Як ҳафта баъди муноқишаи байни деҳоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, сокинони ин манотиқ Наврӯзро пешвоз мегиранд.
Дар сӯҳбатҳову рӯҳияи мардум эҳсос мешавад, ки осори ҳаводиси 13 ва 14-уми марти соли ҷорӣ ҳанӯз зудуда нашудааст. Баробар бо табрики наврӯзӣ, мардуми маҳаллӣ аз зарурати сулҳу осоиш ва амнияту оромӣ дар минтақа сӯҳбат мекунанд.
Бо ин ки аксарият дар бораи эҳтиром ба ҳамдигар ва ҳамзистии дӯстонаву наздик сӯҳбат мекунанд, базудӣ ҳал шудани масъалаи хатти марзи байни ду кишварро калиди мушкилот арзёбӣ мекунанд
Дар ҳодисаҳои ахир дар муноқишаи марзӣ 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Қирғизистон осеб диданд. Мухолифати сокинони деҳоти тоҷикнишин бо сохтмони роҳе дар манотиқи баҳсии сарҳадӣ бо Қирғизистон боиси сар задани моҷаро шуд. Ҳарду ҷониб ҳам қаламравҳоро моли кишвари худ меноманд.
Комиссиюни байниҳукуматии ду кишвар қарор кард, ки ин ҳодисаҳоро санҷида ба он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад, додситонҳо 7 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла ҳодисаҳои кушторро муштаракан таҳқиқ мекунанд.
Моҷаро дар минтақае бархост, ки давоми даҳсолаҳо макони зисти наздик ва девор ба девори намояндагони ҳарду кишвар аст. Сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон ва Оқсои Қирғизистон мегӯянд, мушкили аломатгузории марз дар ин минтақа ҳар сари чанд вақт боиси сар задани ихтилофҳо мешавад. Айни замон, аксари ин сокинон мегӯянд, ки танҳо сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ калиди зиндагии осоиштаву дӯстона мебошад ва ҷонибдор нестанд, ки ҳодисаҳои нохуш такрор шаванд. Бо ин ки аксарият дар бораи эҳтиром ба ҳамдигар ва ҳамзистии дӯстонаву наздик сӯҳбат мекунанд, базудӣ ҳал шудани масъалаи хатти марзи байни ду кишварро калиди мушкилот арзёбӣ мекунанд.
Рӯзи 20 март, дар остонаи таҷлили иди Наврӯз гурӯҳи хабарнигорони бахши тоҷикӣ ва қирғизии Радиои Озодӣ – Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Медер Ниёзалиев ва Ҷениш Айдаров аз деҳоти Хоҷа Аълои Тоҷикистон ва Тош Тумшуқи Қирғизистон дидан карда, ормону хостҳои мардуми ин маконро аз забони сокинони маҳаллӣ шуниданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад