Навоз Шариф ғолибан сарвазири ояндаи Покистон мешавад

Навоз Шариф

Ҳукумати ояндаи Покистонро зоҳиран сарвазири собиқ Навоз Шариф ташкил хоҳад кард.
Чунин аст як натиҷаи интихоботи саросарии 11 май, ки мизони ширкати мардум дар ин раъйгирӣ бо вуҷуди хушунатҳои Толибон хеле баланд таъриф мешавад.

Бино ба натоиҷи ғайрирасмӣ, ҳизби Лигаи мусалмонони Навоз Шариф алакай 130 курсӣ аз 342 курсии Маҷлиси Покистонро ба даст овардаааст ва ба эҳтимоли ғолиб дар парлумони оянда қисме аз вакилони мустақилро низ ба тарафи худ кашида, ба назорати аксарияти маҷлис даст хоҳад ӣфт. Ин ба чунин маъност, ки Навоз Шариф то чанд рӯзи дигар барои бори севум ба курсии сарвазири Покистон хоҳад нишаст.

Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, дар интихоботи рӯзи шанбе ҳудуди 60 фоиз аз 86 миллион нафари соҳиби ҳаққи райъ дар Покистон раъй додаанд. Дар интихоботи соли 2008 мизони ширкати мардум 44 дарсад буд.


Як ҳавзаи раъйдиҳӣ дар Мингора

Бино ба хабарҳо, дар силсилаи ҳамлаҳо тақрибан 20 нафар кушта шуданд, вале ин раъйгирӣ як нуқтаи атфе дар таърихи Покистон шуд, чунки ҳукумати қаблӣ нахустин ҳукумате дар 66 соли таъсиси ин кишвар буд, ки тавонист давраи панҷсолаи раҳбариашро пурра тай кунад ва зимоми умурро ба як маъмурияти дигари дар интихобот баргузидашуда месупорад.

Аз замони касби истиқлоли Покистон дар соли 1947, идораи ин кишвар тақрибан нисфи ин муддат дар дасти низомиҳо буд, ки 3 дафъа тавассути табаддулоти низомӣ ҳукуматҳои мулкиро барканор карда, қудратро ба дасти худ гирифтанд. Аммо бо ин вуҷуд, ки 5 соли охир Покистон таҳти султаи кобинаи мулкӣ қарор дошт, низомиёни покистонӣ ҳамчунон як ниҳоди пурнуфуз дар ин кишвар боқӣ мемонанд.

Натоиҷи муқаддамотӣ мегӯянд, ки ҳизби Лигаи мусалмонони Навоз Шариф аз касби аксарияти курсиҳои Маҷлиси миллӣ фақат андаке кӯтоҳ омадааст ва барои ташкили кобина бояд бо гурӯҳҳои дигари сиёсӣ эътилоф биҷӯяд.
Агар Навоз Шариф ба ташкили чунин эътилоф муваффақ шавад, барои бори севум ба курсии сарвазирӣ хоҳад нишаст. Ӯ солҳои 1990-1993 ва 1997-1999, яъне то кудатои бехуни низомии Парвиз Мушарраф, сарвазир буд. Ҳизби ӯро як ташаккули рӯ ба бизнес муаарифӣ мекунанд.

Натоиҷи ғайрирасмии шумориши оро ҳокист, ки ҷунбиши Таҳрики инсофи ситораи собиқи варзиши крикет Имронхон низ ҳимояти қавиеро ба даст оварда, ғолибан як фирқаи ҷавони пурқувватро дар парлумони ҷадид ташкил хоҳад дод. Ҳизби мардумӣ ва ҳизби миллии Авомӣ- ташаккулҳои асосии эътилофи қаблии ҳоким – ба маҳзи норизоияти мардум аз тарзи идораи давлат дар 5 соли гузашта зоҳиран шикасти бузург хӯрдаанд.

Навоз Шариф дар паёми пирӯзиаш дар Лоҳур ба ҳамкории нирӯҳои сиёсӣ ба хотири ҳалли мушкилоти зиёди Покистон даъват кард: “Ба хотири кишвар, ба хотири шумо, ба хотири 180 миллион мардуми Покистон, ба хотири поён додан ба ин ҳама барқкушӣ, таваррум ва бекорӣ, ман аз онҳо даъват мекунам, ки биоянд ва бо мо бинишинанд.”


Навбати овоздиҳӣ дар Мироншоҳ

Интихоботи Покистон дар пасманзари норозигии фарогири покистониҳо аз раҳбарии бесамар, фасод, камбуди пайвастаи нирӯи барқ ва пасрафти иқтисодии ин қудрати ҳастаии Осиёи ҷанубӣ доир шуд. Интизор меравад, ҳукумати нави Покистон барои раҳоии кишвар аз вартаи варшикастагӣ ба хотири дарёфти кумаки молии чандмиллиарддолларӣ бо Сандуқи байналмилалии пул вориди музокирот шавад.

Покистон, ҳамин тавр, ба ҳамлаҳои пайвастаи ҷангиёни Таҳрики Толибон, ки сарнагун сохтани ҳукумати дунявиро ба ҳадаф дорад, ва ҳам бо ҷунбишҳои ҷудоиталабу мазҳабӣ рӯбарӯст. Исломобод ҳамчунин таҳти фишори Амрико қарор дорад, ки мехоҳад ин муттаҳиди стротегиаш дар ҷанг алайҳи террор ҷангиёнро саркӯб карда, бо истифода аз нуфузаш ба Вошингтон дар амри ҳалли низоъ дар Афғонистони ҳамсоя кумак кунад.

Миёнмуҳаммад Навоз Шарифи 63-сола як тоҷири пӯлод аз вилояти Панҷоб аст. Ӯву ҳизбаш дар радифи ҳизби мардумии раисиҷумҳури кунунӣ Осифалӣ Зардорӣ ва сарвазири фақид Беназир Бҳутто аз бозигарони собиқадор дар саҳнаи сиёсии Покистон ба шумор меравад.

Маҳз дар аҳди сарвазирии Навоз Шариф дар соли 1998, Покистон нахустин озмоиши таслиҳоти ҳастаияшро доир карда буд. Ӯ соли 1999 дар натиҷаи табаддуллоти низомие, ки фармондеҳи артиш генерал Парвиз Мушарраф барпо кард, баркагор шуда, то бозгашти дуборааш ба Покистон дар соли 2007 чандин солро дар Арабистони Саудӣ ба сар бурд. Ҳизби ӯ дар интихоботи соли 2008 ҷои дувумро гирифта буд.

Дар интихоботи рӯзи 11 май дар баробари 342 вакили парлумони Покистон, вакилони маҷлисҳои 4 вилояти Хайбар-Пахтунхва, Панҷоб, Синд ва Балуҷистонро низ интихоб карданд. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини амнияти раъйгирӣ беш аз 600 000 маъмури амниятӣ басиҷ шуда буд. Толибон интихоботҳоро зиддиисломӣ хонда, радд мекунанд ва хушунатҳои пешазинтихоботӣ дар Покистон, бино ба бархе ҳисобҳо, ҳудуди 130 кушта ба ҷо гузошт.