мудирони ширкати "Қазоқмис" буд. Ба ин тартиб, поёни ҳалқа ба атрофиёни Назарбоев мебарад.
Корлан Шарипбоеваи 37-сола, духтари Қайрат Шарипбоев, шавҳари эҳтимолии Дариға Назарбоева, соли гузашта дар ин минтақа як қитъаи замин харид. Қайрат Шарипбоев раиси раёсати ширкати миллии “ҚазТрансГаз” буд ва баъд аз ҳодисаҳои моҳи январи имсол ин мақомро аз даст дод.
Дар майдони наздик ба се гектар сохтмон идома дорад. Маълум шуд, ки бинокорон хонаи нав месозанд. Ин қитъа соли 2020 бо қарори додгоҳ ба ихтиёри ҳукумати Алмаато ва баъдан то охири соли 2023 ба идораи президенти Қазоқистон дода шуд.
Маълум шуд, ки пудратчии сохтмон ширкати швейтсарии B&A Contractors аст. Он ба ҳайати ширкати Mabetex Group дохил мешавад, ки то ин дам чанд супориши давлатиро дар Қазоқистон иҷро карда, аз ҷумла хонаи порлумон, фурудгоҳ, театри опера ва балет ва як қатор биноҳои дигарро сохтааст.
Дар дастгоҳи президенти Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин қитъа тарҳҳое барои эҳтиёҷи давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Каме дуртар заминҳои корпаратсияи "Алмали"-ро дидан мумкин аст. 46 гектари он барои корҳои хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудааст. Онҳоро Citic Orchards ба иҷора гирифтааст. Дар паси он Citic Agriculture ва Agriland, як ширкати қазоқӣ, меистад, ки дар Сингапур сабти ном шудааст. Муассисони Agriland се шарики домоди раисиҷумҳури собиқ Тимур Қулибоев мебошанд. Дар зимн, 43 гектар замини инҷоро дар бонки RBK ба гарав гузоштаанд.
Қасри "ҳамсар"-и Сотиболдӣ
Аъзои оилаи Назарбоевҳо дар қисми болоии минтақа, ду километр дуртар аз "Боғи Президенти Нахустини Қазоқистон", ҳам замин гирифтаанд. Дар онҷо панҷ коттеҷи калон, як хонаи якошёна ва сохтмони дигаре ҳаст. Боз 15 қитъаи замин ба сохтмон тайёр карда шудааст. Сарфи назар аз он ки ҳар як қитъаро ҷудогона ба қайд гирифтаанд, ба назар мерасад, соҳиби ҳамаи қаламрав як шахс аст. Масоҳати умумии он 12,5 гектарро ташкил медиҳад.
Дар марказ як қасри калоне ҳаст, ки аз дигарон фарқ мекунад. Он баланд ва аз се қисм иборат аст. Радиои Озодӣ бо истифода аз як барномаи махсус ҳисоб кард, ки дарозии хона 90 метр ва бараш 20 метр мебошад. Масоҳати ошёнаи якуми хона тақрибан ду ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мошинҳо бо роҳи зеризаминӣ ҳаракат мекунанд.
Дар саҳни ҳавлӣ юрти сафед гузоштаанд. Майдони бозии бачагон ва як ҷойи фурудоии чархболҳо низ ҳаст.
Дар яке аз 15 қитъаи холии замин сохтмон босуръат давом дорад. Аз пойдевораш маълум аст, ки хонаи нав низ хеле калон хоҳад буд. Пештар дар ин мавзеъ фермаи ширӣ воқеъ буд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар ин ҷо "шасхи баландмақоме аз Кумитаи амнияти миллӣ" хона месозад.
Радиои Озодӣ маълум кард, ки соҳиби расмии замин Ассел Бахтияр-қизӣ аст. Овозаҳое ҳастанд, ки ӯ "зан"-и бародарзодаи Нурсултон Назарбоев Қайрат Сотиболдӣ аст. Ба ин тартиб, эҳтимол "шахси баландмақом аз Кумитаи амнияти миллӣ” Қайрат Сотиболдӣ бошад. Ҷияни Назарбоев воқеан тақрибан 9 сол дар ин идора кор кардааст.
Қайрат Сотиболдӣ яке аз сарватмандони Қазоқистон аст. Маҷалали Forbes соли 2018 дороии ӯро 163 миллион доллар арзёбӣ карда буд.
Сотиболдӣ се сол пеш расман саҳмияҳои худро дар ширкати Kaspi.kz фурӯхт. Аммо дороиҳои умумии Skyline Investment Company S.A., ки дар Люксембург ба номи ӯ сабт шудааст, дар соли 2018-ум 266 миллион долларро ташкил додааст. Сотиболдӣ қаблан тавассути ин ширкат 24 дарсади саҳмияҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком"-ро харидааст.
Аксар қасру коттеҷҳои хонаводаи Назарбоевҳо аз ҷониби Хадамоти давлатии муҳофизатӣ ҳимоят карда мешаванд. Ин ба он далел аст, ки қонуни конститутсионӣ дар бораи “президенти нахустин - пешвои миллат” ҳимояти Назарбоев ва аъзои хонаводаи ӯро пешбинӣ карда, дахлнопазирияшонро замонат додааст.
Радиои Озодӣ ба Нурсултон Назарбоев, аъзои хонаводаи ӯ ва ниҳодҳои давлатӣ дархост фиристода, пурсидааст, ки хонаводаи раисҷумҳури пешин чӣ гуна ин сарватҳоро соҳиб шудаанд? Ҳанӯз посух нест.